Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин даргоҳ дастури машваратие таҳти унвони «Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019» бо забони русӣ ба нашр расид. Дастури машваратӣ хеле ҷолиб, муфид ва дар шароити кунунӣ барои ҷомеа зарурӣ мебошад. Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва с...
Санаи 14.04.2020 Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон”ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии пандемияи COVID-19 корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуданд. Тавре аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулод...
Нашриёти «ЭР-граф» маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Ато Мирхоҷаро таҳти унвони “Субҳи беғуруб” ба нашр расонда, дастраси хонандагон намуд. Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст. Ато Мирхоҷа иброз намуд, ки дар китоб манзумаҳои «Субҳи беғуруб» (бахшида ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Ш...
Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳи...
«Офтоби ифтихор» — таҳти чунин унвон асари тозанашри Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, ки васфу ситоиши бузургӣ ва дигар фазилатҳои шаш тан Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоири шаҳир устод Мирзо Турсунзода ва чеҳраҳои маъруфи сиёсат Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шотемурро фаро мегирад, рӯи чоп омад. Ин асар аз 2129 мисраъ иборат буда, қисмати аввалу охири он д...
Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, нависандаи барҷаста ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин Айнист. Дар бораи хизматҳои беназири Устод Айнӣ барои миллати тоҷик шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир гуфтааст: Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд, Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд. Нависандагон ва донишмандони ғарбӣ номи Айниро бо Ҷек Лондон, Киплинг, Горкий, Кнут Гамсун бари...
Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар зер дар робита б...
Бо риоя намудани қоидаҳое, ки дар видеои мазкур оварда шудааст, мо метавонем худ ва наздиконамонро аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус эмин нигоҳ бидорем. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки видеои мазкурро бубинанд ва тибқи қоидаҳои дар он зикршуда амал намуда, худ ва наздиконашонро аз гирифтор шудан ба коронавирус эмин нигоҳ доранд.
Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати "дарҳои кушода" ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонфузи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолияти давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар афкору андешаи ҷомеъа тағйироти куллӣ ворид намояд. Аз ҷумла, са...
Имрӯз, рӯзи чорум аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари мамлакат бошукӯҳ ҷараён дорад. Имсол Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар тасмим гирифтааст, ки тӯли як ҳафтаи Фестивал намоиш-фурӯши китоб ва вохӯрӣ бо адибонро доир намояд. Ба Фестивали мазкур тамоми хонандагони муассисаҳои мамлакат ҷалб гардида, қобилияти шеърхонӣ, мутолиаи китоб ва расмкашии ху...
Санаи 2-уми апрели соли равон соати 10:00 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб...
Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бахшида ба «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасон » даҳҳо китоби дар солҳои мухталиф навишташударо ба намоиш гузошт. Ин намоиши китоб қарор аст то як ҳафта идоама кунад. Дар ин муддат хонандагон имкон доранд бо беҳтарин нигоштаи шоирону нависандагони тоҷик ва адибони хориҷӣ дар бориа кӯдакон ошно шаванд. Дар намоиши китоб хонандагон метавонанд мувофиқи завқи худ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра китоб пайдо кунанд ва мутолиа нам...
Калиди дари илму маърифат асосии хираду заковат, фарҳангу маданият ва илму адаби пойдору устувор китоб мебошад. Миллати мо низ аз халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтироми хоса доранд ва бо китобу китобхони шуурнокиву маърифатнокии худро дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб ка...
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Таранумгари сухан» оғоз гардид, ки он то 9 апрел дар саросари мамлакат идома меёбад. Фестивали мазкур ба ҳукми анъана даромада, дар ҷараёни он баргузории намоиши китобҳои тозанашр ва дастранҷи бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ дар назар дошта шудааст. ...
Рӯзе муаллимаи синфи панҷ ба шогирдонаш хитоб карда гуфт: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам». Дар ҳоле ки ғайриихтиёр яке аз шогирдонашро бо номи Тедди фаромӯш кард. Чунки Тедди андак бесавод буду дарсҳоро намефаҳмид, илова бар ин, одобаш хуб не. Инро муаллимаи ӯ дар рафти соли хониш пайхас кард. Ҳамчунин, муаллима пай мебурд, ки Тедди танбал асту бо ягон ҳамсабақаш бозӣ намекунад ва доимо баҳои ду мегирад, Рӯзе аз рӯзҳо муаллима хост, ки бо асноди шахсии шогирдон ошно шавад ва дар бораи онҳо маълум...
Имрӯз, 31 март таътили баҳории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 март оғоз гардида буд, анҷом меёбад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҳафтаи истироҳатӣ барои хонандагон як зумра барномаҳо доир намуд, то онҳо дар ин давра ба корҳои беҳуда овора нашаванд. Дар давраи таътил баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон ва самаранок гузаронидани вақти онҳо бо масъулияти баланд муносибат намуданд. Зеро ин ҳамкории муфид сабаби бала...
Ҳанўз соли 650- мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифода шуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чуннад: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад, кисоли 751 лашкари чинӣ аз дарёи Тироз гузошта, ба шаҳри Ҷамбул наздик мешавад. Ҳокими онвақтаи Самарқанд- Абулмуслим сипоҳи худ...
Одамизод дар ҳар давру замон, дар ҳама синну сол ба тарбия ниёз дорад. Агар ба даврони гузашта назар андозем, дар замонҳои қадим ҳам ахлоқу маънавиёти одамӣ гоҳ-гоҳе рў ба костагӣ оварда буд, ки боиси таълифи асарҳои зиёди тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Пирўзнома», «Таҳзиби ахлоқ», «Футувватномаи султонӣ», «Қобуснома», «Синбоднома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Кимиёи саодат», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон», «Бўстон» ва «Баҳористон» гардидааст.  ...
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф, ки 18 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, миёни аҳли зиё ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Дар зер андешаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ-ро дар ҳошияи ин суханронии пурмуҳтаво пешниҳоди хонандагон менамоем. Муқаддима Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад д...
На танҳо китобҳои забон ва адабиёти тоҷик, балки забони китобҳо аз дигар фанҳои таълимӣ низ таҳрирталабанд. Баъзе китобҳои фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ аз русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудаанд, ки табиати фикри тоҷикӣ надоранд. Дарк кардани маънии матн дар чунин китобҳо хеле душвор аст. Ин ва дигар андешаю пешниҳодҳои директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА-ро дар зер манзури хонандагон мегардонем. Дар мулоқоти навбатӣ Президенти мамлакат му...