Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Нашриёти «Адиб» ҳар рӯзи шанбе ярмака-фурӯши китоб баргузор менамояд

Нашриёти «Адиб» дар нақша дорад, ки  25 январ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ярмарка-фурӯши китоб баргузор намояд Ёдовар мешавем, ки Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли равон ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронад. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 3000 нусха китоб, ки фарогири  асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ...

САПЕДАДАМИ ДОНИШ. Ва ё Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба мо чӣ дод?

 Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро метавон бидуни шубҳа, яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат номид. Ин озмун воқеан шабеҳи субҳе буд, ки бо фурӯғи равшани худ  ҳаёти моро, хусусан ҳаёти наврасону кӯдакони ҷумҳуриамонро мунаввар кард. Ин сапедадами дониш муҳаббати фарзандони моро ба китоб бедор кард, дари китобхонаҳоро боз намуд, китобро то ҷойе даст ба дасти мардум ва хусусан наврасону ҷавонон намуд. Аввалин падидаи нишотбахш он буд, ки ангезишҳои ин озмун ҳамаи мамлакатро ф...

Ташаккули ҳукумати электронӣ таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро осон мегардонад

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони пешбар, сармутахассисони раёсатҳо, мудирони шуъба, бахшҳои умумии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 20 то 25 январ баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид. Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар расми ифтитоҳи курс муовини ректор оид ба таълим Ҷумъахон Файзализода, муовини ректор оид б...

Масъалаҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ байни китобхонаҳои Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуданд

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода 16 январи соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Василий Серватюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ байни китобхонаҳои пешрафтаи Украина ва К...

Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд

Дар соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳо 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи  иттилоотӣ ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 12 адад зиёд мебошад. Дастовардҳои олимони тоҷикро дар соли 2019 метавон беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои ...

САРАЗМ. Бостоншиносон дар ин шаҳри қадимӣ барои кашфи саҳифаҳои нави таърихи ниёгон талош доранд

Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки он соли оянда ҷашн гирифта мешавад, бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар ин макон корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта, сохтмончиён, роҳсозон, меъморон ба бунёди роҳ, осорхона, деворбандии гирдогирди ҳафриёт ва корҳои ободонию хуррам...

Дар Душанбе китоби нав дар бораи корномаи Пешвои миллат чоп шуд

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакатАкрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷ...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020

Ҳамватанони азиз! Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам. Соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои соза...

Дар Тоҷикистон Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид

Солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Ин матлабро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд. Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон,  ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафак...

Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа мегардад

Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардуми мамлакатро ҳидоят намуданд, ки  «мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем». Дар робита ба ин, Пешвои миллат  аз иқдоми наҷибашон  паём дода, зикр карданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи та...