Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

23 февраля 2022 09:02

Количество просмотров: 3345

Сарбозону афсарони шуҷои Ватан, омӯзгорону хонандагони гиромӣ ва кулли мардуми Тоҷикистони азиз!

Бо камоли эҳтиром Шумо родмардони Ватан, омӯзгорону хонандагон ва кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Аз таъсисёбии Артиши миллӣ ҳамагӣ 29 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, роҳеро тай намудааст, ки он бо арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қиммати ҷандин даҳсоларо дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд «Вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст».

Бо дарназардошти ин нуқта Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаҳои беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмин кардан бо лавозимоту таҷҳизоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.

Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳамарӯза ғамхориву таваҷҷуҳи Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бараъло эҳсос менамоянд. Зеро имрӯз барои хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави мамлакат тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамаи ин амалу падидаҳои нек ба он водор месозад, ки хизматчиёни харбӣ ба Ватану миллати хеш таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, меҳанпарастию меҳандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар густариши ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, пойдориву устувории давлати сохибистиқлоламон ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳон самимонаву фарзандона ҷидду ҷаҳд намоянд.
Бо итминон зикр менамоем, ки мо омӯзгорон хонандагонро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодиамон тарбия намуда, истиқлолу озодии давлати тоҷиконро дар якҷоягӣ бо Шумо чун неъмати муқаддаси ҳаёт ва гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ медорем.
Бори дигар Шумо – родмардони Ватанро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, бароятон бахту иқболи баланд ва дар роҳи адои хизмати пуршарафу басо масъулиятнок, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва тарбияи насли ояндасози шарафманду ватандӯст муваффақияту комёбиҳо таманно дорам.
Ҷашн муборак, ҳомиёни содиқи Ватан!