Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино дар даври аввали олимпиадаи фосилавии байналмилалии IMAS-2023
6 фев

Cанаи 05.02.2023 даври аввали Олимпиадаи фосилавии байналмилалии IMAS-2023 дар Муасиссаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Хонандагони  бо як таёрии хуб дар ин олимпиадаи мазкур иштирок намуданд. 

Даври сеюми (минтақавии) Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии хонандагони синфҳои 5-6 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
4 фев

Санаи 04 феврали соли 2023 Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2023, №78 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» даври сеюми (минтақавии) Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии хонандагони синфҳои 5-6 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.    Дар Олимпиадаи мазкур 682 нафар хонандагони муас...

Ғолибони Гирандагони стипендияи Президентӣ муайян шуданд
1 фев

1-уми феврали соли 2023 дар Литсей-интернати президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои пойтахт, масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва 320 нафар ги...

Баргузории ҳамоиши "Гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" соли таҳсили 2022-2023 дар Литсей-интернати Президентӣ
1 фев

Санаи 01.02.2023 дар толори Муасиссаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамоиши Гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳсили 2022-2023  баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Раҳмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абд...

ПАГОҲ ДАР ТАМОМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА АНҶОМ ЁФТА, ДАРСҲО ОҒОЗ МЕШАВАНД
19 янв

Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона ба анҷом расида, дарс оғоз мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз гардид, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардид. Зикр ...

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАИ ХОНАНДАГОН ТО 20 ЯНВАРИ СОЛИ 2023 ТАМДИД ГАРДИД
14 янв

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли ...

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАИ ХОНАНДАГОН ТО 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2023 ТАМДИД ГАРДИД
10 янв

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №35 «Дар бораи тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ» дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷик...

Оғози даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе
3 янв

3-юми январи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ки он то санаи 7-уми январ идома менамояд. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, бахусус ғолибони даври дуюми (ноҳиявии) Олимпидаи фаннии хонандагон аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдод...

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли нави мелодии 2023"
31 дек

Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва шогирдони азиз! Инак Соли нави мелодии 2023 фаро мерасад. Мардуми сарбаланди тоҷик соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли нави омадаро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.  Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро ба ҳар яки Шумо ҳамватанони азиз табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик сабт гардад...

Дастоварди "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
30 дек

Санаи 29.11.2022 дар толори МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия”, озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва ғолибони даври дуюм, яъне ноҳиявии олимпидаи хонандагони худи литсей, баргузор гардид. Директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар аз номи ҷомеаи меҳнатии литсей пеш аз ҳама ба сарпарасти литсей Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешв...

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд
30 дек

Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад, хабар доданд  муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода. «Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз мегардад»,- гуфт Зиёратшоҳ Назруллозо...

Дар Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ баргузор шуд
29 дек

Ба 262 нафар омӯзгорон, директорон, кӯдакону наврасони боистеъдоди кишвар, инчунин волидайни онҳо зимни ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 мукофотҳо супорида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони ХУШБАХТ хабар дод. Маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номи...

Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин литсей дар ҳаракати олимпӣ дониста шуд
28 дек

Санаи 28.12.2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷойизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 баргузор гардид, ки ба Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои иштироки фаъолона ва дастовардҳои хонандагони муассиса дар даври ҷумҳуриявии олимп...

15 нафар хонандаи Литсей-интернати Президентӣ барандаи стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 гардиданд
26 дек

Ин дастовард бо кулли хонандагону омӯзгорон ва волидон муборак бошад ва аз номи ҷомеаи меҳнатии литсей, хонандагону волидон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста дар соҳаи маориф ва таъсис додану ҳавасманд гардонидани хонандагони болаёқат изҳори сипосу миннатдории бепоён баён менамоем! Рӯйхати гирандагони Стипендияи Президентӣ: 1. Азизиён Суман 03.04.2009 2...

Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба соҳаи маорифи кишвар
23 дек

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 дек

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисод...

Асророва Сарвиноз, хонандаи синфи 9-и литсей дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойи 3-юм гардид
17 дек

Асророва Сарвиноз хонандаи синфи 9-уми МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳбарии муаллима Назарова Рухсорамо Саъдуллоевна    дар номинатсияи "Адабиёти ҷаҳонӣ" сазовори ҷои сеюм ва барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" гардид. Ин ғолибиятро ба кулли ҷомеаи меҳнатии литсей, волидону  хонандагон таҳният гуфта, ғолибиятҳои дигарро орзумандем. Инчунин, ба муаллима Назарова Рухсорамо ва волидайни Сарвиноз аз номи маъмурият...

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз барандаи Шоҳҷоиза ва ғолибони номинаҳо эълон мегарданд
17 дек

Имрӯз  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он аз миёни 442 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ беҳтаринҳо интихоб гардида, қадрдонӣ мешаванд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Аз ҷумла, гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳо...

ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ИДОМА ДОРАД
15 дек

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шуруъ аз 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуруъ гардида, ҳамакнун озмун вобаста ба номинатсияҳо ва гурӯҳҳо идома дорад.  Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср вобаста ба гурӯҳҳо миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳ...

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2022
14 дек

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” санаи 14 декабри соли ҷорӣ дар МТХ “Мактаби муосири байналмилалӣ Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор га...