Дар соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои ҷаҳонии сатҳи олидоштаи фаннӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) ва 1 ифтихорнома гардиданд. Яке аз ин олимпиадаҳо Олимпиадаи байналмилалӣ «IMO-2021» аз фанни математика мебошад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо иштироки 110 давлат сурат гирифт. Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаб...
Семинари машваратӣ байни директорон, муовинон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, гисти муассисаҳо ва омӯзгорони фанҳои физика ва математикаи маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар семинари мазкур ҳамаи директорон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас қадрдони гардиданд, аз он ҷумла ба директори Литсейи президенӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ғайратзода Лайло...
22 август дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» баргузор гардид, ки иштирокчиёни он аз рӯйи синн ба се гурӯҳ – кӯдакони аз 10 то 12-сола, наврасони 13-15-сола ва аз 16 то 19-сола ҷудо гардиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии «WRO-2021» бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Тавре аз Сарра...
18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолия...
Дар Рўзи дониш - 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, таълим тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора сармутахасcиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабохон Одилова иттилоъ дод. Мавсуф иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 таътил дар Тоҷикистон қабл аз муҳлати муқаррарӣ оғоз гардида буд ва соли хониши 2020-2021 аз 17 август шурўъ шуд. Ин ҳолат бо сабаби пешгир...
НАЗИРЗОДА МАҲМАДСАИД МАДИСАЙН Роҳбари ГИСТ, Раиси Шӯрои методӣ, омӯзгори фанни географияи Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Сино ва шуъбаи маорифи ноҳияи Сино аз 12.08.2021 тибқи моддаи 26-и ҚМҶТ ба вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии N50-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Оид ба татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ барои соли таҳсили 2021-2022 Муфасссал дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: https://www.maorif.tj/ahborot/farmoishi-vaziri-maorif-va-ilmi-umurii-toikist
Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич дар мувофиқа бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Шоҳмансур ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур аз 21.07.2021 тибқи моддаи 26-и ҚМҶТ ба вазифаи директори МТМУ N35-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид. Номбурда дар МДТ "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе ба ҳайси Ҷонишини директор оид ба тарбия ва омӯзгори забони ва адабиёти тоҷик кору фаъолият мекард. Саҳми Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич&...
2-юми июли соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфҳои 11) баргузор гардид. Дар маросими мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Баҳром Исмоилзода - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳ...
ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР СОБИҚ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ЧУБЕНКО ЛИЛИЯ ВЛАДИМИРОВНА- МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ОЛИМПИАДАҲО ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ МАҚОМ ВА МАРТАБАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ САҲМИ НИҲОЯТ БУЗУРГРО ГУЗОШТААНД.
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ Омӯзгорон ва хонандагони гиромӣ! 27 июн мардуми шарафманди тоҷик 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ба ин муносибат, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон ба даст омадааст, ҳамаи ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоем ...
Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ва иштироки зиёда аз 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид. Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ...
МУНТАЗАМ ДАСТ ШӮЕД Мунтазам дастони худро бо ёрии маҳлулҳои спиртдор пок намоед ё бо собун шӯед. Ин барои чӣ лозим аст? Агар дар рӯи дастон вирус мавҷуд бошад, коркарди дастҳо бо ёрии маҳлулҳои спиртдор ё шустани онҳо бо собун онро нобуд месозад. ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ФОСИЛАРО РИОЯ НАМОЕД Аз одамон дар масофаи на кам аз 1 метр дур истед, хусусан агар онҳо сулфа, зуком ва ё ҳарорати баланд дошта бошанд. Ин барои чӣ лозим аст? Одами гирифтор ба сирояти роҳҳои нафас, аз қабили COVID-19, ҳангоми...
Имруз дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии олимпиадаи Spelling Bee ва олимпиада оид ба Шоҳмот ташкил ва баргузор гардид. Дастаи олимпии пойтахт аз рӯи олимпиадаи Spelling Bee фаъолона ширкат варзида, сазовори 2 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардида дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз рӯи олимпиада оид ба Шоҳмот дастаи олимпии Душанбе -1 сазовори Ҷоми ҷойи аввал ва беҳтарин дастаи ҷумҳурӣ дониста шуд. Натиҷаи дав...
Тибқи нақша ҳамасола олимпиадаҳои байналмилалӣ байни хонандагон баргузор мешаванд. Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" дар соли хониши 2020-2021 дар ин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (кенгуру) бо як тайёрии хуб ва маҳорати баланд иштирок намуда ҳамаги 67-ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Ногуфта намонад, ки дар ин олимпиадаи мазкур саҳми омӯзгорони фани математика Солиев Раҷаббек Қурбоналиевич, Навру...
1-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 01.06.2021, №864) ба тасвиб раси...
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон. Кӯдакони меҳрубону саодатманд! Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон 71 - умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда ба шумоён осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам. ...
29-30-юми майи соли равон дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (барои хонандагони синфи 9-10) баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 1309 нафар хонанда ширкат варзиданд. Дар оғоз директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова довталабонро ба шартҳои озмун ошно намуд. Тибқи Низомномаи олимпиадаҳо барои фанҳои ҷамъиятӣ-г...
Санаи 22-23 - юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-6 баргузор шуд. Ҷамъомадро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф дарёфт ва рушди истеъдод...
Субҳи имрӯз бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-6 баргузор шуд. Ҷамъомадро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебо...