Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Бартариҳои «қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и нав

17 января 2022 02:01

Количество просмотров: 2646

Хуб аст, ки сол то сол «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» такмилу пурратар мегардад ва баъзе масъалаҳои баҳсбарангези он дар натиҷаи баррасиву муҳокимарониҳои донишмандони соҳа ҳаллу фасл мешаванд. Имрӯз хонандаи тоҷик охирин намунаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар даст дорад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни  соли 2021, №268 ба тасвиб расидааст.

Ҳар фарде, ки онро мехонад ва ё аз забони дигарон мешунавад, дарҳол аз худ ва ё аз ҳампешааш мепурсад, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и нав аз пештарааш чӣ фарқ дорад? Барои ба ин суол ҷавоб гардонидан мо нашри пештара ва ҳозираи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро мавриди муқоисаву муқобала қарор додем.

Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тарзи навишти мушаххаси номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаҳои нутқ, махсусан, навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли «ал», якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номҳои ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо нишон дода шудааст.

Агар мо ба фарқияти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и соли 2011 ва соли 2021 назар андозем, мебинем ки дар матни охирин баъзе носаҳеҳиҳои дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара мавҷудбуда рафъ гардида, матни нав нисбатан фаҳмотару равшантар гардидааст.

Чунончи, дар матни пештара (2011), ки банди 1-и он «Алифбо, тартиб ва номи ҳарфҳо» ном дошт, ҳарфҳои «ӣ» ва «ӯ»-ро барои фаҳмотар шудан дар қавсайн «и-и дароз»  ва «у-и дароз» зикр намуда буданд, вале дар матни охирин (2021) номи ин ҳарфҳо дар шакли «ӣ» ва «ӯ» оварда шуда, сифати онҳо (и-и дароз, у-и дароз) ихтисор гардидаанд.

Ин ҷо ҳам як нукта баҳсангез аст, ки ҳарфи «ъайн»-ро, ки собиқаи ҳазорсола дорад, бо номи «сакта» овардаанд. Хуб мебуд, ки онро дар ҳамон шакли таърихиаш ҳарфи «ъайн» номгузорӣ мекарданд.

Дар банди 2-юми «Қоидаҳои...» соли 2011 чунин оварда шуда буд: «Ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд», вале дар матни нав ҳарфи «у»-ро бардошта,  садонокҳои а ва о ҳангоми калимасозӣ чунин эзоҳ дода шудааст: «Дар калимаҳое, ки бо садонокҳои а ва о анҷом меёбанд, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ (-гӣ, вӣ) чунин навишта мешаванд:

- агар калима бо садоноки а (ё йотбарсари я) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -гӣ (-вӣ) навишта мешавад: хонагӣ, бачагӣ, оворагӣ, бечорагӣ, нокорагӣ, дилбастагӣ, бандагӣ, хастагӣ, доногӣ, соягӣ, ҳамсоягӣ, алоҳидагӣ, дусолагӣ, дуҳуҷрагӣ, барномавӣ, садамавӣ, мафкуравӣ, оммавӣ, оперативӣ ва ғайра».

- агар калима бо садоноки о (ё йотбарсари ё) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ навишта мешавад: доноӣ, дороӣ, тавоноӣ, дилрабоӣ, овоӣ, ёбоӣ, зебоӣ, бобоӣ, устоӣ, дарёӣ, зиёӣ ва ғайра».

Мураттибони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и нав доир ба ҳарфҳои «у» ва «ӯ» истилоҳоти у-и ноустувор, у-и устувор ва у-и устувори дарозро истифода кардаанд, ки аз инҳо фақат ҳангоми омадани у-и устувори дароз  ҳарфи у-ро ӯ менависем ва доир ба ин масъала чунин мисолҳо оварда шудааст: «кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра».

Дар банди 3-юми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и нав дар мавриди ҳарфҳои у ва ӯ зербанди зерин бо мисолҳояш оварда шудааст:

«-дар ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра ва ғайра;

«-дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: «таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра».

Тавре ки мебинем, дар калимаҳои арабии дар боло овардашуда низ ҳарфи у-и ноустувор пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ омадаанд, мебоист, ки ин чиз ҳам дар банди болоии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» зикр мегардид. Зеро дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (2013) калимаҳои «шурӯъ», «тулӯъ», «мавзӯъ», «вуқӯъ», «маҷмӯъ», «вузӯ», «нумӯъ» ва ғайра бо ҳарфи «ӯ» (ӯ-и устувори дароз) навишта мешуданд ва инак пас аз 10 сол боз тарзи дигари навишт пеш омад, ки тибқи он дар навишти чунин калимаҳои арабӣ у-и устувори дарози онҳо (ӯ) ба у-и устувор (у) табдил ёфтаанд. 

Бояд зикр намуд, ки тибқи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара (2011) кунияҳои адибони классикӣ, ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва калимаҳои «пажӯҳиш», «пажӯҳишгар»  ва ғайраро, ки бо ҳарфи ӯ-и устувори дароз менавиштанд, акнун тибқи «Қоидаҳои...» нав (2021) исму кунияи адибон ва калимаҳои дар боло овардашуда бо у-и устувор дар шакли Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино ва «пажуҳиш», «пажуҳишгар»  ва ғайра навишта мешаванд.

Аз омӯзиши тарзи навишти ҳарфи «ӯ»-и устувори дароз дар калимаҳо маълум мегардад, ки он фақат дар се маврид навишта мешаванд:

1. «- барои ифодаи овози устувори ӯ-и дароз: кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра».

2. «- дар ҳиҷои дуюми калимаҳои навъи фурӯғ, дурӯғ, гурӯҳ, шукӯҳ, афрӯз ва ғайра».

3. «- дар калимаҳое, ки таърихан дар решаашон ҳамсадои й доранд: рӯй, сӯй, ҷӯй, шӯй, бӯй, мӯй ва ғайра».

Мураттибони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар банди 4 мавридҳои навишти ҳарфҳои и ва ӣ-ро нишон додаанд. Эшон ҳарфи и-ро ноустувор ва дар ҷойи дигар онро устувор гуфтаанд, ки ин дар муқоиса бо ҳарфҳои у ва ӯ мувофиқат намекунад, зеро дар мавриди баёни ҳарфи ӯ-и устувор онро дар шакли ӯ-и  устувор ва ҳангоми тавзеҳи ҳарфи ӣ-и устувор онро дар шакли и-и устувор нигоштаанд, ки дуранг менамояд. Мебоист, ки онро ҳам мисли ӯ-и устувор ӣ-и устувор менавиштанд, вале ҳар куҷо сухан дар бораи ҳарфи ӣ-и устувор равад, онро дар гунаи и-и устувор нигоштаанд.

Дар мавриди бо ҳарфи калон навишта шудани ном ва сифатҳои Худо «Қоидаҳои...» нав (2021) аз пештарааш бартарӣ дорад. Зеро дар «Қоидаҳои...» соли 2011 доир ба ин масъала чунин оварда шуда буд: «21) Бо ҳарфи калон навишта мешаванд:

а) номҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Яздон, Аллоҳ».

Дар «Қоидаҳои...» соли 2021 ин банд васеътар шарҳ дода шудааст: «23. Ҳарфи калон дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- ҳарфи аввали ном ва сифатҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Кирдигор, Яздон, Эзид, Аллоҳ, Раб, Холиқ ва ғайра».

Бартарии нашри охирин дар он аст, ки ном ва сифатҳои Худоро, ки дар шаклҳои гуногуни он меоянд ва мардум дар ин гуна ҳолатҳо ба ҳамон калимаҳои дар «Қоидаҳои...» соли 2011 нишондодашуда қаноатманд шуда, дигар номҳои дар он ҷо зикрнагардидаи Худоро (ба монанди Ҳақ, Борӣ, Додор, Таоло, Кайҳонхудой ва ғайраро) бо ҳарфи хурд менавиштанд.

Акнун тибқи «Қоидаҳои...» соли 2021 ибораи «ва ғайра» он нофаҳмиҳои дар навишт рухмедодаро бартараф намуд.

Ҳамчунин дар «Қоидаҳои...» соли 2021 дар мавриди бо ҳарфи калон навишта шудани ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси мақомоти худидоракунии маҳаллӣ чунин омадааст:

«- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси дохили таркибии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Шинг ва ғайра».

Доир ба овардани номи мақомот ҳаминро илова карданием, ки хуб мебуд, дар таркиби он калимаи маҳаллӣ низ илова мегардид, зеро дар тамоми ҳуҷҷатгузориҳо номи мақомот чунин оварда шудааст: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ғайра.

Мардум то ин вақт исми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Ҷамоати деҳотро гоҳ бо ҳарфи калон ва гоҳе бо ҳарфи хурд  менавиштанд. Акнун тибқи «Қоидаҳои...» соли 2021 мардум ҳарфи аввали ин мақомотро бо ҳарфи калон менависанд.

Дар банди 13-и «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» омадааст: «Ҷинсияти грамматикии калимаҳои иқтибосӣ дар имлои забони тоҷикӣ корбурд намешавад: муҳтарам, раис, шоир, адиб, муаллим, котиб, магистрант, аспирант ва ғайра». Ин банд дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и пештара мавҷуд набуд ва ин дар имлои кунунӣ падидаи тозаест ва минбаъд ҳангоми навиштани даъватномаҳо барои омезиш ёфтани ҷинсияти ашхос баҳсу мунозираҳо ба амал намеояд. Минбаъд муаллим, раис, котиб, шоир, мударрис ва ғайраро хоҳ зан бошад хоҳ мард бо як истилоҳ ном мебаранд.

Дар банди 17-и «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и соли 2011 омада буд:

«Дар номҳои осори классикӣ артикли ал тибқи қоидаи маъмул бо нимтире ҷудо карда мешавад: «ал-Қонун»-и Ибни Сино, «ат-Тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор ва ғайра».

Акнун ин банд дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и нав ба ин тарз омадааст: «Дар аввали номи одамон артикли ал (ва гунаҳои он) бо ҳарфи калон навишта шуда, бо нимтире ҷудо карда мешавад: Ал-Мутанаббӣ, Ал-Форобӣ, Ал-Ҳайсом, Ал-Киндӣ ва ғайра».

Агар мо тибқи қоидаи пештара номи ҷуғрофии Сарихосорро дар шакли ҷудо Сари Хосор менавиштем, инак дар қоидаи нав онро дар шакли якҷояи Сарихосор менависем.

Ҳамчунин, дар Қоидаи нави имло дар навишти баёнияҳо низ тағйирот ба амал омадааст. Пештар мо агар баёнияҳои Аҳмад-махдум, Салим-паҳлавон, Ҳошим-корвон, Қорӣ-ишкамба ва ғайраро дар шакли якҷо менавиштем ва инак дар қоидаҳои имлои нав онҳо дар шакли ҷудо бо нимтире навишта мешаванд.

Бартарии «Қоидаҳои...» соли 2021 дар он зоҳир мегардад, ки ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» замима гардидааст, ки ин ҳам ба  дурустнависии шаҳрвандон ёрӣ мерасонад. Дар «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» мавқеи гузоштани аломатҳои нуқта, суол, хитоб, вергул, нуқтавергул, баён, тире, қавс, қавси мураббаъ, сенуқта, нохунак, сархат, нимтире ва рамзҳои ишоратӣ шарҳу тафсир ёфтааст.

Хуб мебуд, ки аломати китобати «савол», ки шакли вайроншудаи «суол» аст, дар шакли саҳеҳу дурусти он, яъне «суол» оварда мешуд, зеро шакли ҷамъи он ҳам дар гунаи «суолот» меояд, на дар шакли «саволот».

Ағлаби толибилмон, омӯзгорон, адибону рӯзноманигорон дар навиштаҳои хеш ба аломатҳои китобат чандон диққат намедиҳанд ва пас аз таърихи рӯз ва ё баъди имлои сарлавҳа, номи китоб ва ғайра санадҳо нуқта мегузоранд ва мавқеи нагузоштани он дар банди 4-и «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» возеҳан зикр гардидааст:

«Нуқта дар мавридҳои зерин гузошта намешавад:

- дар охири сарлавҳаҳо...

- дар муқоваи китобҳои илмӣ, бадеӣ, дарсӣ, маҷалла, ва дигар нашрияҳо баъд аз насаби муаллиф ва унвони онҳо...

- дар охири номи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ...

- дар байн ва охири ҳарфҳои калимаҳои ихтисоршудаи номҳои ҷуғрофӣ...

- дар охири таърихи рӯз».

Бо вуҷуди баъзе эродҳои ҷузъии дар боло зикргардида «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (2021) назар ба нашрҳои пештараи он хеле суфтаву такмил ёфтааст ва шоистаи арҷгузорист. Хуб мебуд, ки лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» пеш аз ба тасвиб расиданаш ба муҳокимаи умумихалқӣ вогузошта мешуд ва мардум нисбат ба лоиҳаи он фикру мулоҳизаҳои худро иброз медоштанд ва он вақт баъзе носаҳеҳию ноҷӯриҳои он бартараф мегардид ва мардум дигар раҳи хаторо намепаймуданд.

Раҷабалӣ Худоёрзода,

директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ»-и

ДДБ ба номи Носири Хусрав

http://omuzgor-gazeta.tj/blog-detail.php?id=5812&fbclid=IwAR0X1DAsnlGvwECb409oYb6ntaLfGNnlAwF9KDjnLI1pD_FUxyZmyEVMut4