Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Забон-симо ва пайкари миллат

13 декабря 2019 02:12

Количество просмотров: 1441

    Забон воситаи муҳимтарини робита байни одамон, ҳастӣӣ, рукн ва симою пайкари миллат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон забонро симо ва пайкари миллат дониста, зебо ва тавоно нигоҳ доштани онро таъкид карда буданд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад.» Тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз мо – соҳибзабонон масъулияти зиёдеро талаб мекунад, чунки бо ин забон абармардону забардастони риштаи сухан Рӯдакию Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон осори оламшумули хешро офаридаанд. Омӯхтану донистани забони модарӣ барои ҳар як шахс шарт ва зарур аст. Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарии худро омӯхтан ва ҳифз намудан чунин гуфтааст: «Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад».
Ба андешаи Аҷзии Самарқандӣ забондонӣ аз хуб донистани забони модарӣ сарчашма мегирад:

                                       Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
                                       Ҳама рӯзе ба кор ояд, зарар нест.
                                       Надонӣ гар забони давлати худ,
                                       Пушаймонӣ надорад, оқибат суд.

Расул Ғамзатов шахсеро, ки забонро намедонад ба шиноваре монанд кардааст, ки шиноварӣ карда наметавонаду худро ба дарёи пурталотум ҳаво медиҳад.
Асосгузори ҷараёни маорифпарварӣ Аҳмад Махдуми Дониш дар асари «Наводир-ул-вақоеъ» қиссаеро бо номи «Шабе дар Петербург» овардааст, ки дар бораи надонистани забон, азобу машаққати он сухан меравад. Боре дар пойтахти императори рус будааст. Маҳалле оташ мегирад. Ба берун баромада аробаеро бо ходимаш мебинад ва бо лафзи бетартиб «Агун паридуш?» - гӯён мақсадашро баён мекунад. Аробачӣ фавран ӯро шинонда ба он маҳалла мерасонад, аммо вақти баргаштан асп ва аробаи худро намеёбад. Ба аробаи дигар мешинад. Аз сабаби надонистани забон панҷ соат дар кӯчаҳо саргардон мешавад. Ва дар охир аробачӣ ӯро ба назди миршаб мебарад. Вақте ки миршаб савол медиҳад, Аҳмади Дониш «Моя паслоник чалавик», яъне ман ҳамроҳи элчиам – гуфта ҷавоб медиҳад. Миршаб аз сухани нависанда огоҳ шуда, аробачиро супориш мекунад, ки Аҳмади Донишро ба сафоратхона барад. Дар баробари омӯхтану донистани забони модарӣ ҷавонон бояд забонҳои дигарро низ омӯзанд, ки ин нуктаро Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карда буданд: «Дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан ҷавонон барбари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро, бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст».
Бояд қайд кард, ки забони тоҷикӣ таърихи мадид дорад. Шоир Нозирҷон Боҳирӣ дар бораи таърихи дерин доштану хушоҳангу равон, баҳри бекарону забони Саъдию Ҳофизу Рӯдакӣ будани ин забони ширину гуворо чунин гуфтааст:

           Қадимию ҷавони ту
           Хушоҳангу равони ту
           Чу баҳри бекарони ту
           Ба дурри маънӣ кони ту,
           Забони модарии мо
           Забони Саъдию Ҳофиз,
           Забони Рӯдакӣ ҳастӣ
           Ба мо илму адабомӯз
           Зи даври кӯдакӣ ҳастӣ
           Забони модарии мо!
           Забони модарии мо!

Ин нуктаро, яъне таърихи қадим доштани забони тоҷикиро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хотиррасон карда, дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забон гуфта буданд: «Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст».
Шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир дар шеъри «Забони модарӣ» иқтидору мавқеи оламгири забони тоҷикиро тасвир карда, таъкид мекунад, ки халқи тоҷик маҳз ба туфайли забони пуриқтидораш мавҷудияти худашро нигоҳ дошт:

             Оҷ гум карду забонро гум накард,
             Тоҷ гум карду забонро гум накард.
             Тахт гум карду забонро гум накард,
             Бахт гум карду забонро гум накард.

Маълум мегардад, ки мардуми тоҷик баҳри ҳифзи забони модарӣ чиқадар ҷонбозиҳо кардааст. Шоир дар бандҳои минбаъда забони модариро барои халқи тоҷик рамзи мавҷудият, давлатдорӣ ва қудрату эътибор дониста, чунин мегӯяд:

       Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
       Сарҳади тоҷик
       Забони тоҷик аст,
       То забон дорад, ватандор аст ӯ,
       То забондор аст, бисёр аст ӯ,
       Бешумор аст,
       Беҳисоб аст,
       Беҳад аст.

Мо – ашхоси равшанзамири ҷомеа борҳо аз ашъори шоирону эҷодиёти нависандагон хондаю огоҳ ҳастем, ки ниёгони мо, гузаштагони мо баҳри тозагию ҳифзи забони модарӣ чӣ гуна талошу ҷонбозиҳо кардаанд.
Мо – пайравони Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем, ки хонандагонро дар рӯҳияи забондонию миллатдӯстӣ тарбия намоем ва баҳри рушду инкишофу покизагии забони ширину шевои тоҷикӣ саҳми худро гузорем, чунон ки Президенти кишвар моро гӯшзад кардааст, мо – соҳибзабонон, дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дошта бошем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.


Сафаралӣ Афғонов – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик,
Асомиддин Элчибеков – ҷонишини директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон»