Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ЮНЕСКО таҷлили 1050-солагии олими бузурги асримиёнагӣ Абӯ Райҳони Беруниро маъқул донист

20 апреля 2021 08:04

Количество просмотров: 382

1050-солагии зодрӯзи олим ва файласуф Абӯ Райҳони Берунӣ (973-1048) солҳои 2022-2023 бо иштироки ЮНЕСКО ба таври густурда таҷлил хоҳад шуд. Ин тасмим мутобиқи пешниҳоди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия 17 апрел дар иҷлосияи 211 -уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО маъқул дониста шуд.

Акнун ин масъала моҳи ноябри соли равон барои тасдиқ намудан ба иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Франсия пешниҳод хоҳад шуд.

«Абӯ Райҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ олими бузурги асримиёнагӣ — энсиклопедист, мунаҷҷим, риёзидон, файласуф, географ, этнограф, антрополог, геолог, таърихнигор, ботаник, фармаколог ва гуманист буд», — зикр шудааст дар дархосте, ки шӯро онро баррасӣ кардааст.

«Берунӣ ҳамчун таърихшиноси байнифарҳангӣ маъруф аст, ки дар мавриди системаҳои гуногуни тақвимӣ, таърихи ҳокимон, қаҳрамонон, рӯйдодҳои сиёсӣ, фарҳанг, анъанаҳо ва ахлоқ, ки барои фаҳмидани фарҳангҳои гуногун ва дастовардҳои умумии зеҳнӣ мусоидат мекунанд, таҳқиқот анҷом додааст», — зикр шудааст дар дархост.

Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар шаҳри Кят, пойтахти бостонии Хоразм, ки ба ҳайати Давлати Сомониён (ҳоло шаҳри Берунӣ дар  Қароқалпоқистон) дохил буд, таваллуд шуда, дар рушди риёзиёт ва астрономия, ба шумули коркарди бузургиҳои назариявии ибтидоии астрономӣ ва функсияҳои ҷадвалӣ ҷиҳати баробар кардани ҳисобҳо саҳми бузург гузоштааст.

Abu-Rajhana-Beruni-1.jpg

ДАР АКС: толори олимони тоҷику форс дар Созмони Милали Муттаҳид дар Вена (Австрия) аз муҷассамаҳои чаҳор чеҳраи маъруф — Ибни Сино (Авитсенна), Абӯ Райҳон Берунӣ, Закариёи Розӣ (Рейз) ва Умари Хайём иборат мебошад. АКС аз бойгонӣ

Берунӣ аз худ мероси бузурги илмӣ боқӣ гузоштааст ва тақрибан 150 асар бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ эҷод кардааст, ки амалан тамоми шохаҳои илмҳои дақиқ, табиӣ ва гуманитарии он замонро фаро мегиранд. Асарҳои Берунӣ ба аксари забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд ва то имрӯз эътироф мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки иҷлосияи 211-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО 7 апрел дар Париж кори худ шурӯъ кард ва фардо, 21 апрел ба поён мерасад. Бо сабаби пандемияи уфунати коронавирус, иҷлосия ба истиснои расмиёти вобаста ба муҳофизати ҳуқуқҳои Кумита оид ба конвенсияҳо ва тавсияҳо дар формати маҷозӣ баргузор мешавад.

Манбаъ аз сомонаи расмии АМИТ «Ховар»: https://khovar.tj/2021/04/yunesko-ta-lili-1050-solagii-olimi-buzurgi-asrimiyonag-ab-raj-oni-beruniro...