Количество просмотров: 4320
Осор ва зиндагиномаи Мавлоно
“Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ” ки ба далели иқомат дар шаҳри Қуния ба “Мавлои Рум” машҳур шудааст.Дар 6 уми рабиъул аввали соли 604 ҳиҷрӣ қамарӣ (29 сентябри соли 1207 мелодӣ) дар шаҳри Балх ба дунё омадааст.Ӯ бо тахаллусҳои “Мавлоно”, “Мавлавӣ”, “Худовандгор” ва “Хамуш” машҳур аст. Падари ӯ “Муҳаммад бини Ҳусайн Хатиб” маъруф ба Баҳоуддин Валад ки яке аз суфи ва орифи бузурги асри хеш буд. Баҳоуддин ба сабаби душманиву кинатузи афроде, ки ба мухолифату маром ӯ буданду Муҳаммад Хоразмшоҳро бар зидди ӯ шур ангехта буданд.Тарки шаҳру диёри худ карда ва қасам ёд мекунад то замоне Муҳаммад Хоразмшоҳ ба сари ҳокимият аст ба Балх боз нагардад. Ба дурусти маълум нест, ки Баҳоуддин дар кадом сол аз Балх ҳиҷрат карда аст аммо аз руи гуфтаҳо дар он ҳангом Ҷалолиддин 13 сол дошт.Онҳо дар тули сафари хеш дар шаҳрҳои зиёде аз ҷумла Нишопур, Шом ва дигарҳо иқомат кардаанд.
Онҳо ҳамчунин барои зиёрати хонаи Худо азми Макка шуданду саранҷом ба даъвати Алоуддини Қайиқбод азми Қуния шуда ва мавриди таваҷҷуҳи он диёр қарор гирифтанд. Баҳоуддин саранҷом дар ҳудуди соли 628 ҳиҷрӣ қамарӣ аз дунё рафту фарзандаш Ҷалолиддин ки дар он ҳангом 25 сол дошт бар маснади падар такя зад.
Ҷалолиддин наздики 9 сол бо Саид Бурҳониддин муҳақиқи тирмизӣ ки аз дустони падараш буд ба риёзат пардохт ва илмҳои мухталифро аз ӯ омӯхт.
Буд дар хидматаш ба ҳам нуҳ сол,
То ки шуд мисли ӯ ба қилу ба қол.
Тулуъи Шамс
Мавлоно дар остонаи 40 солаги марди ба тамоми маъниву ориф ва донишманди даврони хеш буду муридону оммаи мардум аз ӯ баҳра мебурданд то ин ки қаландари гумному жандапӯш ба номи Шамсиддин Муҳаммад бинни Маликдоди Табрезӣ рӯзи шанбеи 26 ҷимодулхайри санаи 642 ҳиҷрӣ қамарӣ ба Қуния омаду ба Мавлоно бархурд карду офтоби дидораш қалбу рӯҳи Мавлоноро бигдохту шайдояш кард. Шайдоии худро Мавлоно ингуна баён кардааст:
Зоҳид будам тарона гуям кардӣ,
Сар ҳалкаи базму бода ҷуям кардӣ.
Саҷода нишини бо виқоре будам,
Бозичаи кудакони куям кардӣ.
Чи гуна пайвастани Шамс ба Мавлоно
Рӯзе Мавлоно бо хурсанди ва бехиёл аз роҳи бозор ба хона боз мегашт ногаҳон нафари ношиносе аз байни ҷамаот пеш омаду густохона суоле аз ӯ кард: сарофи олами маънӣ, “Муҳаммад (с) бартар буд ё Боязиди Бастомӣ?”
Мавлоно ки олитарин мақоми авлиёро аз нозилтарин мартабаи анбиё ҳам фурутар медонист бо хашм ҷавоб дод: “Муҳаммад (с) сарҳалқаи анбиёст Боязиди Бастомиро бо ӯ чи нисбат!”. Аммо дарвеши тоҷирнамо бо ин ҷавоб қонеъ нашуда бонг бардошт: “ пас чаро он як (Субҳонака мо арафнок) гуфту ин як (Субҳони мо аъзам шони) ба забон ронд”?
Мавлоно лаҳзае фикр кард ва гуфт: “Боязид танг ҳусила буд ба як ҷуръа арбада кард.Муҳаммад дарёи нуш буд ҳарҷи қадаре нуш мекард аммо ақли худро аз даст надод”. Мавлоно инро гуфта пас ба марди ношинос нигарис ва сипас бегонагии онҳо табдил ба ошнои гашт.
Нигоҳи Шамс ба Мавлоно гуфта буд аз роҳи дур ба ҷусту ҷуят омадам аммо бо ин бори гарони илм ва пиндорат чи гуна ба мулоқоти Аллоҳ метавони расид? Ва нигоҳи Мавлоно ба ӯ посух дода буд: маро тарк макун дарвеш ва ин бори гаронро аз шонаҳои ман бардор.
Пайвастани Шамс бо Мавлоно дар ҳудуди соли 642 ҳиҷрӣ итифоқ афтод ва ӯро волаву шайдо кард,ки дарсу вазъро канор гузошту ба шеъру таронагуи пардохт.Шамс ба Мавлоно чи гуфту чи омӯхту чи фасонаву фусуне сохт, ки саропо дигаргунаш кард муаммое аст, ки “кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо” вале возеҳ мешавад, ки Шамс марди олиму ҷаҳондида буд.Бархе ба хато гумон кардаанд, ки ӯ аз ҳеҷ донишу фан огоҳи надоштааст аммо дар ҳақиқат Шамс донишманд ва дорои илми Қуръони буд.
Ғуруби мувақати Шамс
Рафта рафта оташи хасми муридон зиёд мешуд.Онҳо медидан, ки Мавлоно муриди жандапуши гумном гаштаву ба онҳо ҳеҷ таваҷҷуҳ намекард аз ин ру фитнаҷуиро оғоз карданду дар аёну ниҳон ба Шамс носазо мегуфтанду ҳамаги ба хуни Шамс ташна буданд. Шамс аз гуфтору рафтори муридони Мавлоно ранҷида панҷшанбеи 21 соли 643 Қунияро ба мақсади Димишқ тарк кард. Шамс дар ҳиҷоби ғайбат фуру шуду Мавлоно низ дар оташи ҳиҷрони ӯ ноорому беқарор гашт. Муридон диданд, ки рафтани Шамс низ Мавлоноро мутаваҷеҳи онон накард лобакунон омаданду аз ӯ пурсиш хостанд:
Мавлоно фарзанди худ Султон Валадро ҳамроҳи ҷамъе ба Димишқ фиристод то Шамсро ба Қуния боз гардонанд. Султон Валад ҳам ба фармони падар ҳамроҳи ҷамъе аз ёрони сафарро оғоз кард пас аз таҳамули сахтиҳои роҳ Шамсро ёфта онро ба Қуния боз овард ва Мавлоно аз гирдоби ғаму андуҳ раҳо шуд.
Ғуруби доими Шамс
Пас аз баргаштани Шамс Мавлоно ду бора хурсанди дар дилаш шукуфт то ин, ки ду бора оташи хашми муридон шуълавар шуд. Шамсро ду бора ранҷониданд ва Шамс ранҷида азми сафарро пеш гирифт ва чунин баён намуд:
Хоҳам ин бор он чунон рафтан, ки надонад касе куҷоям ман,
Ҳама гарданд дар талаб оҷиз надиҳад касе нишон зи ман ҳаргиз.
Ӯ чандин бор ин суханро такрор карду саранҷом аз Қуния ғайб зад.
Шайдои Мавлоно
Мавлоно дар фироқи Шамс ноором шуду як бора дил аз даст бидоду рӯзу шаб ба самову рақс пардохт ҳоли ӯро чунин баён карданд:
Рӯзу шаб дар само рақсон шуд,
Бар замин ҳамчу чарх гардон шуд.
Ин шайдои ӯ бадонҷо расид, ки Қунияро ба хотири Шому Димишқ тарк кард:
Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К аз деву дад малулам, инсонам орзуст.
Мавлоно ҳар чи қадар гашт Шамсро наёфт ночор ба Қуния боз гашт. Дар ин сайри руҳони ӯ сафари маънавӣ ҳар чанд, ки Шамсро ба сурати ҷисм наёфт вале ҳақиқати Шамсро дар худ диду дарёфт, ки ончи ба дунболи уст дар худ ҳозир аст. Мавлоно ба Қуния баргашту рақсу саморо аз сар гирифту пиру ҷавон ҳамонанди сайёраҳову офтоб мерақсиданду чарх мезаданд. Мавлоно саморо василае барои тамрини раҳоиву гурез медонист. Чизе,ки ба рӯҳ кумак мекард то дар раҳои аз ончи ӯро беқарор мекард.
Салоҳиддини Заркӯб
Мавлоно бинобар ақидаи орифону суфиён бар ин бовар буд, ки ҷаҳон ҳаргиз аз мазҳари Ҳақ холи нагарду Ҳақ дар ҳама музоҳир пайдову зоҳир аст. Инак бояд дид, ки он офтоби ҷаҳонтоб аз кадомин карона сар бурун меовараду аз вуҷуди чи кас намоён мешавад?
Рӯзе Мавлоно аз ҳавлии заркубон мегузашт аз овози зарби эшон ҳоле дар вай зоҳир шуду ба чарх дар омад шайх Салоҳиддин ба илҳом аз дӯкон берун омаду сар дар қадами Мавлоно ниҳоду аз вақти намози пешин то намози дигар бо Мавлоно дар самоъ буд. Бад ин тартиб буд, ки Мавлоно шефтаи Салоҳиддин шуду шайх Салоҳиддини Заркуб тавонист ин лаёқату шоистагиро дар худ ҳосил кунаду ҷои холии Шамсро то ҳудуде пур созад. Салоҳиддин марди омиву оммо аз мардуми Қуния буду пешаи оҳангари дошту аз илму савод бебаҳра буд. Мавлоно Заркӯбро халифаи худ сохту ҳатто Султон Валадро бо он ҳама мақому илме, ки дошт супориш кард то Заркӯбро гуш кунад.Ҳар чанд Султон Валад таслими супориши падари худ буд вале дар айни ҳол мақоми худро ба вижа дар улуму маориф бартар аз Заркӯб медонист вале сар анҷом дарёфт, ки маълумоту маорифи зоҳирӣ наметавонад чорасози мушкилоти руҳиву маънавӣ бошад. Ӯ бо ин таъомил худ биниро канор гузошту аз сари сидқу сафо муриди Заркӯб шуд. Салоҳиддин низ ҳамонанди Шамси Табрезӣ мавриди ҳасодати муридон воқеъ мешуд аммо ба ҳар ҳол муддати даҳ сол бо Мавлоно буд то ин, ки Заркӯб бемор шуду сар анҷом хирқа тиҳи карду дар Қуния дафн шуд.
Ҳисомуддини Чалабӣ
Ҳисомуддини Чалабӣ яке аз муриди беҳтарини Мавлоно буд. Мавлоно бо ӯ низ даҳ сол маҷолис дошту ҳатто назми китоби шариф “Маснавӣ” ба дар хости ӯ сурат гирифт аммо қабл аз оғози дафтари дуввум завҷаи Ҳисомуддин вафот ёфту Мавлоно ҳам писари ҷавонаш Алоуддинро ки сиву шаш сол дошт аз даст дод аз шиддати таъсир ба ҷанозаи ӯ ҳозир нашуд . Дуруст аст, ки байни Алоуддин бо падар дар ин аём ихтилофоте вуҷуд дошт аммо бешак ин ихтилофот монеъ аз таъсири шадиди падар дар марги фарзанд нашуд. Ба ин тартиб муддати ду сол назми “Маснавӣ” мутавақиф шуду дар сол 662 ҳиҷрӣ оғоз шуд.
Ҳисомуддин назди Мавлоно мақоми волову азиз дошт: рузе Мавлоно бо ҷамъе асҳоб ба аёдати Чалабӣ мерафт дар миёни маҳала саге баробар омад, касе хост сагро биранҷонад фармуд саги куи Чалабиро нашояд задан.
Ман ба шерон кай диҳам як муи ӯ,
Он сагеро, ки бувад дар куи ӯ.
Ҳамчунин овардаанд, ки аз ҳазрати Худовандгор (Мавлоно) савол кардаанд, ки аз ин се халифаву ноиб кадомин ихтиёр аст? Фармуд: Мавлоно Шамсиддин ба мусобити офтоб асту шайх Салоҳиддин дар мартабаи моҳ асту Ҳисомуддин миёнашон ситора аст рушану раҳнамо.
Осори Мавлоно
Осори Мавлоноро ба ду қисмат (манзӯму мансур) метавон тақсим кард. Осори манзӯм:
1.Маснавӣ, машҳур ба “Маснавии Маънавӣ” (ё Маснавии Мавлавӣ) номи китоби беҳтарини Мавлоност.Ин китоб аз 26000 байту 6 дафтар ташкил шуда яке аз беҳтарин китоби роҳи исломӣ мебошад. «Маснавии Маънавӣ», ки аз шаш дафтар иборат буда бо чунин зайл таксимот шудааст. Замин- Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундаричаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ хаёти фалсафи ва динӣ дар ислом аст. Банда дар ақидаи олам, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шаш дафтари «Маснавии Маънавӣ»-ро ба шаш пайғамбари мурсал ташбеҳ додаст. 1. Одам (с), Нӯх (н) Иброхим (х) Мусо (к) Исо (р) Мухаммад (с).
Баъди ғайб задани Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддин бо Ҳисомуддин марди Ҳак буд аз ин лиҳоз ба Ҷалолиддини Балхӣ бағоят наздик ва дусти ҳақиқи мешаванд. Бо маслиҳати Ҳисомуддин дар мудати 10-сол «Маснавии Маънавӣ»-ро менависад. Худи Ҷалолиддин дар ҳар як дафтараш Ҳисомуддинро зикр мекунад:
Эй Зиёулҳақ Ҳисомуддин тувӣ,
Ки гузашт аз маҳ ба нурат «Маснавӣ».
«Маснавӣ»-ро чун ту мабдоъ будаӣ,
Тор фузун гардад, туяш.
Маснавӣ китобест таълимию дарсӣ дар заминаи ирфону тасаввуф ва ахлоқӣ мебошад.
Дар ин китоб 424 достон ба шеваи тамсил омадааст, достони сахтиҳои инсон дар роҳи расидан ба Худоро баён мекунад. Байти нахустин дафтари аввали Маснавии Маънавӣ ба “найнома” шуҳрат дорад ва аз 6 дафтар иборат аст.Ин китоб ба дархости шогирди Мавлавӣ , Ҳисомуддин дар солҳои 662 то 672 ҳиҷрӣ таълиф шуд.
2.Ғазалиёт: ин бахш аз осори Мавлоно ба “Куллиёт” ё “Девони Шамс” (Девони Кабир) маъруф гаштааст, зеро Мавлоно ин девонро пас аз ғаёб задани Шамс дар фироқ навиштааст аз ҳамин сабаб номи “Девони Шамс” гирифтааст. Дар ин Девон маҷмуи ғазалҳои Мавлоно бештар аз 3000 аст.
3. Рӯбоиёт: Мавлоно дар баробари он асарҳои бузург боз дорои рубоиёт мебошад, ки шумораи рӯбоиҳои Мавлоно ба 1659 аст ва маънои асосии рӯбоиҳои ӯ оид таълиму тарбия , ишқу ошиқӣ рафтори хуби инсонӣ ва расидан ба беҳтарин мартаба мебошад.
Осори мансур:
1.Фиҳӣ мо Фиҳӣ: ин китоб маҷмуаи тақрироти Мавлоност, ки дар маҷолиси худ баён кардаву писараш Султон Валад ё яке аз муридон ёддошт кадааст. Фиҳӣ мо Фиҳӣ дар мавриди касир бо Маснавӣ шабоҳат дорад нисбат ба Маснавӣ равшантару возеҳтар аст зеро ин аср ба шакли наср китобат шудааст.
2.Макотиб:ин асар ба шакли наср асту муштамил бар номаҳову мактуботи Мавлоно ба муосирини худ.
3. Маҷолис сабъа:ин асар иборат аст аз маҷолиси Мавлоно яъне суханрони ӯ ки бар сари минбар баён фармудааст.
Марги Мавлоно
Ҳазрати Мавлоно 5 ҷимодулхайри соли 672 (16 декабри соли 1273 мелодӣ) дар Қуния вафот мекунад ва ҳамонҷо ба хок супорида мешаванд. Мавлоно чунин фармуда буданд:
Зиндагӣ,ишқ ва марг аз дидгоҳи Мавлавӣ
Мавлоно дар Маснавиву дар дигар китобҳои худ, назари худро дар зиндагиву ишқу марг иброз кардааст.
Зиндагӣ, ишқ
Аз назари таълимоти Қуръониву орифону Мавлоно зиндагии ин ҷаҳонӣ сояе аз зиндагонии воқеи асту набояд ба он дил баст барои он, ки гузаро ва ранҷовар аст. Ва ин зиндагӣ аз ҷиҳати он, ки дар роҳ бошад ё бероҳ, таклифи ӯро ду унсур ишқу нафс муайян мекунад. Нафс фуру кашандаи зиндаги аст онро ба қаҳри зиллат мебараду табоҳ мекунад.Ишқ дар муқобили нафс онро ба беҳтарин роҳ мебарад.
Нафс ин душмани асоси инсон аст, ки зиндагиро ба роҳи нестӣ мекашад ва шарманда кунандаи одамист:Чунон ки дар Мусҳафӣ Шариф Парвадгори осмонҳову замин мефармояд дар сураи Шамс дар оятҳои 7 то10 “ қасам ба нафс ( и одамӣ) ва Зоте, ки ӯро дурустандом намуд, сипас шинохти гуноҳи ӯ ва парҳезкории ӯро дар дилаш андохт. Ва ба дурустӣ, ҳар ки нафсро пок сохт, растгор шуд. Ва ба дурустӣ, ҳар ки онро ба гуноҳ пӯшонид, зиёнкор шуд”.
Ишқ ин асоси зиндагии ин оламу он олам ва расидан ба мартабаи инсонист.Мавлоно ишқи илоҳиро беҳтарин мешуморад зеро ӯ суфи буд ва дар олами суфиҳо яке аз рукнҳои асосии аввалин дараҷа ишқи илоҳист.
Мавлоно ки худ суфии бузург буд дар зиндаги ишқро аз ҳама чи боло медонист ва ишқро пуле медонист расидан ба Худо. Дар ғазале баён мекунад:
Зиҳи ишқ, зиҳи ишқ, ки морост Худоё,
Чи нағз асту чи хуб асту чи зебост Худоё.
Мавлоно, ки дар роҳи ишқу ҷусту ҷуи Худо буд .Чунин баён мекунад: яъне Худо дар куҷост? “Ман талош кардам Ӯро дар салиби масеҳи пайдо кунам,аммо Ӯ онҷо набуд; Ман ба маьбади ҳиндуҳо рафтам ва инчунин ба парастишгоҳҳо, аммо нишоне ва асаре аз ӯ ба даст наовардам; Куҳҳову дарраҳоро ҷустуҷу кардам, аммо на дар иртифо ва на дар аьмок нишоне аз ӯро наёфтам; Инчунин ба Каьба ба шаҳри Макка рафтам ,аммо онҷо низ набуд; Ҳамчунин файласуфон ва олимону донишмандонро суол кардам, ки ӯ куҷост, аммо ӯ фаротар аз маьрифату дарки онхо буд;”Ва баъд билохира ба қалби хеш нигаристам ки Ӯ ончо маскан гирифта буд, ҷуз инҷо дар хеҷ ҷои дигар наметавон Худоро ҷуст”.
Марг
Ин ҷост, ки марг дигар ба маънои қатъи зиндагӣ нест. Оғози зиндагии нав аст. Аз назари Мавлоно ва орифон , ин зиндагии дигар, фақ дорад бо ҳаёти ду борае, ки дин навидашро медиҳаду интизори биҳишт бо худ дорад. Зиндагии маънави аст, бениёз аз ҷисм, ҷисм ҳаст вале дар ҷон ҷазбу мавҳ мешавад. Расидан ба қуллаи зиндаги аст. Мавлоно дар достони “Тутиён” дар Маснавӣ баён мекунад “то намирӣ, на раҳӣ”. Яъне марг раҳои аз зиндагии ду рӯза ба зиндагии абадӣ.
Мавлоно дар ғазале баён мекунад:
Аз марг чи андеши чун ҷони бақо дорӣ,
Дар гур намеғунҷи чун нури Худо дорӣ.
Ҳафт панди МАВЛОНО
1.Дар бахшидани хатои дигарон монанди шаб бош.
2.Дар фурутани монанди замин бош.
3.Дар меҳру дустӣ монанди хуршед бош.
4.Ҳангоми хашму ғазаб монанди кӯҳ бош.
5.Дар саховат ва кумак ба дигарон монанди руд бош.
6.Дар ҳамоҳангиву канор ба дигарон монанди дарё бош.
7. Агар мехохи дигарoн хуб бошанд, худат хуб бош монанди оина.