Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ХОНАНДАГОН, ДОНИШҶӮЁН, УСТОДОН, ОМӮЗГОРОН, ПАДАРУ МОДАРОН ВА АҲЛИ МАОРИФИ КИШВАР

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони муҳтарам, падару модарони меҳрубон, аҳли маориф ва илми кишвар, тавре ки огаҳӣ дорем, мутаассифона, бемории сироятии КОВИД – 19, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, вориди кишвари мо низ гардид.  Ин бемории сироятӣ чандин омӯзгору олим ва кормандони соҳаи маориф ва илмро аз байни мо бурд. Вазорат бо андӯҳи гарон ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабру бурдборӣ хоҳон аст.  Бемории мазкур имрӯз тамоми ...

Худ ва наздиконатро ҳифз намо!

«Худ ва наздиконатро ҳифз намо!» — таҳти ин унвон  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксияи тарғиботӣ  роҳандозӣ кард.  Аксияи мазкур  бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) амалӣ гардида, дар он  мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии ка...

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН… Ниёгони мо дар пайдоиш, инкишоф ва густариши бархе шохаҳои муҳими илм нақши арзанда доранд

Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.    Дар зер дар робита б...

Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИ Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф, ки 18 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, миёни аҳли зиё ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Дар зер андешаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ-ро дар ҳошияи ин суханронии пурмуҳтаво пешниҳоди хонандагон менамоем. Муқаддима Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад д...

«ДАҲИ НАВРӮЗ» — АНЪАНАИ ҚАДИМИ ТОҶИКОН. Дар ин айём мардум ба поккорӣ ва ба тартиб овардани манзили зисту маҳаллаҳояшон машғул мешуданд

Анъанаҳои зебою  пур аз ҳикмати  тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон  беҳисобанд. Аз ҷумла,  ниёгони мо  аз  қадимулайём  дар  ин давра анъанаеро  ба ҷо меоранд, ки    дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад.  — Дар «Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаҳои худро берун бароварда,  хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву гилем сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шӯълаи  офтоб &n...

Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат

18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуф...

Эмомалӣ Раҳмон «Кумитаи телевизион ва радио дар муддати шаш моҳ бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ таъсис диҳад»

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ дар мулоқот бо олимони мамлакат Кумитаи телевизион ва радиоро вазифадор намуд, ки дар муддати шаш моҳ бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ  таъсис диҳад. Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар шабакаи мазкур ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳ...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар

Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!Ҳамватанони азиз!Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз — соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақ...

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад....

«Наврўз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст» Эмомалӣ Раҳмон Наврўз шуду лолаи хушранг баромад, Булбул ба тамошои дафу чанг баромад, Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз, Мурғи...

Вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони Литсей-интернати Президентӣ.

Тибқи нақша-чорабиниҳои литсей-интернати президентӣ оид ба "Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" бо намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Маҷидӣ Абдукарим- нозири калони Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи агентӣ ва Файзуллозода Баҳрулло- нозири калони Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи агентӣ иштирок ва суханронӣ...