Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ҲОДИСАИ АСТРОНОМӢ. 29 апрел астероиди эҳтимолан хатарнок дар масофаи 6 миллион км ба Замин наздик мешавад

10 марта 2020 11:03

Количество просмотров: 15070

29 апрели соли 2020 соати 15.00 ба вақти маҳаллӣ дар масофаи 6 миллион км аз Замин астероиди эҳтимолан хатарнок парида мегузарад. Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ хабар дод.

Астероид дар фазои байни сайёравӣ бо суръати 9 км/с ҳаракат мекунад. Ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳтоб 16 маротиба зиёд мебошад. Мадори астероид мадори Заминро тамоман намебурад, зеро он ба гурӯҳи астероидҳои Амур дохил мешавад, ки мадори онҳо берун аз мадори Замин ҷойгир аст. Ба ғайр аз ин, 6 млн. км масофаест, ки барои бархурд бо Замин нисбатан калон ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз таҳдиди астероид ба Замин хеле ночиз буда, бархурди ӯ бо Замин ғайриимкон мебошад.

Бино ба маълумоти олими тоҷик, астероид, ки аломати 52768 (1998 OR2) гирифт, 25 июли соли 1998 дар расадхонаи астрономии Хавайи ИМА кашф шудааст. Дар асоси аксҳои астероид мадораш ҳисоб карда шудааст ва маълум гардид, ки он ба Замин наздик шуда метавонад.

Андозаи астероид таҳминан аз 2 то 4 км мебошад ва барои муқоиса хотиррасон менамоем, ки андозаи ҷирми кайҳонӣ, ки дар ноҳияи Челябинск ба атмосфераи Замин ворид гардид, 20 метрро ташкил дод. Бо чунин хусусиятҳо ӯ ба гурӯҳи астероидҳои ба Замин хатари эҳтимолидор дохил мешавад. Ҷирмҳои кайҳонӣ бо андозаи зиёда аз 100 м, ки метавонанд ба Замин дар масофаи 7.5 млн. км наздик шаванд, ба ҳамин гурӯҳ ворид мегарданд.

«Назорати ҳаракати астероид дар ин вақт тавассути мушоҳидаҳо дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Расадхонаҳо ва телескопҳои Институт барои ин кор мусоид мебошанд, инчунин дар ин самт олимони мо таҷрибаи хуб доранд. Наздикшавии қаблии ин астероид ба Замин 12 марти соли 2009 (27 млн. км) ба вуҷуд омадааст ва наздикшавии навбатӣ 18 майи соли 2031 (19.5 млн. км) ба вуқӯъ меояд», — гуфт директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра Қоҳирова.