Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






МАВЗӮИ РӮЗ

БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ COVID – 19. ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД! ...

Худ ва наздиконатро ҳифз намо!

«Худ ва наздиконатро ҳифз намо!» — таҳти ин унвон  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксияи тарғиботӣ  роҳандозӣ кард.  Аксияи мазкур  бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) амалӣ гардида, дар он  мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии ка...

Хонандагон метавонанд дар давраи таътил дарсҳоро тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» тамошо кунанд

Дар давраи таътил тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намуда, аз барномаи таълими мактабӣ дур намонанд. Ҳарчанд дар давраи таътил хонандагон аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Ин матлабро   сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров  ба хабарниго...

ХАБАРИ ФАВРӢ: аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 мактабиён ба таътил фиристонда мешаванд

Имрӯз дар Душанбе  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии  ситоди мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласа бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кас...

«Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019» ба нашр расид

Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин даргоҳ дастури машваратие таҳти унвони «Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019» бо забони русӣ ба нашр расид. Дастури машваратӣ  хеле ҷолиб, муфид ва дар шароити кунунӣ барои ҷомеа зарурӣ мебошад. Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва с...

Ба хонандагони Литсей – интернати президентӣ наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ ҷиҳати пешгирии COVID-19 пешниҳод гардид

Санаи 14.04.2020 Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон”ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии пандемияи COVID-19 корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуданд. Тавре аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулод...

«Субҳи беғуруб»-и шоир Ато Мирхоҷа ба нашр расид

Нашриёти «ЭР-граф» маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Ато Мирхоҷаро таҳти унвони “Субҳи беғуруб” ба нашр расонда, дастраси хонандагон намуд. Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст. Ато Мирхоҷа  иброз намуд, ки дар китоб манзумаҳои «Субҳи беғуруб» (бахшида ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Ш...

Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе муборак!

Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.  Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳи...

«Офтоби ифтихор» бо васфу ситоиши қаҳрамонии шаш чеҳраи маъруфи сиёсат ба нашр расид

«Офтоби ифтихор» — таҳти чунин унвон асари тозанашри Шоири Халқии  Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  Муҳаммад Ғоиб, ки васфу ситоиши бузургӣ ва дигар фазилатҳои шаш тан Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоири шаҳир устод Мирзо Турсунзода ва чеҳраҳои маъруфи сиёсат Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шотемурро фаро мегирад, рӯи чоп омад. Ин асар аз 2129 мисраъ иборат буда, қисмати аввалу охири он д...

«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД». Ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида мешавад

Имрӯз зодрӯзи сардафтари  адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, нависандаи барҷаста ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин  Айнист. Дар бораи хизматҳои беназири  Устод Айнӣ  барои миллати тоҷик шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир гуфтааст: Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд, Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд. Нависандагон ва донишмандони ғарбӣ номи Айниро бо Ҷек Лондон, Киплинг, Горкий, Кнут Гамсун бари...

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН… Ниёгони мо дар пайдоиш, инкишоф ва густариши бархе шохаҳои муҳими илм нақши арзанда доранд

Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.    Дар зер дар робита б...

ВИДЕОМАВОД ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Бо риоя намудани қоидаҳое, ки дар видеои мазкур оварда шудааст, мо метавонем худ ва наздиконамонро аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус эмин нигоҳ бидорем. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки видеои мазкурро бубинанд ва тибқи қоидаҳои дар он зикршуда амал намуда, худ ва наздиконашонро аз гирифтор шудан ба коронавирус эмин нигоҳ доранд.

Нақши китоб ва китобхонаҳо дар ташаккули тафаккури миллии насли наврас

Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати "дарҳои кушода" ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонфузи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолияти давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар афкору андешаи ҷомеъа тағйироти куллӣ ворид намояд. Аз ҷумла, са...

Дар доираи Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» намоиш-фурӯши китоб ва вохӯрӣ бо адибон доир мешавад

Имрӯз, рӯзи чорум аст, ки  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари мамлакат бошукӯҳ ҷараён дорад. Имсол Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар тасмим гирифтааст, ки тӯли як ҳафтаи Фестивал намоиш-фурӯши китоб ва вохӯрӣ бо адибонро доир намояд.   Ба Фестивали мазкур тамоми хонандагони муассисаҳои мамлакат ҷалб гардида, қобилияти шеърхонӣ, мутолиаи китоб ва расмкашии ху...

Таъкиди Директори Китобхонаи миллӣ ва Сафири Фаронса ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар

Санаи 2-уми апрели соли равон соати 10:00 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб...

Намоиши китоб бахшида ба “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”

Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бахшида ба  «Ҳафтаи китоби кўдакон ва  наврасон » даҳҳо китоби дар солҳои мухталиф навишташударо ба намоиш гузошт. Ин намоиши китоб қарор аст то як ҳафта идоама кунад. Дар ин муддат хонандагон имкон доранд бо беҳтарин нигоштаи шоирону нависандагони тоҷик ва адибони хориҷӣ дар бориа кӯдакон ошно шаванд. Дар намоиши китоб хонандагон метавонанд мувофиқи завқи худ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра китоб пайдо кунанд ва мутолиа нам...

Дониш андар дил чароғи равшан аст...

Калиди  дари  илму  маърифат  асосии  хираду  заковат,  фарҳангу  маданият  ва  илму  адаби  пойдору  устувор  китоб  мебошад. Миллати  мо низ  аз  халқҳоест,  ки  ба  китобу  китобдорӣ  эҳтироми  хоса  доранд  ва  бо  китобу  китобхони  шуурнокиву  маърифатнокии  худро  дар  ҷаҳони  мутамаддин  мақоми  шоиста  касб  ка...

Имрӯз — Рӯзи байналмилалии китоби бачагона.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Таранумгари сухан» оғоз гардид, ки он то 9 апрел дар саросари мамлакат идома меёбад. Фестивали мазкур ба ҳукми анъана даромада, дар ҷараёни  он  баргузории намоиши китобҳои тозанашр ва дастранҷи бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ дар назар дошта шудааст.  ...

Қиссае барои омӯзгор

Рӯзе муаллимаи синфи панҷ  ба шогирдонаш хитоб карда гуфт: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам». Дар ҳоле ки ғайриихтиёр яке аз шогирдонашро бо номи Тедди фаромӯш кард. Чунки Тедди андак бесавод буду дарсҳоро намефаҳмид, илова бар ин, одобаш хуб не. Инро муаллимаи ӯ дар рафти соли хониш пайхас кард. Ҳамчунин, муаллима пай мебурд, ки Тедди танбал асту бо ягон ҳамсабақаш бозӣ намекунад ва доимо баҳои ду мегирад, Рӯзе аз рӯзҳо муаллима хост, ки бо асноди шахсии шогирдон ошно шавад ва дар бораи онҳо маълум...

Имрӯз таътили баҳорӣ ба охир мерасад. Омодагӣ ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шурӯъ мешавад

Имрӯз, 31 март таътили баҳории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 март оғоз гардида буд, анҷом меёбад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҳафтаи истироҳатӣ барои хонандагон як зумра барномаҳо доир намуд, то онҳо дар ин давра ба корҳои беҳуда овора нашаванд. Дар давраи таътил баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон ва самаранок гузаронидани вақти онҳо бо масъулияти баланд муносибат намуданд. Зеро ин ҳамкории муфид сабаби бала...