Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дар Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» доир гардид

23 августа 2021 02:08

Количество просмотров: 12573

22 август дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» баргузор гардид, ки иштирокчиёни он аз рӯйи синн ба се гурӯҳ – кӯдакони аз 10 то 12-сола, наврасони 13-15-сола ва аз 16 то 19-сола ҷудо гардиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии «WRO-2021»  бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ  шуданд.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  иттилоъ доданд, олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» дар ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии робототехника «Лигаи роботҳо» ва Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид.

Даври интихобии олимпиадаи мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои эҷодкоронаи хонандагон, афзудани шавқмандии онҳо ба фаъолияти илмӣ-техникӣ, ҳалли вазифаҳои мубрами фаннӣ-инженерӣ, баланд бардоштани ҳайсияти касбҳои марбут ба соҳаи фановариҳои иттилоотӣ миёни ҷавонон, ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба навовариҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои дастгирии кӯдакони лаёқатманд дар соҳаи робототехника гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар Тоҷикистон барои дарёфти кӯдакони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои кашфношуда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самти робототехника баргузор мешаванд.

239066981_380780646770946_3692070695188004019_n-1.jpg  237144532_1358326397962224_6928820431205799074_n.jpg

https://khovar.tj/2021/08/dar-dushanbe-davri-intihobii-olimpiadai-bajnalmilal-dar-samti-robototehnik...