Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дарси вафодорӣ

5 марта 2020 02:03

Количество просмотров: 587

 “Аз таҷрибаи солҳои тадрисӣ дарк намудам, ки “муаллим” новобаста аз хоҳишу хостор вориди зиндагии ҳар  кӯдак ва хонаводаи ӯ  мешавад”. Ин сухани муаллимаи мактаби №53-и ш. Душанбе (ҳоло Гимназияи ба номи Муҳаббат Маҳмудова) Саида Бобоева мебошад.

  Мо донишҷӯёни солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта, асарҳои нависандаи маҳбуб, Баҳром Фирӯзро ба ҳавас мехондем. Ин бор, баъди чиҳил сол, хотираҳои ҳамсари устод, муаллима Саида Бобоеваро, ки  журналист ва нависандаи  пуркор Латофат Кенҷаева ба номи “Таронаҳо бо олиҳаи вафо” китобат кардаанд, бо таҳсину ҳаваси бештар хондам. Чунки андешаву хулосаҳои аз баландии ҳафтод соли умр гуфта, ҳама санҷида, рӯшаншуда ва ҳақиқати зиндагии як оилаи пешқадам ва ҳавасбарангези замони мо мебошанд. Китобро хонда ба фикр меоӣ:  “Муҳаббату вафодории чунин занҳост, ки мардҳо шоир, олим ва ҷангҷӯй мешаванд. Баҳри ватан ва шуҳрат ҷон нисор мекунанд”.


  Китобро хонда он давраҳо, он фазои хонадони шариф, ки  он ҷо муҳаббату саодати зиндагиро эҳсос  мекардӣ,  сухан  аз  китобу китобхонӣ буд,  боз  пеши назарам ҷилвагар шуд.

  Муаллима, дар суҳбат ёдовар мешаванд: “Рӯзе набуд, ки хондани фарзандон бе назорати падар гузашта бошад. Баҳром, ҳатман аз ҳар яке пурсон мешуданд, ки имрӯз чӣ китоб хондӣ? Ба таъкид мегуфтанд: “Инсоне, ки решаи умраш аз фарҳангу адабу илм об мехӯрад, инсони хуб ба камол мерасад”.

  Баҳром  ҷавони  беором, тозаҷӯ  буданд.  Дуруғӯ дағо, ҳаромхӯр, ноҳақӣ ва хӯшомадгӯйҳоро сахт бад медиданд. Дар  ҳикояву  қиссаҳо низ  алайҳи  чунин касон  қалам фарсудаанд. Қаҳрамонҳои асарҳояшон Вафо – Рухсора, Илҳом – Норӣ, ба  рост будану  рост гуфтан, нек будану неки карданашон дар хотири хонанда  мемонад. Ва  ҷойе ҳам  навиштаанд: “Инсонҳо бештар ба зӯру нерумандии ҷисмонӣ ҷаҳд мекунанд: Ба фикрам, фарзанди инсонро накӯкорӣ бояд омӯхт. Ман дар ҳар китобам ба дилҳо тухми накукорӣ мепошам.

  Қиссаву ҳикояҳои  Баҳром  мисли  асарҳои баъзе  нависандаҳо  латифамонанд нестанд. Ҳама  аз  таҷриба, аз зиндагӣ омадаанд: бо содагии  ҷавонӣ, ки ҳама ошно ва дилпазиранд, навишта шудаанд.  Чунин аст, ки китобҳои нависанда,  зуд ба  фурӯш  рафта, даст ба даст мегарданд. 

Дар қиссаи “Рухсора” лаҳзаест:

-Аз ҷониби қаҳрамони асар, Вафо хатое шуду дар маҷлис ӯро муҳокима карда, “танбеҳ” эълон карданд.

Рухсора, дӯстдоштааш Вафоро, ки то ин дам дар долонҳо  ё гӯшаи ҳавлии донишгоҳ вохӯрда, дақиқае ҳамгап мешуданд ва дарҳол мегурехт, танбеҳ гирифтани Вафоро шунида, ӯро кофта меёбад. “Нигоҳаш сар то пойи ҷавонро сила мекард. Қадамзанон то канори шаҳр мераванд”.

-“Шуморо чанд рӯз надида хаёлам ба ҳазор кӯй рафт, - мегӯяд Рухсора. Ба деҳа рафтам, онҷо ҳам, ба дилам ҳеҷ чиз намеғунҷид. Модарам кати ҷанг кардам. Хонангиҳомон ҳайрон шуданд”.

-Ҷанг кардед? Барои чӣ?

-Барои чӣ? Барои шумо. Гуфтам, чӣ ин қадар бечораро гаранг мекунед. “Буғчаатро гиру рав дафъи муъминон шав!”, -гуфтанд модарам.

  Ин сухани содаи духтар баёнгари ишқи сӯзон ва беохираш аст. Чунин духтарон барои ҷавони дӯстдоштааш ҳаёташро фидо мекунад, дасташро гирифта ба осмонҳо мебардорад. Апаи Саиданисо аз чунин занҳост.

  Хотираҳои муаллима ҳам шод ва ҳам ношоданд. Шояд  рӯзгори одамиро аз ин ду матоъ бофтаанд.

  Муаллими ҷавон, Баҳром духтари зебо ва пурғурури хуҷандиро дӯст медоранд. Моҷарои хостгори як сол давом мекунад. Модар ду пойро дар як мӯза карда мегуфтанд, ки духтари ба каси бегона медода надорам. Субҳе, ки духтар зодрӯз дошт, модар дар таги дарвоза даста-даста гулҳоро дида, кори кӣ буданашро пай мебаранд ва ҳамзамон дарк мекунанд, ки дигар пеши ин дарёи пурталотуми  ишқро доштан  наметавонанд.  Аз алам  ва  нотавонӣ  ба духтар ситезманд мешаванд.

-Ин чӣ гап? Ин гапу кори куҷо?

Духтар ба ашки шаш қатор ҷавоб медиҳад.

-Ин кори ҳамон муаллим будагист.

Духтар фақат баъд аз фотиҳа ба дӯстдоштааш ба нахустин мулоқот розигӣ медиҳад.  Он  лаҳза  дар шеъри “Мулоқоти нахустин” ба чунин зебоӣ оварда шудааст.

 На фикре  аз канору  бӯса моро,

На  биншастем бо ҳам  дӯш бар дӯш.

Зи дасти якдигар  гирем гоҳо,

Хиҷил аз кори худ  мондем хомӯш.

 Зиндагӣ бо духтари дӯстдошта Баҳроми шоирро шоиртар ва марди кор кард. Китобҳояш паси ҳам чоп мешуданд: “Розҳои маҳтобшаб”, “Силсила”, “Тафти дил”.  Ин китобҳо ҳама  аз сурудаҳои  давраи ҷавонии  пур аз розу ҳавасҳои шоиранд.

Донишомӯзон дар зинаву долонҳои  донишкадаҳо, гулгаштҳо бо  ҳамқаламону  ҳамрозон шеърҳои шоирро  мехонданд.

Нигоро, номаи ошиқ масӯзӣ,

Суруди ошиқи содиқ  масӯзӣ.

Масӯзон номаи уммедворӣ,

Аз он беҳтар дилосоӣ надорӣ.

 Шоир хоҳ дар  сафар  аст  ё  базму ҷашнест, дилаш дар ҳавои  ёри  ширинҳаракоташ  ҳаст.

Ман ин бода нӯшам ба ёди гуле,

Ки бо ӯ маро хотир осуда аст.

Агарчи дар ин ҷо надорад ҳузур,

Хаёлам, фараҳ дар дил афзудааст.

 

Хотираҳо ҳам шод ва ҳам ношоданд.

Романи “Ғафлатзадагон” нотамом монд, марг дар синни 55-солагӣ нависандаро аз байни мо бурд.

Он рӯзҳо апаи Саиданисо, чун дарахти нафтрехтаю оташ- гирифтаро мемонданд. Аммо зиндагӣ, қонунҳои сангини худро дорад. Бояд фарзандонро саробонӣ кардаю  ба роҳ монд...

Баъдтар фарзанди калонӣ Искандар ба садамаи автомобилӣ дучор шуда дар утоқи эҳёгарӣ беҳуш мехобид. Он рӯз модар чӣ ҳоле дошт... Гоҳ ба даргоҳи Худо  нолаи зор мекард, гоҳ ба духтурон  дар ҷанг мешуд ва ба ҷайбашон пул ниҳода  гирён –гирён  мегуфт: “Писарам, ман модарам, ба ҳолам раҳм кун, сӯзандоруятро гузарон”. Баъди 21-рӯзи беҳушӣ, модар  фарзандашро аз коми марг кашида  гирифт  ва ба пой  монд.

     Бузурге дар ҳаққи чунин модарон гуфтааст:

 Набуд ӯ зан, ки марди маънавӣ буд,

Саҳаргоҳон дуои ӯ қавӣ буд.

Аҷиб, оҳи саҳаргоҳиш будӣ, 

Зи ҳар оҳе, ба Ҳақ роҳеш будӣ.

Оре, ҳамаи ин базму разму сӯхтану сохтанҳоро ном зиндагӣ  аст.

Муаллима ёдовар мешаванд ки: “Соли 1969 аввалин маротиба ба мактаб, ба кор омадаму эҳсоси хоссе маро фаро гирифт. Ҳамарӯза зинаҳоро баромада, ба маҳалли дӯстдошта – утоқи дарсӣ ворид мешавам. Баробари боз кардани дари синфхона, бо нигоҳи даҳҳо чашмони дурахшанда, кунҷкобу меҳрубон ва эътимоддошта, ки ба лабханди дӯстдоштанӣ ба ман нигаронда шудаанд, хира мешавам. Дар иваз ман ҳам муштоқи ин дидор ҳастам. Онҳо аз ман интизор доранд ва ман ҳам саъй мекунам, ки ноумед насозамашон”.

Бале,  шахсе, ки таълими авлодӣ дорад,  дониши замонаро гирифтааст, нисбат ба фарзанди касон, ки бовар карда ба ӯ супурдаанд, ҷавобгарӣ ҳис мекунад.. Масъулият дар назди ватан, миллат ва ояндаи халқаш доштаро дарк мекунад ва  ба  ҳама  қудрату шарафмандие, ки дорад, корсозӣ кардаю дар дили шогирдон дониш ҷой мекунад,  беҳтар  буданро  меомӯзонад.

Муаллима аз таҷриба ёдовар мешаванд:

“Ба ҳар муаллим, мактаб хонаи дуюм  аст, бинобар ин  хотироти мактабро  метавон  хотироти зиндагӣ  низ  номид.  Ин ҷо  метавон  шодию  ғам,  муваффақияту шикаст,  дӯстиву рақобат, ишқу хиёнат  ва  дурӯғу  ростии  ҳам  устодон ва ҳам шогирдонро  шоҳид буд”.

Муаллима дар дарсҳо пайташро ёфтаю ба донишомӯзон гӯшрас мекунанд:

Дар дили ҳар духтар чароғи иффат ва шарму ҳаё ниҳода шудааст. Онро бояд афрӯхта дорад, ки маънӣ ва шарафи зиндагӣ дар он аст. Духтар бо покиза буданаш арзиш дорад. Духтар нангу ори миллат ва номӯси ватан аст”. Ва боз: “ Писар бояд  ҷавонмард буданро дар дил бипарварад. Барои ритсар будан “Шоҳнома”-и Фирдавсиро бояд пурра хонад”.

Саида Бобоева мегӯянд:  “Дар мактаби мо  муаллимони зиёд буданд, ки ҳаргиз  соатро нигоҳ  намекарданд, доим вақт барояшон кам буд. Соатҳои зиёдашонро  сарфи  тадриси  дарсҳои иловагӣ ва дигар барномаҳо мегузаронданд. Мехостанд, ки ҳамаро  омӯзиш,  тарбияту  парвариш диҳанд, бафарҳангу  маданият созанд”.

Оре, дар он солҳо чунин муаллимон буданд,  мактаб зиндагиашон, муҳити  табииашон буд. Чунин буд, ки бештари мардумон роҳи дониш гирифтанд, китобхонию китобдориро дар ҷойи аввал  ниҳоданд. Аз ҷумҳуриҳои бародар меҳмонҳо меомаданд, ҳаваси одобу рафтори ҷавонони моро мекарданд.

Муаллима аз  фарзандон  розӣ ҳастанд: ҳама  аз  рӯи дониш ва касбу  корашон  зиндагии хуб доранд. Ҳама мисли падар китобдӯстанд. Ифтихор  мекунам, ки  он  муҳити омӯзишӣ, тарбиятӣ ва адабӣ-фарҳангӣ, ки доштем, гӯё ба хонадони онҳо  кӯчидааст.

Панҷоҳ сол шудааст, ки  Саида  Бобоева  аз забони модарӣ ва адабиёти тоҷик дарс мегӯянд. Он донишомӯзоне, ки он вақт даҳсола буданд, имрӯз шаст сол доранд. Дар  шаҳр  одамони  зиёде  шогирдашон мебошанд. Чунин  аст, ки  муаллима  аз  кӯчае гузаранд, даҳҳо шиносу ношинос бо эҳсосоти гарм ба истиқболашон  мешитобанд.  Фақат муаллиме, ки  сазовори номи МУАЛЛИМ аст,  чунин ҳурматро дорад, на пулдор ё мансабдоре.

Чунин аст, ки муаллима  бо  дилпурӣ ёдрас мешаванд:

“Бе  муҳобо, зани хушбахтам.   Ман ба омӯзгориву Баҳром ба нависандагӣ дар хидмати халқу ватан будем. Бо одамони нек ҳамкорӣ мекардам. Сӣ соли ҳамзистиву  ҳамсарӣ бо марде, ки нависандаи маҳбуби  тоҷик  аст, бароям як рӯзгори рангини  маънавӣ бо сӣ баҳоре аз ишқ  ва  сӣ баҳори  меҳр  вогузошт”.

Китоби зиндагиамро саҳифа-саҳифа варақ мезанаму болидарӯҳии қавие маро фаро мегирад. Дар он саҳифае бе некӣ, варақе бе хубиҳои Баҳром нест. Саҳаргоҳон бо  шеъраш  аз хоб бедорам  мекард”.

Нисо, ин офтоб аст, офтоб аст,

Нисо гармиву нури беҳисоб аст.

Нисо гулдастаи шодист, ёрон,

Ҳамеша хандаҷӯву хандаёб аст.

Дар охир бояд изофа кунам: Нависанда Латофат  Кенҷаева ба китоб номи  арзанда ҳам гузоштаанд.

“Таронаҳо бо олиҳаи вафо” китобест ба хонанда таълими вафодорию хонадориро меомӯзад, китобест пур аз дониш ва таҷриба. Китобест, ки баъди садсолаҳо ҳам, дӯстону пайвандон онро хонда хоҳанд гуфт:

-Ана, мо чӣ гуна бибии шуҳратёр доштаем. Ва онҳо низ кӯшиши одамони бадониш, бамаърифат буданро дар дил мепарваранд.

Кадоме рӯз сари роҳ, ба дидорбинии муаллима даромадам. Он кас ёдовар шуданд: Ба фарзандон маслиҳат кардаю қарор додем, ки асарҳои Баҳромҷонро дар ду қисм чоп мекунем. Охир имсол 80-солагии зодрӯзашон аст, мебояд тӯҳфае ба ёдаш бикунам. Ва боз: - Ҳама чиз пир шуду ёди Баҳромҷонам пир нашуд...

МИРЗОНАСРИДДИН

нависанда