Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хуршеди беғуруб

29 апреля 2021 09:04

Количество просмотров: 603

Шеъри Турсунзода шеъри миллат аст,

Орӣ аз ҳаргуна айбу иллат аст.

Шеъри ӯ бар тоҷикон буда қанот,

Додааст бар миллаташ хатти барот.

Сабки эҷодаш барозанда ба Шарқ,

Кардааст рӯшан дили моро чу барқ.

Шеъри ӯ дар Осиёю Африқо,

Ҳамсафар бо ваҳдати оламнамо.

Аз Душанбе то ба Ҳиндустону Ганг,

Ҳар ваҷаб хоки заминро дода ранг.

Шеъри ӯ чун дони гандум хӯша баст,

Шуҳратафзунгар ба тоҷик буду ҳаст.

Аҳли дунё хонад ашъори варо,

Чун забони ҳамдилии қораҳо…

Беҳтарин фарзонафарзанди Ватан,

Тору пудаш буда пайванди Ватан.

Ӯ ба ҳар як кишваре болонишин,

Будааст як шоири ояндабин…

Шеъри ӯ бо сози дилҳо ҳамнавост,

Ҷойи ӯ дар дидаю дилҳои мост…

Шоири соҳибдилу дарёниҳод,

Беҳтарин ҳомии сулҳу иттиҳод…

Гуфта будӣ, шоири дунёшинос,

“Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос”.

Қаҳрамони миллати овозадор,

Кулли ашъораш ба дилҳо мондагор.

Ба ҳамоса, дафтари байту ғазал,

Ҷо гирифта ҳар касеро дар бағал.

Ӯ ба сулҳу комгорӣ буда ёр,

Чеҳрабикшо будааст ҳамчун баҳор.

Шеъри ӯ гаҳвораҷунбони хирад,

Зарбазан буда ба ҳар як деву дад…

Оварад бар ҷӯш ҳар як анҷуман,

Ҳар гаҳе ки шеър гӯяд аз Ватан.

Ҷавҳари маънӣ ба даст овардааст,

Шеъри ӯ бар дӯстон гулдаста аст…

Номи Турсунзодаро ҳамчун шиор,

Тоҷики ман бурдааст бар ҳар диёр.

Хешро дар базми ёрон дидааст,

Эй басо гулдастаборон дидааст…