Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон”

Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон” Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон” Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон” Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон” Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон”

3 февраля 2020 12:02

Количество просмотров: 32725

 Чунин ном дорад китобе, ки ахиран ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чоп шуд. Ин китоби хуб бо ороишоти ранга, расму мусаввараҳои бешумор аз таърихи пойтахт ҳикоят мекунад. Муаллиф Мирзоамин Мирсаидзода, ки худ собиқадори пойтахт аст, дар вазифаҳои масъули м ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри душанбе кору фаъолият намудааст, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба рӯйдодҳои фараҳбахши пойтахт, корҳои созандагию ободонӣ баҳои сазовор диҳад. Дар муқаддима аз ҷумла омадааст:

 Душанбе шаҳрест дилпазиру озода ва ҷавону қадим. Он мисли қалбест, ки ҳаёту мамоти тамоми Тоҷикистони азиз аз тапидану кори муназзамаш вобаста аст. Ин шаҳр маркази умеду орзуҳои тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад. Дар тўли таърихи қадим борҳо аз дасти аҷнабиён ва тохтутози онҳо вайрону валангор гардид, вале ҳамин ки фурсати муносиб фаро мерасид, аз нав қомат рост мекард.

 Аммо замони соҳибистиқлолӣ Душанбе гўё ба пуррагӣ эҳё шуда, паҳнояш васеъ, намудаш зебову ҳуррамтар мегардад. Дар бахшҳои китоб мо раванди ин ободкориҳо ва бунёдкориҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳем

 Ҳоло мехоҳем атрофи бостонӣ будани Душанбе таври мухтасар ибрози назар кунем. Сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ шаҳри қадима будани ин маконро тасдиқ мекунанд, бо вуҷуди он ки ин мавзўъ таври нокифоя таҳлилу таҳқиқ ва мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Омилҳои чунин бетаваҷҷуҳӣ ва бепарвогии олимону муҳаққиқон гуногунанд, ки ин ҳам мавзўи алоҳида аст. Айни ҳол аз хондаю шунидаҳо чанд мисол меорем, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд.

 Дар китоби “Шаҳрҳои Тоҷикистон” ки соли 1976 аз тарафи ходимони Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) И.С. Норкаллаев ва С. Мўшаев таҳия ва нашр шудааст, дар мақола таҳти унвони “Душанбе-пойтахти РСС Тоҷикистон” омадааст: “Душанбе  дар замони хеле қадим ба вуҷуд омадааст. Ривоят мекунанд, ки Душанбе чандсад сол пеш аз ин пайдо шуда, бо бозорҳои серодамаш ҳатто берун аз қаламрави водии ҳисор шуҳрат ёфтааст. Таърихчиён тахмин мекунанд, ки пойтахти Шумон дар ҷои Душанбеи ҳозира воқеъ гашта буд”.

 Соли 1875 афсар аз тадқиқотчии рус Н.А. Маев ба Душанбе омадааст. Вай дар ёддоштҳояш қайд карда аст, ки Душанбе ҳамчун ҳисор яке аз калонтарин шаҳрҳои аморати Бухоро ҳисоб меёфт.

 Маълумоти хеле ҷолибро соли 1959 дар яке аз навиштаҳояш муҳаққиқ Е.В. Земайл, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст, овардааст: “Қадимтарин осорҳои зиндагии одам дар қаламрави Сталинобод ба давраи охирини асри санг-неолит дахл дорад, ки онро “асри нави санг” ҳам меноманд... Дар қаламрави пойтахти кишвари мо ва атрофи он дар асри биринҷӣ ҳам одамон зиндагӣ мекардаанд...”.

 Ин ва дигар маъхазу сарчашмаҳоро муҳаққиқ ва рўзноманигор Бурҳониддин Каримзода, ки дар таълифи китоби мо низ саҳми арзанда ҳамроҳ намуд, ҷустуҷў ва дастрас намудааст. Мақолаи эшон 22 октябри соли 1994  №86 (709) ба номи “Душанбеи дуҳазорсола” дар рўзномаи “Садои мардум” ба нашр расидааст.

 Ин чанд мисоле, ки овардем, далел бар шаҳри қадима будани Душанбе аст, вале мутаасифона, бостонӣ будани он то ҳоло пурра омўхта нашудааст. Дар чанд навишта ишора шудааст, ки Душанбе таърихи беш аз дуҳазорсола дорад. Бозёфтҳои бостоншиносон низ гувоҳ бар ин гуфтаҳост.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ ба ифтихори 90-солагии ба мақоми пойтахт соҳиб шудани  шаҳри Душанбе (18 октябри соли 2014) қайд кардаанд: “Ҳарчанд, ки оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри бистум баробар омадааст, вале ин мавзеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофии он чун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басе тулонӣ дорад (“Садои мардум”, 21 октябри соли 2014, №123).

Китоби “Душанбе қалби Тоҷикистон” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Файзиддин Қурбонов Файзидин,

сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва

менеҷменти фаъолияти китобдорӣ

Муфассал дар сомонаи Китобхонаи миллӣ: http://www.kmt.tj/kitobi-nav-dushanbe-kalbi-tochikiston