Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

8 сентября 2021 10:09

Количество просмотров: 8140

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

Дар ин лаҳзаҳои пурнишоту фараҳбахш ва пурифтихор бо камоли хушнудӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли ҳамватанони азизро ба муносибати фаро расидани 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, барои ҳар яки Шумо саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар роҳи амалӣ намудани ниятҳои неку созанда ҷиҳати пешбурди ҳаёти шоиста ва рушду тарақиёти Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбию мувафаққиятҳои беназирро таманно менамоям!

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи тоҷик имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованди бузург ба мардуми шарифи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Зери парчами Истиқлолият ва Ваҳдати мардуми тоҷик таҳти таваҷҷӯҳи хос ва дар партави дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамарӯзаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, дар зарфи 30 сол бо маром рушд намуд.

Роҳбари давлат дар радифи дигар масъалаҳои мубрам, вобаста ба дарёфти роҳҳои тараққиёти давлати ҷавони тоҷик ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ менамуданд. Чуноне ки мебинем, дар масири на он қадар зиёд, яъне 30 соли Истиқлол Давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон бо роҳбарию пешвоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути меҳнату заҳмати аҳлона тавонистанд ба дастовардҳои бесобиқа ноил гарданд. Дар ин росто, мардуми шарифи тоҷик дар радифи дигар ҳаммилатони худ, бо меҳнату эҷоди худ содиқона саҳми сазовору холисонаи худро дар ин раванди пурифтихори таърихи миллат гузошт.

Дар ин раванд, бешубҳа, дар сиёсати давлатӣ дар мадди аввал ва самти арзишманду афзалиятнок гузоштани соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат моҳияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, баҳри инкишофу рушди ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиеро ба вуқӯъ пайваст.

Боиси ифтихор аст, ки имсол низ дар ифтитоҳи аксари муассисаҳои нави таълимии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ташриф оварда, бо суханрониву андешаҳои пурмуҳтаво аз нақши мактабу омӯзгор, таҳсилу аз бар кардани илму дониш шуълаи меҳру муҳаббатро дар замири хонандагону, омӯзгорон ва падару модарон боз ҳам фурӯзон мегардонанд. Сарвари давлат ҳамасола дар Рӯзи дониш – 1 сентябр чун анъана бо доираи васеи хонандагону омӯзгорон “Дарси сулҳ” - ро оғоз карда, ба онҳо барои фаъолияти минбаъдаашон маслиҳатҳои муфиду судманд иброз медоранд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат моро водор менамояд, ки оид ба таъмини сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, инчунин тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносӣ ва эҳёи андешаи бунёдии миллӣ, иштироки фаъоли қишрҳои гуногуни ҷомеа дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноии китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат», амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва иҷрои босифати стратегия, нақшаву консепсия ва барномаҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ин сурат мо метавонем барои боз ҳам таҳким ёфтани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми шоиста гузорем.

Дар ин ҷода масулиятшиносию идроки ӯҳдадориҳои ҳар як сокини баору номуси диёр хеле муҳим буда, саҳмгузории ҳамагон дар раванди бунёдкорию созандагӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Мо бояд тавре меҳнату эҷод намоем, ки аз худ барои наслҳои ояндаамон як диёри зебою пешрафта боқӣ монем.

Бигузор ояндаи Тоҷикистони азизи мо боз ҳам дурахшонтар ва зеботар гашта, ҳар як сокини баору номуси он, ки сазовори зиндагии шоиста аст, ҳаёти озодонаи худро тавре таъсису ташкил диҳад, ки орӣ аз танқисӣ бошад. Ҳар як оилаи тоҷикистонӣ соҳиби хонаи ободу солим гашта, фазои оилавиеро ба вуҷуд оварад, ки дар он фарзандони сазовори ин давлату миллат донишманду эҷодкору ихтироъкор ва шӯҳратёр ба воя расанд.

Бигузор Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери осмони софу беғубор, дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ рушду инкишофи бесобиқа касб намуда, ҷойгоҳу манзалати давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам гардад!

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарон ва ҳамватанони азизро бо ҷашни муқаддаси миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон тани сиҳату хотири ҷамъ, ободии хонадон ва фатҳи қуллаҳои навро ҷиҳати ободу зебо гардондани Ватани маҳбуб ва боз ҳам боло рафтани мақому манзалати давлату миллати тоҷик комёбиҳои беназирро орзу менамоям! Бигузор Истиқлол ва сулҳу ваҳдати мардуми сарбаланди тоҷик поянда ва абадӣ бошад!

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,
Зиҳӣ бахту зиҳӣ иқболи тоҷик!  

Ҷашни истиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!