Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






21 декабри соли равон пайвастшавии сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳал ба амал меояд

21 декабря 2020 08:12

Количество просмотров: 484

21 декабр ду сайёраи бузург — Зуҳал ва Муштарӣ ба якдигар наздик мешаванд. Чунон наздик мешаванд, ки онҳоро танҳо бо телескопи хурд дидан мумкин аст. Ин ду сайёра аллакай ба ҳам наздиканд, ки онҳоро бо чашми одӣ фарқ кардан душвор аст. Дар тӯли чанд рӯзи оянда, онҳо пеш аз ҷудо шудан ба як объект муттаҳид мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизика, доктори илмҳои физика-матемактика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.

Бино ба гуфтаи олими тоҷик, ду сайёраи азими бузург аз газ иборатаанд, ки дар Системаи Офтобӣ Муштарӣ ва Зуҳайл дар вақти ғуруби 21 декабр ҷуфт мешаванд. Дар Тоҷикистон пайвастшавии наздиктарини онҳоро дар қисми ҷанубу ғарбии осмон наздик ба уфук баъди ғуруби Офтоб мушоҳида кардан мумкин аст. Аз сабаби он, ки масофаи зоҳирии байни Муштарӣ ва Зуҳайл камтар аз 1 дараҷа мешавад, бо чашми одӣ фарқ кардани онҳо мушкил мегардад. Сабаби дигар – ин равшании Муштарӣ аз дурахшонии Зуҳал зиёдтар аст ва барои дар ҷудоӣ мушоҳида кардан асбобҳои махсус ба монанди дурбин зарур аст.

Ба гуфти директори Институти астрофизика, доктори илмҳои физика-матемактика, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон  Гулчеҳра Қоҳирова ин ҳодисаи нодириест, ки олимон ва дӯстдорони илми астрономия онро солҳоиз иёд интизор буданд.

Ин ҳодисаи астрономиро гурӯҳи астрономҳои ҷаҳон кушиш доранд, ки тавассути шабакаи иҷтимоӣ YouTube-зинда пахш намуда аз ҷараёни он астрономҳо аз тамоми ҷаҳон назари худро иброз намоянд.

«Агар  осмони Тоҷикистон соф шавад, тамошои ин падидаи ҷолиби астрономӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АМИТ ба хоҳишмандон бо ёрии телескоп ташкил карда мешавад» изҳор дошт номбурда.


/АМИТ «Ховар»/.