Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Эй ҷамоли баҳру бар шод омадӣ…

Количество просмотров: 1928

Инак, ба диёри зебоманзараи мо-Тоҷикистон баҳор омад, баҳори нозанин, фасли дилангезу дилнишин, фасле, ки дер боз мардум интизораш буданд. Пас аз сардиҳои зимистони қаҳратун боз дашту теппаҳо қолини сабз ба бар карданд. Аз омад – омади баҳори нозанин табиат аз нав зинда гардида, аз ҳар гӯшаю канор насими атрогин – бӯи хуши гулу раёҳин ба машом, садои обшорон, нағмаю хониши паррандагони хушилҳон ба гӯш расида, табиат рангину пурнишот мегардад. Вақте ки баҳори дилангез бо садҳазор нузҳату бӯи хуш ва ороиши аҷиб ҷилвакунон меояд, ҳар соҳибэҳсос ба сайри табиат баромада аз накҳати гулу лолаҳо баҳравар гаштан мехоҳад. Устод Рӯдакӣ дар баҳорияи зер омадани фасли баҳор зинату ороиши нав пайдо кардании табиатро хеле табиӣ тасвир кардааст:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб, Бо садҳазор нузҳату ороиши аҷиб, Шояд, ки марди пир бад- ин гаҳ шавад ҷавон Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб

Баҳор оғози кишту кор, мавсими гулу лола ва оғози иди Наврӯз аст. Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавӣ буда, таърихи мадид дорад. Муаррихон бар он ақидаанд, ки пайдоиши Наврӯз ба давраҳои ҳокимияти Каюмарс, Ҷамшед ва Куруш рост меояд. Ин ҷашн байни мардуми форсизабон қимати баланд дорад. Наврӯз аз ду калима "нав" ва "рӯз" иборат буда, рӯзи навро далолат мекунад. Ибни Балхӣ дар "Форснома" аз ҷониби Ҷамшед ҷашн гирифта шудани Наврӯзро хотирнишон намудааст. Мувофиқи маълумоти Ибни Балхӣ Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Ҷамшед 717 сол умр дида ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонад, шаҳр барпо карда, Истахр ном ниҳода, пойтахт қарор медиҳад. Мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонда, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро "Наврӯз" меноманд. Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз маълумотҳои гуногун мавҷуд аст. Шоҳони Сосонӣ Наврӯзро аввал 30 рӯз ва баъдтар 6-рӯз ҷашн мегирифтанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар асари "Осорулбоқия" аз ҷониби Сосониён 6- рӯз ҷашн гирифтани Наврӯзро баён намудааст. Рӯзи аввали Наврӯзро шоҳ бо қабули мардум мегузаронд. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро қабул карда, суҳбат мекард. Рӯзи сеюм олимону доноёни замон, рӯзи чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум аҳли байти худро мепазируфт. Рӯзи шашум бошад худи шоҳ Наврӯзро қайд мекард. Аз ҳамин сабаб, рӯзи шашумро "Наврӯзи бузург" номиданд. Ғазалсарои машҳури форсу тоҷик Хоҷаҳофизи Шерозӣ дар бораи 5-рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз дар яке аз ғазалҳои хеш ишора намудааст: Зи кӯи ёр меояд, насими боди Наврӯзӣ Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ Сухан бар парда мегӯям чу гул аз ғунча берун ой, Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири Наврӯзи. Агар ба эҷодиёти адибони классики тоҷик назар афканем мебинем, ки қисми зиёди онҳо аз ҷумла Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Анварӣ, Ҳофиз, Фирдавсӣ, Ҳилолӣ ва ғайраҳо фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзро ситоиш кардаанд ва гувоҳ бар он аст, ки Наврӯз дар ҳамон асрҳо низ ҷашн гирифта мешуд. Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам дар Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Шоирони муосири он замон ба мисли Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар васфи Наврӯз ва баҳор шеърҳои гуногун менавиштанд. Чунончи Лоиқ Шералӣ дар васфи баҳор чунин мисраъҳои шеърӣ эҷод намудааст: Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ, "Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ". Аз қадамҳоят дилам гул мекунад. Эй арӯси раҳгузар шод омадӣ… Хушбахтона, Наврӯз солҳост, ки дар Тоҷикистон бо руҳу илҳоми тоза ҷашн гирифта мешавад: Базми гул дар чамани Наврӯз аст, Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст. То ба гардун сухани Наврӯз аст Тоҷикистон ватани Наврӯз аст Дар ҷашни Наврӯз ҷавонону пиронсолон кинаву кудуратро аз дилҳо дур карда хурсандӣ мекунанд. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд: "Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз расидааст". Маҳз пешниҳод ва кӯшишҳои роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва миллати тоҷик буд, ки Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, қариб дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ба андешаи Муҳаммад Ғоиб: Эҳёи ҷавонӣ шуд, муборак, Гулдастафишонӣ шуд, муборак. Наврӯзи азизи Тоҷикистон, Наврӯзи ҷаҳонӣ шуд, муборак! Итминони комил дорем, ки баҳору Наврӯзи имсола ба қадамҳои муборак ба табиат гул-гулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили бобаракат ва ба мардум шодиву сурур меорад.

Сухангустари беназир…

Лоиқ Шералӣ бемуҳобот шоири фарзонаи миллат, яке аз чеҳраҳои шинохта ва яке аз ахтарони дурахшони адабиёти муосири тоҷик буда, бо ғазалу суруд, дубайтию рубоиёти намакини хеш дар қалби ҳаводорони сухани ноби форсии тоҷикӣ макони ҷовидонӣ дорад. Зеро маҳз Лоиқи ширинкалом тавонист беҳтарин ғазали ишқиро барои ошиқон , беҳтарин шеъри модарро барои модаргумкардагон , беҳтарин шеъри меҳандӯстиро барои ватандӯстон, беҳтарин шеъру ғазалҳоро дар ситоиши падар иншо намояд. Пас аз ҳазор соли ҳаёти устод Рӯдакӣ Лоиқ ба дунё омад ва дар давоми умри кӯтоҳу пурбаракати худ ба насли имрӯза мероси гаронбаҳое боқӣ гузошт. Ба андешаи нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода «Лоиқ баробари ба майдони адабиёти кунунии тоҷик ворид шудан, худро ба сифати шоири ҷавони хеле боистеъдод муаррифӣ намуд». Бе ягон шубҳа метавон гуфт, ки ашъори Лоиқ дорои мазмуни баланд буда, дар баробари ин навпардозиҳои зиёд дар ашъори шоир дида мешаванд. Масалан: «Соқиномаи имрӯзин»: Бидеҳ косагул, оби ангури мо , Ки наздик созад раҳи дури мо . Калимаи «косагул» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба ду маъно истифода шудааст: 1. Гули садбарги баргҳояш калон-калон; 2. Маҷозан, соқии нишасти шаробнӯшӣ , соқии базм Лоиқ калимаи «косагул» - ро ба маънои соқии базм ё зарфе, ки аз он гурӯҳи одамон дар базм шароб менӯшанд, истифода намудааст. Яъне , маълум аст , ки калимаи «косагул» аз ду реша «коса» ва «гул» ташкил ёфта, калимаи мураккаб шудааст. Устод Лоиқ дар шеъри «Илтиҷо аз камонмардон» калимаи мураккаби «камонмардон» - ро истифода кардааст, ки яке аз навпардозиҳо, ихтироъҳои шоир буда, ба маънои «силоҳбадастон» истифода шудааст: Камонмардон ! Камон аз дӯш бигзоред, Ба ёди куштагони хештан хомӯш бигзоред! Ё дар байти дигар калимаҳои «ҳамшиша», «ҳамсоғар» бо истифода аз пешванди ҳам сохтааст, ки ҳаммаънои вожаи «ҳамқадаҳ» мебошанд: Шудам пазмонат, эй ҳамшишаву ҳамсоғарам, Варзоб, Биё, ҷоме ба ҳам гирем, пеш о дар барам, Варзоб. Ин ҷо маълум мешавад, ки Лоиқ хуш гузаронидани вақтро таъкид кардааст. Навпардозии дигаре, ки дар ашъори Лоиқ дида мешавад, сохтани ибораҳо мебошад. Чунончи, дар шеъри «Раҳми Парвардигори мо омад» : …Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи бунёдкори мо омад… Ҷанги девонавори мо бигзашт , Сулҳи деринтизори мо омад. Дар ин байтҳо ибораҳои «ҷанги бунёдсӯз», «сулҳи бунёдкор», «ҷанги девонавор», «сулҳи деринтизор» ихтироъҳои Лоиқ мебошанд. Лоиқ дар ҳақиқат фарзанди даври хеш буд. Агар марг имкон медод, имрӯз шоир ба синни мубораки 75 қадам ранҷа менамуд ва барои мухлисону ҳаводорони шеъраш, барои мардуми тоҷик ва дар ситоиши ватану модар, ишқу муҳаббат, ифтихори миллӣ , забону чеҳраҳои шинохтаи миллат чандин маҷмӯаи шеърҳо менавишт. Шояд Худованди зулҷалол барои миллати тоҷик баъди ҳазор сол Лоиқи дигаре диҳад. Чунончи Лоиқ таъкид кардааст: Ман баъди ҳама завол меоям боз, Чун мурғи хуҷастафол моям боз. Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед, Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Сафаралӣ Афғонов - омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон