Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хеле ибратомӯз. Порае аз “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно Мавлавии Балхӣ

29 сентября 2020 08:09

Количество просмотров: 503

Хеле ибратомӯз. Порае аз “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно Мавлавии Балхӣ

Саге, ки ақлу идрок  надорад, чун гурусна шавад ва нонаш набошад, пеши ту  меояду дунбак меҷунбонад, яъне «Маро нон деҳ, ки маро нон нест ва туро  ҳаст», ин қадар тамйиз дорад. Охир, ту  кам аз саг нестӣ, ки ў ба он розӣ намешавад, ки дар хокистар бихўсбаду гўяд, ки «Агар хоҳад, маро худ нон диҳад». Лоба мекунаду дум меҷунбонад, ту низ дум биҷунбон ва аз Ҳақ бихўру гадоӣ кун, ки пеши чунин мўътӣ гадоӣ кардан азим матлуб аст. Чун бахт надорӣ, аз касе бахт бихоҳ, ки ў сохиббахт асту соҳибдавлат аст.

***   ***   ***

 Номи он ҷавон чист? Сайфуддин.

  Фармуд, ки сайф дар ғилоф аст, наметавон дидан. Сайфуддин он бошад, ки барои дин ҷанг  кунад ва кўшиши ў куллӣ барои Ҳақ бошад ва савобро аз хато пайдо кунад ва ҳақро аз ботил тамйиз кунад. Илло, ҷанги аввал бо хештан кунад, ки  «Охир, ту низ одамиӣ, дасту по дорӣ ва гўшу ҳуш  ва чашму даҳон ва анбиёву авлиё низ, ки давлатҳо ёфтанд ва ба мақсуд расиданд, эшон низ башар буданд ва чун ман гўшу ақл ва забон ва дасту по доштанд. Чӣ маънӣ, ки эшонро роҳ медиҳанду дар мегушоянд ва маро на?» Гўши худро намолад ва шабу  рўз бо хештан ҷанг кунад, ки «Ту чӣ кардӣ ва аз ту чӣ ҳаракат содир шуд, ки мақбул намешавӣ?», то сайфуллоҳ ва лисони Ҳақ бошад.

    Масалан, даҳ кас хоҳанд, ки дар хона раванд. Нўҳ  кас роҳ меёбанд ва як кас  берун мемонаду  роҳаш намедиҳанд. Қатъан, ин кас бо хештан биандешад ва зорӣ кунад, ки «Аҷаб! Ман чӣ кардам, ки маро андарун нагузоштанд? Ва  аз ман чӣ  беодобӣ омад?». Бояд, ки гуноҳ бар худ ниҳад ва хештанро муқассару беадаб  шиносад, на чунонки гўяд: «Инро бо ман  Ҳақ мекунад, ман чӣ кунам? Хости ў чунин аст, агар бихостӣ, роҳ додӣ», ки ин кинояти дашном додан аст Ҳақро ва шамшер задан бо Ҳақ. Пас ба ин маънӣ «Сайф алол Ҳақ» бошад, на «Сайфуллоҳ».

   Ҳақ таоло муназзаҳ аст аз хешу аз ақрабо. Ҳеҷ кас аз ў роҳ наёфт, илло, ба бандагӣ. Мумкин нест, ки бигўӣ, он касро, ба Ҳақ роҳ ёфт, ў аз ман хештару ошнотар бувад ва ў мутааллиқтар  бувад аз ман. Пас қурбати ў муяссар нашавад, илло ба бандагӣ. Ў муътиюн алол итлоқ аст. Домани дарё  пургавҳар кард ва хорро хилъати гул пўшонид ва муште  хокро  ҳаёту рўҳ  бахшид бе  ғаразу собиқае ва ҳамаи аҷзои олам аз ў насиб доранд.

   Касе чун бишнавад, ки дар фалон шаҳр кариме ҳаст, ки азим бахшишҳову эҳсон мекунад ва ба ин умед албатта он ҷо равад, то аз ў баҳраманд гардад. Пас чун инъоми  Ҳақ чунин  машҳур  аст ва ҳамаи олам аз лутфи ў бохабаранд, чаро аз ў гадоӣ накунӣ ва тамаи хилъату силлат надорӣ? Коҳилвор нишинӣ, ки «Агар хоҳад, худ маро бидиҳад» ва ҳеҷ тақозо накунӣ. Саге, ки ақлу идрок  надорад, чун гурусна шавад ва нонаш набошад, пеши ту  меояду дунбак меҷунбонад, яъне «Маро нон деҳ, ки маро нон нест ва туро  ҳаст», ин қадар тамйиз дорад. Охир, ту  кам аз саг нестӣ, ки ў ба он розӣ намешавад, ки дар хокистар бихўсбаду гўяд, ки «Агар хоҳад, маро худ нон диҳад». Лоба мекунаду дум меҷунбонад, ту низ дум биҷунбон ва аз Ҳақ бихўру гадоӣ кун, ки пеши чунин мўътӣ гадоӣ кардан азим матлуб аст. Чун бахт надорӣ, аз касе бахт бихоҳ, ки ў сохиббахт асту соҳибдавлат аст.

   Ҳақ  азим наздик аст ба ту. Ҳар  фикратеву тасаввуроте,  ки мекунӣ, Ў мулозими он аст, зеро он тасаввуру андешаро Ў ҳаст  мекунад ва баробари ту медорад. Илло Ўро аз ғояти наздикӣ наметавонӣ дидан. Ва чӣ аҷаб аст, ки ҳар коре, ки мекунӣ, ақли ту бо туст ва дар он кор  шуруъ дорад ва ҳеҷ  ақллро наметавонӣ дидан. Агарчи  ба  асаре  мебинӣ, илло зоташро наметавонӣ дидан. Масалан, касе дар ҳаммом рафт, гарм шуд, ҳар ҷо, ки дар ҳаммом  мегардад, оташ бо ўст ва аз таъсири тоби оташ гармӣ  меёбад. Илло оташро намебинад, чун берун ояду оташро  муайян бубинад ва бидонад, ки аз оташ гарм мешавад. Бидонад, ки он тоби ҳаммом  низ аз оташ бувад. Вуҷуди одамӣ низ ҳаммоме шигарф аст, дар ў тобиши ақл ва рўҳу нафс, ҳама ҳаст. Илло чун аз ҳаммом берун оӣ ва ба он ҷаҳон равӣ, муайян зоти нафсу зоти рўҳро мушоҳида кунӣ, бидонӣ, ки он зиракиву идрок аз тобиши ақл будааст муайян ва он талбисҳо ва хаёл аз нафс бувад ва ҳаёт асари рўҳ бувад муайян, зоти ҳар якеро бубинӣ. Илло, модом, ки дар ҳаммомӣ, оташро маҳсус натавон дидан, илло ба асаре тавон дидан. Чунонки касе ҳаргиз оби равон надидааст, ўро чашм баста дар об андохтанд, чизе тару нарм бар ҷисми ў мезанад, илло намедонад, ки он чист? Чун чашмаш бигушоянд, бидонад муайян, ки он об бувад. Аввал ба асар медонист, ин соат зоташро бубинад. ПАС  ГАДОӢ АЗ ҲАҚ КУН ВА ҲОҶАТ АЗ Ў ХОҲ, КИ ҲЕҶ ЗОЕЪ  НАШАВАД.

     Дар Самарқанд будем ва Хоразмшоҳ Самарқандро дар Ҳисор гирифта буду лашкар кашида, ҷанг мекард. Дар ин  маҳалла духтаре буд азим соҳибҷамол, чунонки дар он шаҳр ўро назир набуд. Ҳар лаҳза мешунидам, ки мегуфт «Худовандо, кай раво дорӣ, ки маро ба дасти золимон диҳӣ ва медонам, ки ҳаргиз раво надорӣ ва бар ту эътимод  дорам». Чун шаҳрро ғорат карданду ҳамаи халқро асир мебурданд ва канизакони он занро асир мебурданд ва ўро ҳеҷ аламе нарасид  ва бо ғояти соҳибҷамолӣ, кас  ўро назар намекард.

    То бидонӣ, ки ҳар кӣ худро ба Ҳақ супурд, аз офатҳо эмин гашту ба саломат монд. Ва ҳоҷати ҳеҷ кас дар ҳазрати ў зоеъ нашуд. Дарвеше фарзанди  худро омўхта  буд, ки ҳар чӣ мехост, падараш мегуфт, ки «Аз Худо хоҳ!», ў  чун мегирист ва онро аз Худо мехост, он гоҳ он чизро ҳозир  мекарданд. То ба ин солҳо баромад. Рўзе кўдак дар хона танҳо монда буд, ҳарисааш (ҳариса – номи ғизо. Оше, ки аз гандуми куфта, гӯшт ва равған тайёр кунанд) орзу кард, бар одати маъхуд гуфт: «Ҳариса хоҳам!». Ногоҳ косае ҳариса аз ғайб  ҳозир шуд, кўдак сер бихўрд. Падару модар чун биёмаданд, гуфтанд: «Чизе намехоҳӣ?». Гуфт: «Охир, ҳариса хостам ва хўрдам». Падараш гуфт: «Алҳамду лиллоҳ, ки ба ин мақом расидӣ ва эътимоду вусуқ бар Ҳақ қувват гирифт».

    Модари Марям чун Марямро зод, назр карда буд бо Худо, ки ўро вақфи хонаи Худо кунад ва ба ў ҳеҷ коре нафармояд. Дар гўшаи масҷидаш бигузошт. Зикриё  мехост, ки ўро тимор (парасторӣ) дорад ва ҳар касе  низ толиб буданд, миёни эшон мунозиат афтод. Ва дар он давр одат чунон буд, ки ҳар касе чўбе дар об андозад, чўби ҳар ки бар вай об намонад, он чиз аз они ў бошад. Иттифоқан фоли Зикриё рост шуд. Гуфтанд: «Ҳақ ин аст». Ва Зикриё ҳар рўз ўро таоме меовард дар гўшаи масҷид, ҷинси  он он ҷо меёфт. Гуфт: «Эй Марям, охир, васии ту манам. Ин аз куҷо меоварӣ?». Гуфт: «Чун муҳтоҷи таом  мешавам ва ҳар чӣ мехоҳам, Ҳақ таоло мефиристад».

    Караму раҳмати ў бениҳоят аст ва  ҳар кас бар ў эътиқод кард, ҳеҷ зоеъ нашавад. Зикриё гуфт: «Худовандо, чун  ҳоҷати ҳама раво мекунӣ, ман низ орзуе дорам, муяссар гардон ва маро фарзанде деҳ, ки дўсти ту бошад ва бе он ки ўро таҳриз кунам, ўро бо ту муонисат  бошад ва ба тоати ту машғул гардад».

   Ҳақ таоло Яҳёро дар вуҷуд овард, баъд аз он, ки падараш пуштдуто ва заиф шуда буд ва модараш худ дар ҷавонӣ намезод, пир гашта азим, ҳайз диду обистан шуд. То бидонӣ, ки он ҳама пеши қудрати Ҳақ баҳона аст ва ҳама аз Ўст ва ҳакими мутлақ дар ашё  Ўст.

   Муъмин он аст, ки бидонад дар  паси ин девор касест, ки як ба як бар аҳволи мо мутталеъ аст ва мебинад, агарчи мо ўро намебинем ва ин ўро яқин шуд. Ба хилофи он кас, ки гўяд «На, ин ҳама ҳикоят аст» ва бовар надорад. Рўзе  биёяд, ки чун гўшаш бимолад, пушаймон шавад, гўяд: «Оҳ! Бад гуфтаму хато кардам! Худ ҳама ў бувад. Ман ўро нафӣ мекардам».

  Масалан, ту донӣ, ки ман паси деворам ва рубоб мезанӣ. Қатъан нигоҳ дорӣ ва мунқатеъ накунӣ, ки рубобиӣ.

  Ин намоз, охир, барои ин нест, ки ҳама рўз қиёму руқуъ ва суҷуд кунӣ. Илло ғараз аз ин он аст, ки бояд он ҳолате, ки дар намоз зоҳир мешавад, пайваста бо ту бошад. Агар дар хоб бошӣ ва агар бедор бошӣ ва агар  бинвисӣ ва агар бихонӣ, дар ҷамеи аҳвол холӣ набошӣ аз  ёди Ҳақ. Пас он гуфтану хомўшӣ ва хўрдану хуфтан ва хашму авф ва ҷамеи авсоф гардиши осёб аст, ки мегардад. Қитъан ин гардиши ў ба воситаи об бошад, зеро  худро низ  бе об озмудааст. Пас  агар осёб он гардиш аз худ бинад, айни ҷаҳлу бехабарӣ бошад. Пас он гардишро  майдон танг аст, зеро аҳволи ин олам аст. Бо Ҳақ бинол, ки «Худовандо, маро  ғайри ин серим ва гардиш, гардише дигар – руҳонӣ муяссар гардон! Чун ҳама ҳоҷот аз ту ҳосил мешавад ва караму раҳмати ту бар ҷамеи мавҷудот ом аст».

  Пас ҳоҷоти худ дам ба дам арз кун ва бе ёди ў мабош, ки ёди ў мурғи руҳро қувват ва пару бол аст. Агар он мақсуди куллӣ ҳосил шуд, нурун ало  нур. Борӣ ба ёд кардани Ҳақ ботин мунаввар шавад ва туро аз олам инқитое ҳосил гардад. Масалан, ҳамчунонки мурғе хоҳад, ки бар осмон парад, агарчи бар осмон нарасад, илло, дам ба дам аз замин дур мешавад ва аз мурғони дигар боло мегирад. Ё, масалан, дар ҳуққае мушк бошад ва сараш  танг аст. Даст дар вай мекунӣ, мушк берун наметавонӣ овардан. Илло, маъаҳозо даст муаттар мешаваду машом хуш мегардад.

ПАС ЁДИ ҲАҚ  ҲАМЧУНИН АСТ: АГАРЧИ БА ЗОТАШ  НАРАСӢ, ИЛЛО, ЁДАШ АСАРҲО КУНАД ДАР ТУ ВА ФОИДАҲОИ АЗИМ АЗ ЗИКРИ Ў ҲОСИЛ ШАВАД.

Аз китоби Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ “Фиҳӣ мо фиҳӣ”.