Раванди ташаккул ёбии халқи тоҷик ҳануз дар асрҳои IV-V оғоз ёфта ва қариб дар асрҳои IX-X дар замони Сомониён анҷом ёфт. Нажоди этники тоҷиконро баъзе қабилаҳои қадимии Осиёи Миёна: Бохтариҳо, сарматҳо тохариҳо суғдиҳо сакоиҳо ва масагетҳо ташкил медоданд. Тоҷикон ба монанди дигар форсизабонҳо ба монанди Ҳиндуҳо ва халқҳои Нуристон ба нажоди ориёиҳо дохил мешаванд. Гузаштагони халқи тоҷик бо забони шарқи эрони, муошират менамуданд. Ин аст, ки гузаштагони аждодони тоҷикони муосир на бо забони форси ...
Дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 1450 кӯлҳо ба кайд гирифта шудааст, ки баъзеи онҳо дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мебошанд. Кишвар аз кӯлҳои зебо бой буда, ҳар як кўл таърихи пайдоиши худро дорад. Ҷанубтар аз дараи Зоол, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кӯли калони шури Қарокўл, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки чуқурии он 236 метр мебошад. Муайян карда шудааст, ки кул дар давраи яхбандии сахт бавуҷуд омада ва чуқурии он бо пиряхҳои яхбаста доимо пушонида шу...
Забон воситаи муҳимтарини робита байни одамон, ҳастӣӣ, рукн ва симою пайкари миллат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон забонро симо ва пайкари миллат дониста, зебо ва тавоно нигоҳ доштани онро таъкид карда буданд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад.» Тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз мо – соҳибзабонон масъулияти зиёдеро талаб м...
Таълими достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар синфи 11 Мувофиқи «Барномаи таълими адабиёти тоҷик дар синфҳои V-XI», соли нашраш Душанбе 2007 барои омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (ё Хатлонӣ) 2 соат ҷудо шудааст, ки 1 соати онро ба таълими достони «Комде ва Мадан» ҷудо менамоем. Мавзӯи дарс: «Таҳлили мазмун ва образҳои «Комде ва Мадан», муносибати он бо асари Бедил» Салоҳиятҳо: - донистани мазмуни достон, таҳлили образҳои достон Х...
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сен...
Дар бахши таҳқиқи таърих ва фарҳанги солҳои бистуми қарни ХХ саҳифаҳои торику норўшан ҳоло ҳам кам нестанд. Масалан, чунин як масъалаи муҳим, ба монанди истифодаи молиёти хазинаи вақф дар ташаккули фарҳанги навини тоҷик то ҳол дар таърихшиносии тоҷик мавриди барассиву таҳқиқ қарор нагирифтааст. Мутаассифона, баъзе муҳаққиқон онро масъалаи дуюмдараҷа ҳисобида, бархе дигари пажўҳишгарон онро умуман нодида мегиранд. Акнун назари иҷмолӣ ба рўйдодҳои солҳои аввали барқароршавии сохти давлат...
Имрӯз башарият гирифтори таҳаввулоти азиме аст, ки онро инқилоби иттилоотӣ низ мегӯянд. Ин инқилоб қодир аст, ки ҳаёти инсон – кор, зист, тарзи андеша ва ҳатто муносибат ба худашро куллан тағйир диҳад. Тафовути он аз инқилобҳои технологии қаблӣ, ки ба моддиёт ва энергия такя мекарданд, дар он аст, ки ба тағйир додани мафҳумҳои мабноии мо аз қабили вақт, фазо, масофа ва дониш асаргузор шудааст.
Таи чандин солҳост, ки наврасони (аҳолии) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун сокинони ин марзу буми аҷдодӣ дар қатори аҳолии дигар давлатҳои узви ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба интернетро доранд. Бояд гуфт, ки Интернет чун насли нисбатан ҷадиди воситаи коркарди иттилоот аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногунғоя дар худ ҳамто надорад. Ин аст, ки интернетро баробари шабакаи ҷаҳонӣ унвон кардан, инчунин ба ҳайси тори анкабути умумиҷаҳонӣ ном мебаранд ва ҳамзамон таъсири онро дар ташаккули (ҳуқуқии) одамият...
Новобаста аз сабукиҳо ва имконоти фароҳам овардаи Интернет бонги хатари он ҳамарӯза ба гӯш мерасад. Мутахассисон дар бораи зарари воситаҳои истифодаи Интернет (аз ҷумла телефонҳои мобилӣ) ба саломатӣ ва шуури одамон зиёд мегӯянд. Яке воситаҳои интернетро сабаби камхобӣ, дигаре сабаби фаромӯшхотирӣ, сеюмин сабаби гирифтор шудан ба бемориҳои музмир ва чорумӣ сабаби дур шудан аз дунёи воқеӣ медонад. Аммо ҳеҷ як ҳушдори на табиб ва на таҷрибадорон вобастагии қишри калони ҷомеа аз Интернетро бартараф карда наметавона...
Осор ва зиндагиномаи Мавлоно “Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ” ки ба далели иқомат дар шаҳри Қуния ба “Мавлои Рум” машҳур шудааст.Дар 6 уми рабиъул аввали соли 604 ҳиҷрӣ қамарӣ (29 сентябри соли 1207 мелодӣ) дар шаҳри Балх ба дунё омадааст.Ӯ бо тахаллусҳои “Мавлоно”, “Мавлавӣ”, “Худовандгор” ва “Хамуш” машҳур аст. Падари ӯ “Муҳаммад бини Ҳусайн Хатиб” маъруф ба Баҳоуддин Валад ки яке аз суфи ва орифи бузурги асри хеш буд. Баҳоуддин ба сабаби душма...