Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва Технологияи иттилоотӣ оғоз гардид

15 апреля 2022 02:04

Количество просмотров: 3512

 278397689_526479045534438_7456992659564149718_n.jpg

15-уми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Абдулзода Зиёдулло, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.  

278328440_526479032201106_1203947979853988053_n.jpg 278286321_526479025534440_1434706811834875476_n.jpg

Нахуст, Ҷ. Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронии хеш иброз дошт, ки соҳаи маориф ва илм дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, ин таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ ва дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод мебошад. Имрӯз иқтисодиёти муосир ҳарчи зиёд ба мутахассисоне, ки дониши амиқ ва қобилияти навоварӣ доранд, эҳтиёҷ дорад. Аз ин сабаб, яке аз вазифаи афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф таъсиси низоми муассири таҳсилот, муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод мебошад. Барои ҳалли масъалаҳои мазкур дар ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои хонандагони болаёқат, аз  ҷумла, мактабҳои Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд, литсей ва гимназияҳо ташкил гардидааст, ки  муассисаҳои таълимии мазкур дар рушди қоблияти истеъдодҳо нақши бузург доранд. 
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди ҳаракатҳои олимпӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд намуда, барои зинаҳои 2 ва 3-юми таҳсилот шумораи онро аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ (номӣ, даставӣ ва лоиҳавию ихтироъкорӣ) ба 24 адад расонид. Имрӯз дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.04.2022, №452 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ доир мегардад, ки дар он 818 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 567 хонанда ва аз мактабҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназия) 251 хонанда иштирок менамоянд,- қайд кард муовини якуми вазири маориф ва илм.
С. Ҷаъфарзода - директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ зикр намуд, ки манзалати ин олимпиада хеле баланд аст, зеро он даври ниҳоии ин маъракаи илмию таълимӣ буда, барои то ин зина расидан хонандагон дар се марҳалаи аввалаи он комёб шудаанд. 
- Шаффофияти олимпиада ва арзёбии донишу маҳорати иштироккунандагони он аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. Баҳогузорӣ ба кори довталабон бе ягон хел тақаллубу ноадолатию воситагирӣ анҷом дода хоҳад шуд,-зикр кард номбурда. 
Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд. 
Лозим ба ёдоварист, ки рӯзҳои 2-3 апрели соли ҷорӣ дар дар ҳамин муассисаи таълимӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардида буд, ки дар он 553 нафар хонанда иштирок намуд, ки аз ин шумора 291 (52,6%) нафар аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 242 (43,8%) хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии типи навро ташкил дод.
Натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳои мазкур нишон дод, ки аз шумораи умумии иштирокчиён 192 (34,7%) нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла 28 нафар (14.5%) сазовори медали тилло, 52 (27%) нафар сазовори медали нуқра ва 112 (58,3%) нафар сазовори медали биринҷӣ гардидаанд. 
Мавриди тазаккур аст, ки вобаста ба ғолибият (яъне сазовор шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ) дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ ба хатмкунандагони синфи 11 барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол имтиёз муқаррар гардидааст, ки ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба бали гирифтаи онҳо илова карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки раванди санҷиши маводи олимпиадаҳои фаннӣ ва натиҷаҳои он санаи 16-17-уми апрел эълон гардида, маросими ҷоизасупории ғолибон санаи 18-уми апрел дар “Кохи Суруш” доир мегардад. 

278390864_526480855534257_5115633635793961638_n.jpg