Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар соли 2022 қадрдонӣ гардиданд

4 апреля 2022 04:04

Количество просмотров: 4036

Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 11) дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Қутбиддин Муҳиддинзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидон ва ғолибони Олимпиадаи фаннӣ иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ин соҳа дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ омаданд.

«Пешрафти ҳар давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони кишвар сахт вобаста буда, айни замон илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст», — тазаккур дод ӯ.

Мавсуф зикр намуд, ки агар то соли 2010 дар ҷумҳурӣ як Олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 11) гузаронида мешуд, айни замон 24 намуди олимпиадаҳо барои зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот, аз ҷумла синфҳои 5-6, 7-8,9-10 ва 11 дар алоҳидагӣ олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор карда мешаванд.

Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти истеъдодҳо ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ихтироъкорӣ озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм- фурӯғи маърифат» ва олимпиадаҳои фаннӣ баргузор мегарданд.

Сипас аз ҷониби Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Қутбиддин Муҳиддинзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11 аз фанҳои физика, биология, химия, география ва математика сипосномаву диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

2-3 апрел дар Мактаби байналмилалии Президентӣ даври ҷумҳуриявии Олимпиада аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, Олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, Олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ Сино, Олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ, Олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав  барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар олимпиадаҳои мазкур 533 нафар хонанда,  аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 291 нафар хонандагон ва аз мактабҳои шакли нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 242 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Аз ҳисоби 533 иштирокчии олимпиадаҳои фаннӣ 192 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (28 медали тилло, 52 медали нуқра, 112 медали биринҷӣ) гардиданд. Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои мазкур хонандагони шаҳри Душанбе бо гирифтани 72 ҷойи ифтихорӣ (16 ҷойи якум, 28 ҷойи дуюм, 28 ҷойи сеюм) сазовори мақоми якум, вилояти Суғд бо 56 ҷойи ифтихорӣ (6 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм, 31 ҷойи сеюм) мақоми дуюм, вилояти Хатлон бо 37 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 31 ҷойи сеюм) мақоми сеюм шуда, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 24 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи сеюм) гардиданд.

Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои мазкур ноҳияи Сино бо гирифтани 31 ҷойи ифтихорӣ (7 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 13 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Шоҳмансур бо гирифтани 15 ҷой (3 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 4 ҷойи сеюм), ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 15 ҷой (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 7 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи дуюм, шаҳри Ҳисор 13 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 10 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи сеюм гардида, сегонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳо дар олимпиадаҳои мазкур дониста шуданд.

Дар олимпиадаҳои мазкур филиали литсей-интернати тоҷикӣ- русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор бо гирифтани 8 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) мақоми якум, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм), мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара 6 ҷой (1 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм), литсейи № 2 –и шаҳри Душанбе 6 ҷой (1 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) мақоми дуюм, литсейи № 1 – шаҳри Исфара 5 ҷой (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм), литсейи физикӣ – математикии № 1-и шаҳри Хуҷанд 5 ҷой (5 ҷойи сеюм) мақоми сеюмро соҳиб гардида, беҳтарин муассисаҳои таълимӣ дониста шуданд.

Ҳамзамон шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исфара, Ҳисор, Исмоили Сомонӣ, Данғара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои мазкур ба даҳгонаи аввал дохил гардиданд.

oliboni-davri-um-uriyavii-olimpiada-oi-fann-az-fan-oi-tabi-riyoz-dar-soli-2022-adrdon-gardidand-2.jpg

Сифати иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои мазкур аз шаҳри Душанбе 57,6% , вилояти Суғд 43,4 %, ШНТҶ 30 %, вилояти Хатлон  22,2 %, ВМКБ 9 %-ро ташкил дод.

Барои хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб омаданд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муқаррар гардидааст, ки ин ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба холҳои бадастовардаи онҳо илова мегардад.

Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,
корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ