Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 июня 2021 09:06

Количество просмотров: 1059

Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/26) мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2014, №145 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида шавад.

2. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июни соли 2021 гузаронида шавад (Замимаи 1).

2.1. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона  аз 9 июн то 17 июни соли 2021 гузаронида шавад (Замимаи 2).

3. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 9 июн то 16 июни соли 2021 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад (Замимаи 3).

3.1. Барои равияи умумӣ-“ Химия” (тест) - 9 июн, “Адабиёт” (эссе)-11 июн, “Алгебра” (хаттӣ) – 14 июн.

3.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Таърихи халқи тоҷик” (тест) - 9 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ) - 11 июн, “Адабиёт” (эссе) - 14 июн.

3.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: -“ Химия” (тест) - 9 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ) -11 июн, “Алгебра” (хаттӣ) - 14 июн.

3.4. Барои равияи техно-логӣ ва зерравияҳои он: “Технологияи иттилоотӣ” (тест) - 9 июн, “Забони русӣ” (диктант) - 11 июн, “Алгебра” (хаттӣ) - 14 июн.

4. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад.

4.1. Барои синфи 10: “Забони русӣ” (диктант) - 8 июн, “Адабиёт” (шифоҳӣ) - 10 июн, “Алгебра” (хаттӣ) - 12 июн.

4.2. Барои синфи 11: “Алгебра” (хаттӣ) - 9 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ) - 11 июн, “Адабиёт” (эссе) - 15 июн.

5. Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июни  соли 2021 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад:

5.1. Барои синфи 9 (таҳсили рӯзона): «Адабиёт» (эссе) - 8 июн, “Алгебра” (хаттӣ) - 10 июн, “Забони русӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ - 12 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ) - 15 июн ва “Физика” (шифоҳӣ) - 17 июн (Замимаи 4).

5.2. Барои синфи 9 (таҳсили ғоибона) «Адабиёт» (эссе) - 9 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-11 июн, “Физика” (шифоҳӣ) - 14 июн, “Забони русӣ” (диктант)-16 июн ва “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-18 июн (Замимаи 4).

6. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июни соли 2021 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад (Замимаи 5).

6.1. Барои равияи умумӣ “Химия” (тест) - 8 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-10 июн, “Адабиёт”(эссе)-12 июн, “Таърихи халқи тоҷик”(тест)- 15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)- 17 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ-19 июн.

6.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Ҳуқуқи инсон” (тест) -8 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-10 июн, “Адабиёт” (эссе)-12 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ - 15 июн, “Алгебра” (хаттӣ) - 17 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-19 июн.

6.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: “Химия” (тест) - 8 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-10 июн, “Адабиёт” (эссе)-12 июн, “Физика” (шифоҳӣ)-15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-17 июн, “Геометрия” (шифоҳӣ)-19 июн.

6.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Химия” (тест) -8 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-10 июн, “Адабиёт” (эссе)-12 июн, “Физика” (шифоҳӣ) -15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-17 июн, “Биология” (шифоҳӣ)-19 июн.

6.5. Барои синфи 12 (таҳсили ғоибона): “Алгебра” (хаттӣ)-8 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-10 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-12 июн, “Химия” (тест) - 15 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе) - 19 июн.

7. Ба директорони муас-сисаҳои таълимие, ки зиёда аз 3 синфи мувозӣ (параллелӣ) доранд, иҷозат дода мешавад, ки муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ 3 рӯз тамдид намоянд.

8. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Муассисаи таълимии назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар Тоҷикистон ва синфҳои таълимашон бо забони хориҷии мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқати мақо-ми ҷумҳуриявидошта тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи фармоиши мазкур аз рӯи маводи пешниҳоднамудаи ин муассисаҳо баъди мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

9. Барои литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов ва Муассисаи давлатии гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир” бо назардошти хусусияти таълими ҳарбӣ доштан муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм аз 8 июн то 23 июн муқаррар гардида, иҷозат дода мешавад, ки бо қарори Шӯрои педагогӣ иловатан аттестатсияи тахассусӣ (то 2 фан) ворид намоянд.

10. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 (ба истиснои саволномаҳои тестӣ барои хонандагони синфи 10) дар асоси маводи пешниҳоднамудаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-11-и мактаби ғоибона ва аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 (12) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

11.Барои кӯдакони бемор ва дорои имкониятҳои маҳдуд, ки дар хона таълим мегиранд, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм тибқи муқаррароти мавҷуда вобаста ба намуди беморӣ ва дараҷаи дарсазхудкунии онҳо дар мувофиқа бо раёсат ва шуъбаҳои маориф гузаронида мешавад.

12. Барои кӯдакони бе-мор ва имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда таҳсил менамоянд, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар асоси маводи таҳиянамудаи муассисаи таълимӣ, дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

13.Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи он барои ташхис ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.

14. Муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияи довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб таҳсил мекунад, гузаронида, барои ташхис бевосита ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод намоянд.

15. Ба сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шаванд, ки ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2014, №215) ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2019, 7/20) ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод намоянд.

16. Сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷадвали аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ карда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрорӣ (тобистона)-ро дар моҳи август муайян намоянд.

17.  Ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ш. Ёрмуҳаммадзода) супорида шавад:

17.1. Намунаи маводи ат-тестатсия (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест)-ро барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 ва саволномаҳои тестӣ барои хонандагони синфи 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  ва синфҳои 9, 12 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсияро таҳия намуда, тибқи дархост ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интер-натҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дастрас намояд.

17.2. Нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 (12) ва хонандагони синфи 10  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ ва зерравияҳои он), сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ як моҳ пеш аз аттестатсия ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дарстрас намояд.

18.Директорони муассиса-ҳои таҳсилоти умумӣ вази-фадор карда шаванд, ки маводи иловагии аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро, ки омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб додаанд, як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия бо тавсияи иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯрои методӣ тасдиқ ва дар ҷойи махсус маҳфуз доранд.

19. Масъулияти махфӣ нигоҳ доштани нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 (12) ва хонандагони синфи 10  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ ва зерравияҳои он) ба зиммаи сардорони раёсат, мудирони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вогузор карда шавад.

20. Сардорони раёсатҳои мао-рифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки аз натиҷаи ҷамъбасти аттестатсия ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 2021  маълумотномаи муфассал ирсол намоянд.

21. Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ (Қ. Муҳиддинзода) вазифадор карда шавад:

21.1.Фармоиши мазкурро дастраси раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои таълимии махсус ва ғайридавлатӣ гардонад.

21.2. Дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба маҷлиси назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 маълумотнома манзур намояд.

22. Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” (Н. Нурализода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар ҳафтанома ба табъ расонад.

23. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Ғанизода гузошта шавад.

24. Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2021, №225 “Оид ба анҷоми соли таҳсили  2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит карда шавад.

Асос: Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазир    М. Имомзода

Аттестатсияи аз синф ба синф

гузаронидан дар синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Синфи 4: Забони модарӣ (диктант)

                  Математика (хаттӣ)

Синфи 5: Забони модарӣ (диктант)

                 Математика (хаттӣ)

 Синфи 6: Забони модарӣ (шифоҳӣ)

                  Математика (хаттӣ)

Синфи 7: Забони хориҷӣ (диктант)

                  География (шифоҳӣ)

Синфи 8: Забони модарӣ (нақли хаттӣ) 

Технологияи иттилоотӣ  (шифоҳӣ )

Замимаи 2

Аттестатсияи аз синф ба синф

гузаронидан дар синфҳои 5-8 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона

Синфи 5: Забони модарӣ (диктант)

                 Математика (хаттӣ)

Синфи 6: Забони модарӣ (шифоҳӣ)

                 Математика (хаттӣ)

Синфи 7: Забони хориҷӣ (диктант)

                  География (шифоҳӣ))

Синфи 8: Забони модарӣ (нақли хаттӣ) 

Технологияи иттилоотӣ  (шифоҳӣ )

Замимаи 3

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Равияи умумӣ         

1. Алгебра (хаттӣ)

2.Адабиёт (эссе)

3.Химия (тест)

Равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ

ва зерравияҳои он

1.Таърихи халқи тоҷик (тест)

2. Адабиёт (эссе)

3.Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)

Равияи табиӣ-математикӣ

ва зерравияҳои он

1.Алгебра (хаттӣ)

2.Забони русӣ (шифоҳӣ)

3.Химия (тест)       

Равияи технологӣ ва зерравияҳои он

1. Алгебра (хаттӣ)

2.Забони русӣ (диктант)

3.Технологияи иттилоотӣ (тест)

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона

Синфи 10

1.Адабиёт (шифоҳӣ)

2.Алгебра (хаттӣ)

3.Забони русӣ (диктант)

Синфи 11

1.Таърихи халқи тоҷик (шифоҳӣ)

2. Адабиёт (эссе)

3.Алгебра(хаттӣ) 

Замимаи 4

Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона ва ғоибона

1.Адабиёт (эссе)

2. Алгебра (хаттӣ)

3.Физика(шифоҳӣ)

4.Забони русӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ

5. Таърихи халқи тоҷик  (шифоҳӣ)

Замимаи 5

Аттестатсияи хатм дар синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона ва 12 ғоибона

Равияи умумӣ

1. Таърихи халқи тоҷик (тест)

2. Адабиёт (эссе)

3. Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)

4. Алгебра (хаттӣ)

5. Забони русӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ

6. Химия (тест)

Равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва зерравияҳои он

1. Таърихи халқи тоҷик (тест)

2. Адабиёт (эссе)

3. Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)

4. Алгебра (хаттӣ)

5. Забони русӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ

6. Ҳуқуқи инсон (тест)

Равияи табиӣ - математикӣ ва зерравияҳои он

1. Технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ)

2. Адабиёт (эссе) 

3. Геометрия (шифоҳӣ)

4. Алгебра (хаттӣ)

5. Физика (шифоҳӣ)

6. Химия (тест)

Равияи технологӣ ва зерравияҳои он

1. Биология (шифоҳӣ)

2. Адабиёт (эссе) 

3. Технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ)

4. Алгебра (хаттӣ)

5. Физика (шифоҳӣ)

6. Химия (тест)

Синфи 12 (ғоибона)

1. Таърихи халқи тоҷик (тест)

2. Адабиёт (эссе)

3. Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)

4. Алгебра (хаттӣ)

5. Забони русӣ (шифоҳӣ)

6. Химия (тест)