Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ҷойи якум - 70 ҷойи ифтихории хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ
1 мая

Аз 27-ум то 30-юми апрели соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, о...

Оғози даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11
27 апр

Субҳи имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии “Летсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, дирек...

«EDONISH». Дар Душанбе бо мақсади ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ бо оилаю аҳли ҷомеа ин барномаи электронӣ фаъол гардидааст
24 апр

Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе бо фарогирии  203 ҳазору 444 хонанда барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тариқи он барои хонандагон қариб 17 миллион баҳогузорӣ ва барои волидайн қариб 162 ҳазор  саҳифа (аккаунт) кушода шудааст, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Ба иттилои сардори Раёсати м...

ҶОЙИ ЯКУМ - 80 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ: Дастоварди беназири хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар
17 апр

Рӯзҳои 14-16-уми апрели соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (олимпиада аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада...

ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯ ‍«GLOBAL MONEY WEEK»
17 апр

Идомаи машғулиятҳои амалӣ дар самти баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ бо хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Cаноатсодиротбонк

Дастоварди хонандагони литсей дар Озмунҳои "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм", "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" ва барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе
17 апр

Санаи  15.04.2023 дар толори "Кохи Суруш" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт чорабинии идонаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он ғолибони озмунҳои шаҳрӣ бо Диплом, Ҷом ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд. Дар ин чорабинӣ хонандагони МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Озмуни "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" дар номинатсияи...

Дастоварди варзишии хонандаи Литсей-интернати Президентӣ Аминҷон Абдуҷалилзода
13 апр

Аминҷон Абдуҷалилзода хонандаи синфи 10-уми МДТ “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо як қатор варзишгарони дигари ҷумҳурӣ дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, ки 7-8 апрел дар Алмаато баргузор шуд, дар вазни (-73кг) сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҷомеаи меҳнатии литсей бо чунин шогирдон ифтихор дорад ва ба Аминҷон дар оянда муваффақият хоҳонем.

Дар Олимпиадаи Менделеев барои мактаббачагон аз химия беш аз 20 кишвар ширкат мекунанд
12 апр

Дастаҳои беш аз 20 давлати дунё дар 57-умин Олимпиадаи байналхалқии мактабиён ба номи Менделеев аз фанни химия (ММО-57) иштирок хоҳанд кард. Ин чорабинӣ аз 1 то 6 май дар Қазоқистон гузаронида мешавад. Дар ин бора аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ хабар доданд. Пас аз маҳдудиятҳои ковидӣ олимпиада дар соли 2023 бори дуюм аст, ки дар шакли фосилавӣ нею чорбарӯ мегузарад, хабар дод раиси кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур, муовини президенти АИР ва декани факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Л...

Ҷойи якум Литсей-интернати Президентӣ дар даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2023
3 апр

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар толори фарҳангии “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ол...

219 ғолиби олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд
3 апр

Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Зимни он 219 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахрии олимпиадаҳои фанниро сазовор шудаанд, қадрдонӣ гардид. Дар ин хусус сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод. Дар он ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот», олимпиадаи дас...

Табрикоти директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз
20 мар

Ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз! Имрӯзҳо ба кишвари зебоманзари Тоҷикистони азизамон Наврӯзи аҷам, бузургтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик ва соли нави аҷдодӣ қадам ранҷа карда истодааст. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрику муборакбод намуда, саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, дастархони пурнозу неъмати наврӯзӣ ва борони файзи баракат таманно дорам. Имрӯз ҷашни миллии мо - Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шу...

Дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
18 мар

Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон " ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо иштироки васеи кормандону меҳмонон ва хонандагони  муассиса  таҷлил карда шуд.  Кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангии наврӯзиро  тибқи расму оини миллӣ гузарониданд. Дастархони оростаи иштирокчиён, ки бо риояи суннатҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат ёфта буд, ба базмгоҳ шукуҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни ҳамоиш аз на...

Бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" баргузор мегардад.
15 мар

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №127 АЗ 10.03.2023 Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ,...

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе байни хонандагони пойтахт озмун ҷараён дорад
14 мар

Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе  даври аввали озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» идома  дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда мешавад. Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмун вобаста ба амалӣ наму...

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей- интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар бахшида ба Рӯзи модарон
7 мар

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!  Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафои баҳорӣ ва гармиву бедории табиат ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони азизу арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама саломатии қавӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар ягона олиҳаест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму ...

ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Аз 20 то 26 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон истироҳат менамоянд
3 мар

Аз 20 то 26 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст карда мешавад. Дарс дар мактабҳои мамлакат 27 март оғоз мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, таътили баҳории хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 рӯз ихтисор мешавад, зеро бо сабаби сардиҳои шадид хонандагон дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар ...

Барои дарёфти стипендияи раиси шаҳри Душанбе
27 фев

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе озмунро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон менамояд. Довталабони стипендия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимо...

Шиносоии хонандагони литсей аз намоиши яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҳарбӣ дар Қисми ҳарбии 12019-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 фев

Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 08.02.2023, £ 47 оиди дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони синфҳои болоӣ аз намоиши лавозимотҳои ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҳарбӣ, инчунин тарзи омода намудани хӯрок барои сарбозону афсарон ҳангоми ...

Табрикоти директори МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар бахшида ба 30 -солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯзҳо аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардаду Артиши миллӣ мавқеи худро дар меҳани биҳиштосо устувор нигоҳ дошта, ба як нерӯи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балкӣ...

Иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2022”, “Омӯзгори сол-2022” ва “Хонандаи сол-2022”
13 фев

Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2022”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2022”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2022”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад. ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №50 АЗ 09.02.2023 Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022», «Омӯзгори сол-2022» ва «Хонандаи сол-2022» дар шаҳри Душанбе Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хона...