Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028

Количество просмотров: 1305

ОБ ҲАМ ДИЛЕ ДОРАД…

Олимон исбот намудаанд, ки об андешаи одамонро дарк мекунад. Ба андешаи олими ҷопонӣ Массеру Эмотӣ, об ҳар паёме, ки мегирад — зиштӣ ё зебоӣ, онро дар худ таҷассум мекунад. Ӯ рӯзе рӯйи зарфи обдор менависад: «сипос бар ту». Баъди чанде мебинад, ки ин об хеле зебо, мисли пештара софу зулол аст. Аммо мушоҳида мекунад, ки зарфи обдоре, ки рӯйи он навишта буд: «ту девонаӣ», тира гаштааст. Ҳангоми иҷрои симфонияи «Ариа» — и оҳангсози маъруф Иоҳан Себастян Бах, ки он хеле форам буд, олимон мушоҳида намуданд, ки таркиби об ва молекулаҳои он аҷибу зебо шуданд.
Тарзи нишастаи ҳаёт хатар дорад, агар…
Гурӯҳи олимони амрикоӣ ақидаи зарари тарзи нишастаи ҳаётро рад карданд, иттилоъ медиҳад маҷаллаи «International Journal of Epidemiology». Тибқи натиҷаи таҳқиқоти шонздаҳсола, ки дар он ҳудуди панҷ ҳазор хоҳишманд иштирок доштанд, вазъи саломатии одамони тарзи ҳаёти ғайрифаъол нисбат ба шаҳрвандони фаъол беҳтар арзёбӣ мегардад.
Тӯли ин муддат олимон иштирокдорони озмоишро назорат карда, дар бораи чӣ гуна гузаронидани вақт ва чанд муддат ба варзиши ҷисмонӣ машғул шудани ҳар нафар маълумот ҷамъ оварданд.
Ба ақидаи мутахассисон, набудани фаъолии варзишӣ ба саломатии инсон таъсир надорад ва ба марги бармаҳал намерасонад. Вале нафароне, ки ба варзиш машғуланд, камтар аз рӯҳафтодагӣ азият мекашанд.
Чанде пеш таҳқиқгарони донишгоҳи Корнеллаи иёлати Ню — Йорк формулаи тарзи ҳаёти солимро дар ҳолати кори нишаста муайян карданд. Ба андешаи онҳо пас аз ҳар 20 дақиқаи нишастан бояд 8 дақиқа рост истод ва 2 дақиқа қадам монд.

Театр дар рӯйи об
Тамошобини имрӯзаро ба ҳайрат овардан хеле мушкил аст. Вале, коргардонҳо кӯшиш карда истодаанд, ки боз ҳам бо намоишҳои ғайриоддии худ муштоқони ин ҳунари қадимиро ба ваҷд оранд. Айни замон онҳо ба¬рои намоишҳои худ на танҳо саҳнаи оддӣ, балки рӯйи обу зери об ва саморо низ истифода мебаранд.
Яке аз саҳнаҳои диққатҷалбкунанда Театри операи Брегентс мебошад. Таърихи он низ хеле ҷолиб аст. Соли 1946 дар Австрияи баъдиҷангӣ фестивали санъати опера гузаронданӣ мешаванд. Вале маълум мегардад, ки дар шаҳр на танҳо бинои мувофиқ нест, балки ҷой ҳам барои сохтани чунин як театр надоранд. Ҳалли ин мушкилӣ шаҳр, театр ва фестивали онро дар тамоми олам машҳур гардонд. Саҳнаро дар кӯли Боден, рӯйи ду биржаи бо ҳам пайвастшуда сохтанд. Тамошобинон дар соҳили кӯл нишаста, ба ҷараёни воқеаҳо назора мекарданд. Аслан чунин иморатҳо на бештар аз ду сол хизмат менамоянд. Ин театри шинокунанда инак ҳафтод сол боз ба мардум хизмат мекунад. Ороиши он низ қариб ҳар сол тағйир меёбад.
Тaғйир додани дунё. Аз чӣ бояд оғоз кард?
Дар лавҳаи мазори роҳиби англис, ки дар шаҳри Лондон чойгир аст, чунин навишга шудааст:
«Вақте ҷавону озод будаму сарҳади хаёлам охир надошт, орзу мекардам, ки тамоми дунёро иваз кунам. Аммо вақте пирй аз худ дарак дод, оқилтар шудаму дарк кардам, ки дунё тағйир намеёбад. Ман сарҳади хаёлҳоямро каме танггар кардаму хостам танҳо кишвари худро иваз кунам. Вале чанде пас дарк кардам, ки он ҳам тағйир намеёбад.
Baқтe пирӣ ба ман пурра ғалаба кард, чаҳди вопасинамро ба миён гузоштам: хостам аҳли оилаамро дигар кунам. Вале ба он ҳам муваффақ нашудам. Ҳоло бошад сар ба болин монда, дар интизори малак-ул-мавт ҳастам. Ин дам дарк кардам, ки агар ивазкуниро аз нафси хеш оғоз мекардам, барои аҳли оилаам ҳамчун намунаи ибрат ва сабаби ивазшавии рафтори онҳо мегаштам. Дар навбати худ аз тағйир ёфтани онҳо илҳом гирифта, барои беҳбудӣ ва тағйир додани кишварам талош мекардам. Кӣ медонад, шояд ҳамон замон фурсати тағйир додани тамоми дунё ҳам муяссарам мегашт.
Бознашр аз саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Ҷумҳурият»