Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН

8 октября 2020 12:10

Количество просмотров: 17198

Андешаҳо дар бораи номзаде, ки дар дилу дидаи мардум ошён доранд.

То баргузории интихоботи президентӣ рӯзҳои башумор мондааст. Барои баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ имкони мусоид фароҳам буда, дилхоҳ номзад метавонад иқдомҳои дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ пешбинишударо вобаста ба тарғиб амалӣ созад. Руҳияи мардум низ болида ва эътимодашон ба фардои дурахшони мамлакат қавӣ аст.
Табиист, ки дар дилхоҳ интихобот, сарфи назар аз тарғибу ташвиқи номзадҳо хулосаи ниҳоиро мардум мебароранд. Хоса мардуми шарифи кишварамон, ки гавҳаршиносанду воқеъбин.
Ба сифати омӯзгор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мардум қаробати наздик дорам. Аз суҳбат бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ бармеояд, ки онҳо вазъияти имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-уми асри гузашта ва даҳ ё панҷ соли пеш муқоиса намуда, эътироф кардаанд, ки имрӯз сатҳи зиндагӣ дар кишвар ба таври чашмрас тағйир ёфтааст, балки дарк низ намуданд ва аён мебинанд, ки иқтисодиёти мамлакат аз марҳалаи барқарорсозӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шудааст.
Бинобар ин, ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахсро касб кардааст. Тоҷику тоҷикистониён боварӣ ҳосил кардаанд, ки овоз додан ба ин Абармард ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсиву фикрии миллат, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад.
Ин ҳолати камназир маҳсуб шуда, далели раднопазири ба маънои томаш Президенти мардумӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки номзадиашон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешниҳод шудааст аз ҷумлаи роҳбароне ҳастанд, ки шахсияташон таври муттасил, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, дар оғӯши Ватану миллат ва дар заминаи дуову дастгирии мардум сабзиданд. Дар арафаи воқеаи муҳими сиёсӣ – интихоботии президентӣ бамаврид аст бори дигар ёдовар шавем, ки то расидан ба ин мақому манзалат ин фарзанди фарзонаи миллат роҳеро тай намуданд, ки пур аз мушкилот, , аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Дарки дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар бегуфтугӯ ба номи ин шахсият марбут аст, моро мутмаин сохтааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардум ва давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи бениҳоят баланд доранд.
Бегуфтугӯ, комёбиҳои мо зери сарварии Пешвои миллат зиёданд ва наметавон онҳоро дар қолаби як мақола бозгӯйӣ намуд. Вале муқоисаи ин марҳила кофист то хулоса намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари хирадманду дурандеши он чӣ роҳеро паймудаанд.
Ба касе пӯшида нест, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи ин шахсият давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала барои тоҷику тоҷикистониён ҳаёту мамот аст. Зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омол ва ҳадафу барномаҳои худро аз даст медодем.
Ҳамрадиф бо ин, бамаврид аст ёдовар шавам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуданд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эмин доштани миллат аз парокандагию бадбахтӣ нақши сарнавиштсоз дошт.
Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Иқдомоти минбаъда замина фароҳам оварданд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳифз гардида, низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, сохторҳои давлатдорӣ эҳё шавад.
Шоҳидони ҳол борҳо эътироф карданд, ки дар он рӯзҳо, ки кишвар дар коми оташ месӯхт, аксарият ба ояндаи Тоҷикистон бовар надошта, ҳатто ба вазифањои калидии роњбарї дар Њукумат розӣ намешуданд. Хуб дар хотир дорем, ки фаъолияти аксар ниҳод аз сифр шурӯъ гардид.
Шоиста аст зикр кунем, ки маҳз зери роҳбарии Пешвои миллат соҳиби сохтори мукаммали парлумони касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худ гашт.
Сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ дар давлатдории Пешвои миллат мақоми меҳварӣ доштанду доранд. Маҳз дар ин замина як миллион гуреза ба хонаҳояшон баргашта, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор, ҳазорҳо макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо, корхонаҳоро эҳё шуданд.
Қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо буда, аз фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон сарчашма мегирад. Бо дастгирии Пешвои миллат зиёиён ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа соҳиби маҳбубияти хос мебошанд. Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ саҳми босазо мегузоранд.
Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои хеш эътимоду ихлос доранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва илму маориф, дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино шарҳи иловагиро талаб надорад. Зуҳури чунин шахсият боздеҳи як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст.
Мо – мардуми Тоҷикистон вазифадорем ба чунин шахсият, ки дар диду дидаи шаҳрвандон шоён доранд беш аз пеш арҷгузор бошем ва дар интихоботи президентӣ ба ҷонибдориашон овоз диҳем.
Тоҷикистон ба пеш, бо Пешвои миллат!

эмомали-рахмон.jpg

Исмоилзода Баҳром Мансур,
директори Литсей-интернати Президентӣ
барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон