Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Имоми Аъзам (Абўҳанифа)- шахсияти барчастаи олами Ислом

8 октября 2020 09:10

Количество просмотров: 1310

Дар ин дунё фақир бошу гадо бош,

Дар ин дунё чу моҳи бесадо бош.

Вале ҳаргиз мабош дур аз ҳақиқат,

Ҳамеша такя бар гуфти Худо бош!

Мероси таърихии фарзандони барӯманди миллатамон имрӯз низ барои худшиносии миллӣ, муаррифии тоҷикон дар сатҳи бай­нал­милалӣ  ва дар гуфтугӯи тамаддунҳо аҳамияти муҳим дорад. Ши­нохти ислом ва нақши тоҷикон  дар он аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ  ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо на бояд ҳисобид. Мо ифтихори дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бону­фуз­та­рин мазҳаб дар дини мубини ислом, фарзанди арҷманди халқи то­ҷик Имом Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъ­зам мебошад.

Таърихи дини ислом собит намудааст, ки дар шинохт ва маърифати фиқҳи исломӣ қариб ҳама ниёзманди мактаби Абўҳанифа мебошанд.

Бешубҳа, бо туфайли кўшишу заҳматҳо ва сиёсати созандагию бунёдкоронаи Президенти ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон миллати куҳанбунёд ва фарҳангофарини мо имконият пайдо намуд, ки ба таъ­рих, адабиёт, фарҳанги гузашта ва нақши фарзандони   барӯманди   худ дар ғанӣ  гардонидани арзишҳои миллӣ, аз ҷумла дар ташаккул ва густариши дини ислом ва таълимоти он, аз наздик шиносо шаванд.

Яке аз пешвоёни фиқҳи аҳли суннат, ки дар рушд ва ташак­кули дини мубини ислом саҳми босазо дорад, Имом Абўҳанифа мебошад. Барои мо шинохти чунин шахсияти камназир дар ра­ван­ди ташаккули худшиносии миллӣ  ва инкишофи андешаи миллӣ  аҳамияти бузурги ҳаётӣ  ва байналмилалӣ  дорад.

Имом Абӯҳанифа соли 80-ўми ҳиҷрӣ, мутобиқи соли 699 ме­лодӣ  дар шаҳри Кўфаи Ироқ, замони хилофати Абдумалик ибни Мар­вон чашм ба  оламӣ  ҳастӣ  кушодааст. Сарчашмаҳо дар бораи ному насаб ва ҷойи таваллуди ў маълумотҳои ҳархела медиҳанд. Аксари сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки асли Имом Абўҳанифа аз мулки Аҷам аст. Бештари маълумотҳо гувоҳӣ  медиҳанд, ки до­нишманди фақеҳи олирутба аз Кобул мебошад. Дар баъзе сар­чаш­маҳо қайд шудааст, ки бобои Абўҳанифа – Зутиро арабҳо ҳангоми истилои Кобул асир гирифта, ба Ироқ бурдаанд. Дар ин ҷо Зутӣ  ди­ни исломро қабул карда, номашро Нӯъмон кардааст. Номи ас­лии Имоми Абўҳанифа низ Нўъмон, яъне ҳамноми бобояш мебо­шад.        

Матни пурраи мақола: Имоми Аъзам (Абўҳанифа)- шахсияти барчастаи олами Ислом