Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Фарзонафарзанди миллатро бояд шинохт. Чаро Искандари Мақдуниро бо Куруши Кабир «иваз кардаанд»? Бахши дуюм

3 ноября 2020 11:11

Количество просмотров: 494

Акнун дар боби ин бигӯем, ки чаро Искандари Мақдуниро бо Куруши Кабир «иваз кардаанд»? Бинобар шаҳодати сарчашмаҳои таърихии юнонӣ Искандари Мақдунӣ парвардаи мактаби Арастуи файласуф аст. Арасту Искандарро ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ бо илми таърих, аз ҷумла таърихи Эрон, ки он замон дар авҷи шукӯҳу азамат буд, ошно карда буд. Зиёда аз ин таърихнигороне чун Ҳеродот, Ксенофонт ва Ктесий роҷеъ ба воқеаҳо ва корномаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ осори ҷолибе навишта буданд. Шоҳзода Искандар дар овони туфулият бо шахсияти нахустимператори ҷаҳон Куруши Кабир шинос гардида буд ва зоҳиран орзуи чун Куруш бузург шу-данро дар дили худ мепарварид. Бо ҳамин орзу ӯ ҷойнишини Филипп ва соҳиби тоҷу авранги мулки Мақдуния шуд ва ба маҳзи расидан ба қудрат ба ишғоли давлатҳои ҳамҷавор ва истилои қаламрави шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ шурӯъ намуд. Баъдҳо вақте ки шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Дориюши сеюм заъфи лашкари Эронро эҳсос карду ба Искандар пешниҳоди сулҳ намуд, Искандари Мақдунӣ гуфта буд: «Ман ба қасди Персполис омадаам!»

Вақте харитаҳои империяи Ҳахоманишӣ ва лашкаркашиҳои Искандар канори ҳам гузошта мешаванд, аён мегар-дад, ки пас аз тасхири Тахти Ҷамшед Искандари Мақдунӣ ҳамон хатти роҳеро такрор кардааст, ки Куруши Кабир рафта буд. Бояд боз ҳам таъкид дошт, ки Искандар танҳо роҳи ҷуғрофии Курушро такрор намуд, на роҳи маънавӣ ва сираи инсонии ӯро. Билохира Искандари Мақдунӣ ҳамон ҳудудеро аз мамолики ҷаҳон ишғол кард, ки он қаламрав замоне қаламрави империяи бузурги Ҳахоманишӣ буд. Аз ин нуктаи назар Искандар ба мақсад расида буд, вале ӯ мехост, номаш низ ҷойнишини номи Куруш бошад. Ҳама пасояндон Искандари Мақдунӣ бигӯянд, на Куруши Кабир. Маҳз аз ҳамин дидгоҳ Искандар осори Куруши Кабирро ҳама ҷо дар ҷодаи таърих рӯфтааст. Тахти Ҷамшед – бузургтарин ва нодиртарин шоҳкории меъморию ҳунарии императории Ҳахоманишӣ ва ёдгории ҷаҳони бостонро ғорат кард ва оташ зад. «Авасто» – китоби осмонии эрониёни бостонро сӯзонд, то бад-ин тариқ рӯҳоният ва ахлоқу арзишҳои маънавии ононро абадан маҳв ва нобуд намояд. Ҳатто чунин ба назар мерасад, ки Исканда-ри Мақдунӣ ободиҳоеро, ки Куруш бино ниҳодааст, вайрон кардаву ба ҷои он чизе бо номи худ амр ба сохтан фармудааст.

Мисоли онро метавонем дар Шимоли Тоҷикистон буби-нем. Дар ҳудуди Истаравшани бостонӣ ҳафриёти шаҳре мавсум ба Курушкада то кунун боқист. Аз ин шаҳри Куруш имрӯз ном ва ҳафраҳое боқӣ мондааст ва мавҷудияти ин осрои бостонӣ далолат бар он дорад, ки Куруши Кабир дар ин сарзамин ба дасти ҷанговарони малика Томирис кушта нашудааст, зеро таърих бо номи лашкаркаши мутаҷовизи шикастхӯрда бунёд шудани шаҳреро то кунун ёд надорад. Начандон дуртар аз Курушкада дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд осори қалъае низ бо номи Искандар мавҷуд аст. Бо фаросат метавон дарёфт, ки Искандари Мақдунӣ дар ҳудудҳои ишғолии худ, ҳарҷо ки исме аз Куруш аст, номи худро алам кардааст, то исму расми Курушро аз зеҳнҳо дур андозад.

Муқовимати шадид ва ҷангҳои меҳанхоҳонаи суғдиёни қадим дар ин манотиқ алайҳи мақдуниҳо далели равшанест, бар бедодиву хунрезиҳои Искандар. Соли 329 то мелод аҳолии Бохтар ва Суғд бар зидди ишғолгарони мақдунӣ шӯриши фарогире карданд. Раҳбарии онро сипаҳсолори суғдӣ Спитамен бар дӯш дошт. Ин ҷо бояд таъкид намуд, ки бар зидди ҳар ишғолгаре гузаштагони мо қаҳрамононе доштаанд ва қаҳрамони миллии мо бар зидди мақдуниҳо Спитамен буд. Тавре таърих ба мо мегӯяд, дар муқобили Искандари Мақдунӣ мо қаҳрамони номдоре дорем, аммо аммо аҷиб аст, ки дар баробари Куруши «ишғолгар» сарнавишт ба мо қаҳрамоне надодааст.

Шавоҳиди таърихӣ ба мо мегӯяд, ки Искандарро ҳирси ӯ ба молу хоставу шуҳрат таҳрик ба ҷаҳонгирӣ кардааст, аммо Курушро хоҳишу ҷасорати пойдорсозии адолат ба ҷахонкушоӣ ҳидоят фармуда. Он чизе ҳам, ки Искандари Мақдуниро бар сари гӯри Куруши Кабир бурд, боз ҳам ҳирси ӯ ба гирдоварии ганҷу дирам будааст. Тавре аз таърихҳои юнонӣ бар-меояд, Искандар яқин доштааст, ки мақбараи Куруш аз гавҳари нобисуду зарру хоста мамлув аст, аммо чун дар он ҷо чизе пайдо накардааст, ҳокими Порсро куштаву мутаваллиёни мақбараро азобу истинтоқ намудааст.

Сирати ва ахлоқи Курӯш бо Искандар яксон нест. Искандар халқҳоро ғорат ва ғулому барда мекард, вале Куруш бардаҳоро аз ғуломӣ озод ва амволи ғоратшударо ба эшон бозпас медод. Ба шаҳодати «Таврот» Куруш панҷ ҳазору чаҳорсад зарфи тилло ва нуқраи маъбади муқаддасро ба яҳудон боздод, ки ба Байтулмуқаддас бирасонанд ва теъдоди асирони озодкардаи ӯ аз Банӣ Исроил дар Бобил 42 360 нафар буд. Тавре аён аст, фарқ миёни Куруш Кабир ва Искандари Мақдунӣ аз замин то осмон аст.

Искандари Мақдунӣ, ки дар ҳама ҷо нақши пои Курушро мерӯфтааст, то ҷое ҳам муваффақ шудааст, ки номи худро низ ҷойнишини номи Куруш кунад. Бузургони адабиёти мо ҳам Искандарро ба иллати ҳамин иштибоҳ, ки гумон доштаанд ӯ Зулқарнайни мазкур дар Қуръон аст, ситоиш кардаанд. Аммо ба фазли Ҷаҳонофарин адолат ва ҳақиқати таърихӣ ифшо шуд ва олими фарзонае бо номи Мавлоно Абулкаломи Озод ин торикиҳои таърихро рӯшан намуд.

Барои шинохти беҳтар аз муҳити тарбиятии Куруши Кабир кофист, ки бо ду боби нахусти китоби «Киропедия» (Тарбияти Куруш)-и адиб ва муаррихи Юнони бостон Ксенофонт (430-356 пеш аз мелод), ки банда онро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардаам, ошно шавем.

Ксенофонт, ки дар ҳайати фармондеҳони қушуни юнонии лашкари Ҳахоманишӣ дар набардҳои дохиливу хориҷӣ иштирок доштааст, бо сидқи ихлос дар бораи равиши тарбият ва давлатдории Куруши Кабир асари мазкурро таълиф намудааст. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти фавқулоддаи маълумоти овардаи Ксенофонт ба унвони ҳусни мақтаъ ду боби аввали китоби мазкур бо ихтисоре ночиз ба таваҷҷуҳи хонандаи ги-ромӣ тақдим мегардад.

Ксенофонт менависад: «Гоҳе мо бар ин меандешем, ки чи теъдоди бузурге аз давлатҳои низоми мардумсолорӣ (демократӣ) ба дасти ҷонибдорони ҳукуматҳои ғайримардумӣ суқут кардаанд, чи теъдоди бузурге аз низомҳои шоҳиву ашрофӣ тавассути инқилобҳои мардумӣ инқироз ёфтаанд, чи қадар ҳокимони худкома чи зуд тахти қудратро аз даст додаанд ва аммо ба касоне, ки барои замоне кӯтоҳ бар сари қудрат мондаанд, чун бар шахсоне хирадманду хуштақдир ба чашми ҳайрат менигарем. Мо одамонеро низ дидаем, ки бархе аз онҳо бар иддаи зиёди одамони дигар тасаллут доштаанд, як зумрае низ молики ғуломоне камшумор будаанд, аммо онҳо дар манзилҳои худ ҳатто бар ин теъдоди ками зердастон натавонистаанд ончунон ҳукумат кунанд, ки зердастон бо майлу рағбат аз хоҷагони хеш итоат намоянд. Ба фикри мо чӯпонон низ дар нақши моликони чаҳорпоёни калон дармеоянд, чун галлабони галлаҳои худ. Ва умуман, ҳамаи касоне, ки чун нигаҳбонони анвоъи чаҳорпоён ёд мешаванд, мумкин аст ба таври мусовӣ фармонравоёни галлаҳои хеш ба ҳисоб оянд. Хеле осон метавон мушоҳида кард, ки галлаҳои чаҳорпоён бо рағбати бештар аз чӯпонон итоат мекунанд, то одамон аз фармонравоёни хеш, зеро галла ба он сӯе ҳаракат мекунад, ки онро меронанд, чаро мекунад дар ҷое, ки мебарандаш ва намеравад ба ҷонибе, ки чӯпон раҳояш накунад. Раммаҳо ба нигаҳбонони худ ин иҷозаро медиҳанд, ки аз дахли ҳосилшуда ҳар тавре ки салоҳ бинанд, харҷ кунанд. Мо ҳеҷ гоҳ нашунидаем, ки ягон рамма алайҳи чӯпони худ қиём карда бошад, ё аз итоати ӯ сар печида бошад, ё аз истифодаи фо-идаи ба даст овардааш чӯпонро маҳрум карда бошад. Баръакс, рамма бо ҳассосияти бештар ба бегонагон мухолифат нишон медиҳад, ҳарчанд қасди чӯпон аз нигаҳ доштани рамма ба даст овардани фоидаи хусусӣ аст. Аммо бар хилофи чаҳорпоён инсонҳо бо рағбати бузург алайҳи касоне, ки ме-хоҳанд бар онҳо ҳукумат барқарор намоянд, қиём мекунанд.

Бо ин ҳисоб мо ба хулосае омадем, ки барои инсон ҳукумат кардан бар мавҷудоти зиндаи дигар осонтар аз он аст, ки бар мардум ҳукумат дошта бошад. Аммо чун бо зиндагии Куруши порсӣ ошно шудем, ки ба фармонравоии мардумон, давлатҳо ва миллатҳои зиёде расида буд ва зердастонаш низ бо майлу рағбат аз ӯ итоат кардаанд, маҷбур шудем, ки ин назари хешро тағйир диҳем ва иқрор кунем, ки ҷорӣ намудани ҳукумат бар мардум кори чандон мушкилу ғайриимкон набояд ба ҳисоб ояд, агар ба он аз сари дониш бархӯрд шавад. Моро маълум аст, ки мардумоне роғибона мутеъи Куруш шудаанд, ки аз вай дар масофаи чандрӯза роҳ қарор доштаанд, баъзеи дигар ҳатто дар масофаи чандмоҳа роҳ, гурӯҳи сеюм ҳам, ки умуман ӯро бо чашмони худ надидаанд ва чаҳорумиҳо низ, ки ҳеҷ гоҳ имкони дидани ӯро надоштаанд. Бо вуҷуди ин, он мардумон бо майлу хоҳиши бузург ӯро итоат кардаанд. Дар миёни Куруш ва шоҳоне, ки тахтро меросӣ гирифтаанд, ё шоҳоне, ки бо ҷаҳду кӯшиши шахсии хеш ба қудрат расидаанд, фарқи калони решаӣ вуҷуд дорад. Охир, шоҳи сакоиҳо бо вуҷуди тасаллуташ бар ҳамқавмони бешумор ин ҷасоратро надорад, ки ҳукумати хешро аз маҳдудаи таҳти султааш фаротар барад. Ӯ бо ҳамин қонеъ аст, ки барои замоне дароз фармонравои қавми хеш боқӣ бимонад. Дар мавриди шоҳи фракийҳо, шоҳи иллирийҳо ва умуман ҳамаи мардумони дигари Аврупо, ки то ҷое мо медонем, то кунун мустақиланду ҳеҷ алоқае бо ҳамдигар надоранд, метавонем ҳамин суханро бигӯем.

Куруш қавмҳои осиёиеро ҳам, ки дар вазъияте мисли аврупоиҳо қарор доштанду ба таври мустақил аз ҳам ҷудо мезистанд, дарёфта буд. Ӯ бо сипоҳе начандон бузург аз порсиён ва модиҳову гирканиҳои ихтиёран ба вай ҳамроҳгардида, шомиҳо, ошӯриҳо, арабҳо, кападокиҳо, сокинони ҳарду Фригиё, лидиёиҳо, финикиҳо ва бобулиҳоро тасхир кард. Ӯ шоҳи бохтариҳо, ҳиндуҳо, киликииҳо, сакоиҳо, пафлагониҳо, магадийҳо ва мардумони зиёди дигар шуд, ки ҳеҷ кас наметавонад ҳатто номи онҳоро баршуморад. Ӯ ҳамчунин шоҳи эллиниҳои муқими Осиё шуд ва чун аз роҳи дарё пеш рафт Кипр ва Мисрро низ тасхир намуд. Куруш бар ҳамаи ин мардумоне, ки забонҳояшон барояш комилан номафҳум буд ва худи онҳо ҳам, ки ҳамдигарро намефаҳмиданд, ҳукумат кард. Ӯ бо сиёсат ва ҳайбате, ки дошт, заминҳои паҳновари зиёдеро тасхир кард ва ҳеҷ кас ҳатто кӯшиши бо ӯ муқобила карданро аз худ нишон надод. Куруш тавонист дар зеҳни мардум ин хоҳиши бузургро талқин кунад, ки танҳо ба як чиз майл дошта бошанд – ҳамеша таҳти ҳукумати вай бимонанд. Шумораи ин мардумон он қадар зиёд буд, ки танҳо анҷом додани як мусофират ё саёҳат аз қасри шоҳияш ё ба сӯи Ғарб, ё ба сӯи Шимол, ё ба сӯи Ҷануб аз ҳудуди ин ҳама мамолик, як қаҳрамонӣ маҳсуб мешуд.

Аз китоби Мавлно Абдулкаломи Озод “Куруши Кабир – Зулқарнайн”,