Аз 30 октябр то 6-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” байни хонандагони синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот баргузор мегардад, ки дар олимпиадаи мазкур хонандагони пойтахт фаъолона иштирок доранд. Ба иштирокчиён барору бурдборӣ хоҳонем
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз гардида, то 10 ноябр идома меёбад. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки аз 299 но...
Имрӯз дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт, ки дар он 423 нафар довталабон ширкат меварзанд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд. Дар маросим намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикисто...
Соли 2022 5 ҳазору 745 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар 27 олимпиадаи фаннии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 1585 медал гардиданд. Аз ҷумла, хонандагони мамлакат 259 медали тилло, 593 медали нуқра ва 733 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири со...
Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид. (Фирдавсӣ) “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад” Эмомалӣ Раҳмон Устодон, омӯзгорон ва ҳамватанони азиз! Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад. ...
Имрӯз, 5 -уми октябр, Асосгузори сулҳу ваҳди миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 70 қадам ниҳоданд. Шуморо ба ин муносибат табрику таҳният гуфта ба Шумо Ҷаноби Олӣ тансиҳати ва рӯзгори осоиштаро таманно дорам. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи мардуми тоҷик ва тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем. Маҳз имрӯз зери сиёсати хирадмандонаи...
Бахшида ба Рӯзи омӯзгор тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҳавасмандгардонии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 111 нафар мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ- ба ҳар нафар 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ин нафарон бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва бо мақса...
Омӯзгорони арҷманд, Устодони гиромиқадру ҳамкасбони азиз. Бо як ҷаҳон эҳтироми хос ва самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори обод ва барору комёбӣ таманно дорам. Омӯзгор — исме, ки барои ҳар яки мо ошно, муътабар ва муқаддас мебошад. Зери ин вожаи бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва ҳидоятгару оинаи миллат таҷассум меёбад. Воқеан ҳам пешаи омӯзгорӣ касби пурифтихору заҳматталаб ва пурмасъулият б...
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд. Муҳтарам омӯзгорону хонандагон! Мардуми хирадсолори тоҷик имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дарад. Бо истифода аз фурсат бо қалби пур аз ифтихор ва ихлосу фараҳмандӣ Шуморо ба ин ҷашни фа...
Санаи 08.09.2022 дар толори маҷлисгоҳи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омӯзгорон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонашон дар соҳаи илму маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ доштанашон бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд...
Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Дар ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президенти барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор дорад ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин литсей шарик аст. Соли нави таҳсил дар ин муассиса бо ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид ва баъдан хонандагон ба синфҳо даромада, ба тамошои суханронии ...
Имрӯз, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазияти тантанавӣ тақдим намуданд. Омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии ,,Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон'' Дав...
Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи Суруш Маросими ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалӣ ширкат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» (АйЭсАй Ҷуниор ...
Тибқи барномаи тасдиқгардидаи Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior - 2022» имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ключевые компетенции цифровой грамотности и сеть школьных IT клубов” бо иштироки Президенти Мактаби байналмилалии информатикаи наврасон - Кирюхин Владимир Михайлович, Цветкова Марина Серафимовна – дотсент, профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, дире...
01.06.2022 Маросими ҳавасмандгардонии гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Сино дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои ш. Душанбе баргузор гардид, ки 6 нафар хонандагони литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи стипендияи раиси ноҳия гардиданд: 1. Масумбекова Томирис синфи 8 2. Пириев Юсуф синфи 8 3. Ахмедова Мадина синфи 9 4. Ирмухаммедов Шукруллоҷон синфи 10 5. Мирзоҳакимова Фархунда синфи 10 6. Қурбонов Анушервон синфи 10
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат» даври Математикии (meth-tour) Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ аз чор давр иборат мебошад; - даври Математикӣ (meth-tour) - даври Кодерӣ (koder-tour) - даври Марафонӣ (marathon-tour) - даври Эстафета ...
2-юми июли соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳии Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Мактаби байналмилалии информатикони ҷавон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иш...
Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2022, №289 бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиташиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳшаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, рақобатпазир гардидани хонандагон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт аз санаи 1 то 7 июни соли 2022 Олим...
Санаи 24.06.2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022” таҳти раёсати Исмоилзода Баҳром Мансур - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа инчунин Асҳобиддини Шералӣ - директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”- котиби масъули Кумитаи тадорукот, аъзоён Каримзода Шавкат - ди...
Аз 1 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2022-2023 оғоз мегардад, иттилоъ додан аз Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати т...