26 февраля 2021 12:02
Количество просмотров: 16481
Бахшида ба 21 - умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони ба номи Исмоили Сомонӣ, имрӯз 26 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" чорабинии тантанавии қабули аъзоён ба сафи созмони хонандагон, зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” бо иштироки як қатор меҳмонон – омӯзгорони собиқадор ва хонандагону омӯзгорони муассиса баргузор гардид.