Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Масъалаҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ байни китобхонаҳои Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуданд

17 января 2020 04:01

Количество просмотров: 25780

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода 16 январи соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Василий Серватюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ байни китобхонаҳои пешрафтаи Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла такмили ихтисоси кормандон, мубодилаи китобҳо, тарҷумаи шоҳасарҳои классикони ду давлат бо забонҳои тоҷикӣ ва украинӣ ибрози назар намуданд.

Ҷонибҳо хостори он шуданд, ки барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва ҷиҳати ошноии мардумони ду мамлакат бо гузаштаву имрӯзи фарҳанг, рушди илм ва ғайра дар китобхонаҳои Тоҷикистону Украина гӯшаҳои китоб ифтитоҳ шаванд, то хонандагон бо тамаддуни ҳамдигар имкони бештар ошноӣ  пайдо намуданро дошта бошанд.

Маълумоти муфассал дар сомонаи АМИТ «Ховар» 9.png