Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Олимони тоҷик наздикшавии астероиди эҳтимолан хатарнокро ба Замин мушоҳида намуданд

1 мая 2020 11:05

Количество просмотров: 466

Чуноне ки олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   пеш аз ин хабар дода буданд,  як астероид ба Замин хатари эҳтимолӣ дошта, охири моҳи апрели соли 2020 ба Замин бояд наздик меомад ва    29 апрели соли равон, соати 15.00 бо вақти маҳаллӣ дар масофаи 6 миллион км аз Замин  фазоро убур мекард.  

 Олимони институти астрофизика бо ёрии телескопҳо дар расадхонаҳои астрономии Санглох ва Ҳисор   аз 20 апрел то имрӯз ҳаракати астероиди мазкурро   пайваста  мушоҳида мекунанд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  директори Институти астрофизикаи АМИТ  Гулчеҳра ҚОҲИРОВА  хабар дод.

«Доир ба ин астероид маълумоти зиёди нави назаррас ба даст оварда шуд, ки онҳо айни ҳол дар раванди коркарди илмӣ қарор доранд, — гуфт Гулчеҳра Қоҳирова. — Мушоҳидаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо якчанд расадхонаҳои муассисаҳои астрономии академияҳои илмҳои Россия ва кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла расадхонаҳои Аресибо ва Голдстоуни ИМА гузаронида шуданд».

Тавре сарвари Институти астрофизикаи Тоҷикистон шарҳ дод, аллакай исбот шудааст, ки андозаи астероид ба 2 км баробар буда, шакли геометрии ӯ  тақрибан  ба давра монанд аст. «Ҳангоми назорат мо мунтазам мадори астероидро ҳисоб кардем ва ба хулоса омадем, ки ин ҷирми кайҳонӣ бо роҳи устувори худ ҳаракат карда, ба Замин ягон хатар намерасонад», — изҳор намуд ӯ.

Расми астероид аз расадхонаи Санглох оварда мешавад.

3-11.jpg

ДАР АКС: астероиди эҳтимолан хатарнок 52768, ки 22 апрели соли 2020 дар расадхонаи Санглох гирифта шудаст.

Дар ҷараёни мушоҳидаҳо боз як ҷирми ҷолиби кайҳонӣ – кометаи Атлас таҳти назорати олимони мо буд.

«Дар давраи мушоҳида порашавии ҳастаи комета ба қайд гирифта шуд, ки натиҷааш ба пайдошавии думи чангини дароз оварда расонд, — иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова. — Ин ҳодиса барои олимон хеле нодиру ҷолиб мебошад ва тадқиқоти он имконият медиҳад, ки пайдоиши ва тарқиби кометаро ошкор намоянд. Маводи гирифташуда таваҷҷуҳи зиёди ҳамкасбони моро   дар кишвапрҳои гуногуни олам ҷалб намуд ва  онҳо дар ин самт хоҳиши ҳамкорӣ бо моро доранд».

2-21.jpg

1-17.jpg

ДАР АКС: кометаи Атлас, ки 23 апрели соли 2020 дар расадхонаи Санглох гирифта шудааст.