Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Сада мутантан таҷлил мегардад

25 января 2020 01:01

Количество просмотров: 25874

26 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада доир мегардад. Дар  тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техника-олоти кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ,   ҳунарҳои мардумӣ, ярмака-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида мешаванд.

Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷашни Сада ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири иштирокдоронро шод мегардонанд. Ҳамчунин  дар макони баргузории ҷашн гулхан афрӯхта, ҷавонон намудҳои варзиши миллиро пешниҳоди мардум мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Сада аз қадимтарин ҷашнҳои  мардуми  тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст.  Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.