Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони мактабҳои таълимии шаҳри Душанбе 3471 нафар иштирок намуданд

Дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони мактабҳои таълимии шаҳри Душанбе 3471 нафар иштирок намуданд Дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони мактабҳои таълимии шаҳри Душанбе 3471 нафар иштирок намуданд

5 января 2022 08:01

Количество просмотров: 4346

   Бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ ва ташвиқи онҳо ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ санаи 3 ва 4 январи соли 2022 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фанни хонандагон ташкил ва баргузор карда шуд иттилоъ додан аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
   Олимпиадаҳои мазкур байни хонандагони синфи 5-6, 7-8, 9-11 аз рӯи 13 фанни таълимӣ дойир гардид ва дар он 3471 нафар хонандагон ширкат варзиданд, ки бомуваффақият дар даври ноҳиявии он ғолиб омада буданд.
  Дар Олимпиада хонандагон аз рўйи шартҳои санҷиши дониши назариявӣ (санҷиши тестӣ) ва иҷрои корҳои амалӣ байни ҳам рақобат намуданд. Ба донишу маҳорати иштирокчиёни Олимпиада ҳайати ҳакамон, ки аз устодону омӯзгорони соҳибтаҷриба иборат аст, баҳогузорӣ менамоянд.
Баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон натиҷаи Олимпиада муайян шуда, ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардида, барои иштирок ба даври ҷумҳуриявии Олимпиада роҳхат хоҳанд гирифт.

https://www.facebook.com/groups/1583448378502965/?hoisted_section_header_type=recently_seen&...

https://khovar.tj/2022/01/dar-davri-sha-rii-olimpiadai-fannii-honandagoni-maktab-oi-talimii-sha-ri-d...