Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Бе азми дурусту саъйи комил…

18 августа 2021 10:08

Количество просмотров: 674

Бонуе изҳор дошт, ки мехоҳад бо ман вохўрад, зеро чанд ҳарфи гуфтание дорад. Дар вақту соати таъйингардида ў бо чеҳраи хандон пешвозам гирифта, бошитоб худ ва ҷавондухтари ҳамроҳашро бароям муаррифӣ намуд:

- Умия Камолова ҳастам, хидматчии давлатӣ ва ин кас духтарам Ноилабону, хатмкардаи литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе. Шуморо ҳамчун корманди нашрияи «Омўзгор» ғоибона мешиносам. Маводи дар ҳафтанома чопшударо аз тариқи сомонаи расмии он пайваста пайгирӣ менамоям, ҳар як хабару гузориш, мақолаҳои таҳлилӣ, ҳикояву лавҳа, навиштаҳои пурмазмуни муаллифон ва ҳайати эҷодии ҳафтанома:  Ноилшоҳ Нурализода, Абдурауф Муродӣ, Насриддин Охунзода, Шодӣ Раҷабзод ва Ҳотами Ҳомидро бодиққат мехонам. Зеро дар онҳо тамоми комёбӣ, пешрафт, муваффақият, мушкилоту проблемаҳои маориф дарҷ ёфтааст. Аз ин хотир, тасмим гирифтам, ки ҳарфҳои дилам, арзи сипосамро маҳз ба воситаи ҳафтаномаи дўстдоштаам - «Омўзгор» ба инсони шариф, омўзгори дилсўз, собиқ директори литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода изҳор намоям. Зеро дар таълиму тарбияи ҳарду фарзандам - Фирдавс ва Ноилабону Ҷалолзодаҳо саҳми калон гузоштаанд. Фирдавс ва Ноилабону маълумоти ибтидоиро дар гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, таҳти роҳбарии муаллимаи хушном Зулфия Иномова гирифта, сипас, таҳсилро дар литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе идома доданд. Роҳбари синфи Ноилабону Маҳбуба Салолова ҳамчун омўзгори кордону соҳибтаҷриба раванди илмомўзияшро ҷиддӣ назорат мебурд, аммо директори литсей низ кўшишу талош ва пешрафтҳои духтарамро мушоҳида намуда, пайваста дастгирияш мекард. Ҳамчун хонандаи фаъол ўро аз пардохти маблағи таҳсил озод намуд. Маҳз бо ташвиқи роҳбари муассиса Баҳром Исмоилзода духтарам иштирокдори озмуну олимпиадаҳо гардид. Ҳамаи ин заҳматҳо натиҷа доданд, Ноилабону иштирокдори ҳамешагии озмунҳо гашт ва дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанни таърих ва ҳуқуқ ҷойҳои ифтихориро ба даст овард.

Ҳамсуҳбатам Умия Камолова афзуд, ки аз солҳои аввали таъсиси литсейи мазкур бо сатҳи баланди таълиму тарбия ва доштани шароити муосири таълимӣ миёни дигар мактабҳои миёнаи умумӣ ва типи нав пешсаф буду ҳаст. Бо омадани Баҳром Исмоилзода раванди таълиму тарбия боз ҳам такмил ёфт.

Маҳз бо талошҳои Б. Исмоилзода дар муассиса аввалин синфҳои таълимашон ба забони англисӣ таъсис ёфт. Вақте теъдоде аз хонандагонро ба ин синфҳо ҷалб карданд, волидон нигарон буданд, ки оё фарзандонашон аз уҳдаи таҳсил дар ин гурўҳҳо мебаромада бошанд, чунки онҳо то имрўз ба забони тоҷикӣ таҳсил карда буданд. Аммо муаллими пуртаҷриба Исмоилзода падару модаронро дилпур кунонд, ки бачаҳо донишҳои бунёдиро дар дарсҳои забони англисӣ азхуд кардаанд ва бо сарбаландӣ аз уҳдаи дарсҳо мебароянд. Яке аз он хонандагон, духтари банда Ноилабону буд, ки солҳои минбаъд бо забони англисӣ таҳсил намуда, донандаи хуби на танҳо забони англисӣ, ҳамчунин, забонҳои русию кореягӣ шуд.

Таъсиси кўдакистон ва гурўҳҳои омодагӣ ба мактаб дар назди таълимгоҳ яке аз тасмимҳои дигари Б. Исмоилзода буд, ки хушбахтона, ба ин кор муваффақ ҳам шуд. Инчунин, бинои иловагӣ дар кўтоҳтарин фурсат бунёд гардида, дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.

Муҳити созгори муассиса ва заҳмати омўзгорони сахтгиру меҳрубон боис гардид, ки ҳарду фарзандам литсейро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ба мактабҳои олӣ ба тариқи буҷавӣ дохил шаванд. Имсол Ноилабону аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд, ки дар ин муваффақияти фарзандам саҳми ҳайати омўзгорони литсей, хусусан, директори собиқи он Баҳром Исмоилзода зиёд аст. Барои хидматҳои шоиста ҷиҳати соҳибилм гардидани фарзандонамон мо аз омўзгори асил ва инсони заҳматкашу бунёдкор Баҳром Исмоилзода миннатдорем.

Манбаъ аз сомонаи расмии "Омӯзгор": http://omuzgor-gazeta.tj/blog-detail.php?id=5129