Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Иншои беҳтарин ва расми беҳтарин озмун бахшида ба Рӯзи пойтахт

Хонандагоне, ки аз МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар озмуни Иншои беҳтарин ва расми беҳтарин  бахшида ба Рӯзи пойтахт доир гардида буд  ба чунин  дастовар ноил шуданд: 1. Азаматзода Тахмина синфи 9А иншо 1 ҷойи аввал 2. Акобирова Рамзия 11В иншои беҳтарин 3. Фариштаи Фатҳудин синфи 8 Е расми беҳтарин

Барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2021 – 2022 аз Литсей-интернати Президентӣ

Дар таърихи 16-уми апрели соли 2022 дар толори «Кохи Суруш» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир гардид, ки дар ҷараёни он ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои мухталиф доир шуд. Инчунин 13 нафар хонандагони муассиса, ки дар озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе муваффақ гардиданд дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд: Шералиева Сосона  синфи 7Д Холова Дил...

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар Литсей-интернати Президентӣ байни хонандагони синфҳои 1-4

Санаи 15.04.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" бо иштироки хонандагони синфҳои 1-4 ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар ин озмун Ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Бегназарова Мадина Давлатёровна иштирок намуда донишу малака ва истеъдоди хонандагонро аз назар гузарониданд. Хонандагон бо як таёрии хуб ҷамъ омада шеъру ғазал ва рубоёти аз бар кардаи худро пешкаши ҳозирин на...

Даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва Технологияи иттилоотӣ оғоз гардид

  15-уми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Абдулзода Зиёдулло, директори Маркази миллии тестии назди През...

Давлатёрова Назарбахт хонандаи синфи 10-уми Литсей-интернати Президентӣ ғолиби даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" дар ноҳияи Сино

Давлатёрова Назарбахт хонандаи синфи 10-уми Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ғолиби озмун гардид. 

БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар соли 2022 қадрдонӣ гардиданд

Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфҳои 11) дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд. Дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром ...

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”

Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” намояндагони кумитаи тадорукоти озмун, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ширкат варзиданд. Қайд кардан ба маврид ...

Имрӯз иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фанҳои табиӣ-риёзӣ қадрдонӣ мегарданд

Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои мазкур 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои шакли нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок менамоянд. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар ...

Бахши амалии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид

Санаи 3.04.2022 дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” идомаи даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, тибқи Низомномаи озмун бахши амалӣ баргузор гардид. Лозим ба қайд аст, ки дар рӯзи дуввум вобаста ба бахши амалии даври ноҳиявии озмуни мазкур аз рӯйи 2 шарте, ки дар низомномаи озмун муқаррар гардидааст, яъне: - “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон); - “Қироати шеър” (бо се забон) байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия...

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ оғоз гардид

  2-юми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо ...