Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

5 марта 2022 02:03

Количество просмотров: 3883

Муҳтарам бонувони азиз, ҳамкасбон гиромӣ!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедоршавии табиат – ҷашни фархундаи “Рӯзи модар” фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони гиромиқадро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, некии комил, меҳру муҳаббат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор меҳру муҳаббат ва нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ва бо тарбия ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа  хизмати шоиста кунад.

Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як шахси худогоҳ модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, ва ӯро азиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Бале, агар бо як андешаи солим фикр кунем модар дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Бузургони мо аз қадим то ба имрӯз яъне Ҳофизу, Саъдӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хаём, Муҳаммад Хоразмӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва дигарон ва ҳатто паёмбари ислом Муҳаммад(с.а.в) аз домони поки модар бузург шуда бо ин мартабаҳо расида ва имрӯз оламшумур шудаанд ва номи онҳо бо некӣ ёд мешаванд.

Агар ба таърих назар кунем шоирону нависандагон дар васфи Зан-Модар  бисёр суханҳое нек гуфтаанд ва дар васфи ӯ ҳатто китобу мақолаҳо эҷод шудаанд. Ва дар китобҳои “Авесто” ва “Қуръон” дар васфи ин мавҷуди бузург бисёр нек навишта шудааст ва мақому манзарати Зан-Модар хеле баландмартаба зикр шудааст.  Тасвири зан ва алалхусус Зан-Модар дар адабиёти ҷаҳон нақши густарда дорад ва дар адабиёти форсу тоҷик, ки аз қадимтарин адабиёти башарист, ин мавзӯъ бештар матраҳ шудааст. Ҳақиқати ҳастии Зан-Модар ва ҳуқуқу манзалати он дар китобҳои муқаддаси «Авесто», ки аз куҳантарин осори хаттии мардуми ориёинажод аст, таҷассум ёфтааст. Бино ба таъкиди авестошиносон, тибқи ин китоби осмонӣ ҳуқуқи зан дар баробари мард мусовӣ аст. Зан фурӯзонандаи оташи хонадон ва нуру сафобахшандаи оила аст. Дар китоби «Авесто» зан чун тимсоли аъмоли неки инсон, оинаи зебоӣ ва посдорандаи оташи муқаддас эътироф шудааст, зеро бунёди оила ва тавлиди фарзандон, ки дар дини зардуштӣ аз аъмоли писандидаи аҳуроӣ мансуб мешавад, вобаста ба Зан-Модар аст. Ниёгони мо, суғдиён ба Зан-Модар арҷ мениҳоданд ва идомаи наслро вобаста ба ӯ медонистанд.

Дар “Қуръон”-и карим низ ба мақому мартабаи Зан – Модар арҷ мениҳоданд ва ҳатто мақоми модар дар баъзе ҳолатҳо аз падар бештар аст. Дар китоби осмонии «Қуръони Маҷид» зан чун мазҳари зебоии маънавии инсон, тавлидгари андешаҳои мубарро ва манишии некбинона дар зеҳни ҷомеа дониста шуда, ба мақому манзалати зан эътибори махсус дода шудаааст ва ӯ дар дунёву охират баробари мард соҳиби мақому эътибор аст. Қуръони карим ба иттифоқи дӯсту душман эҳёкунандаи ҳуқуқи зан аст. Бино бар ривоятҳои исломӣ, ҳар чизе, ки барои Худованд писанд омад, қатра-қатра, зарра-зарра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро пурнур ва мардро хушбахт гардонад.
Паёмбари ислом-Ҳазрати Муҳаммад (с) ба зан модар эҳтироми бузург қоил буданд ва дар ҳадисҳояшон аз бузургии зан, модар ва вазоифи фарзандон дар баробари Модар сухан гуфтаанд. Бино ба ҳадиси Пайғомбар (с) «Биҳишт зери қадами модарон аст». Яъне инсон дар баробари тоату ибодат ва дигар аъмоли нек бояд дар хидмати модар бошад ва ризои ӯро ба даст оварад. Ҳаким Низомии Ганҷавӣ - шоири бузурги достонсаро маънии ин ҳадиси пайғомбарро ба риштаи назм кашидааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чун дигар китобҳои бузургон, ҳастии зан нақши муҳим ва муассир дорад. Дар он Зан-Модар мақоми хеле воло дошта, тасвири бузургиву шаҳомат, корнамоиву шуҷоат, одобу фазилат, тавоноиву зебоии ҷисмонии ӯ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Фирдавсӣ беҳтарин сифоти занонро дар мардонагиву вафодорӣ, ҳушбаёниву суханварӣ, хирадмандиву орифӣ ва ахлоқи пок, шарму ҳаё дарёфта Зан-Модарро чун мазҳари зебоӣ тимсоли некиву покӣ ва офарандаи инсони комил тасвир намудааст.

Имрӯз зан-модари тоҷик дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият дорад, ва барои ободу пешрафти ватани азизамон саҳми худро гузошта истодаанд.

Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан-модар бисёр ҳурмати баланд доранд ва ҳамеша нисбати ӯ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва чунин фармудаанд: “Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем. Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки парваридаи модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем”.

Бо истифода аз фурсат, изҳор менамоям, ки нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард мебошад. Зеро савоби парастории падару модар ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст. Яъне аз ин суханҳо бармеояд, ки ризогии падару модар ин ризогии Худованд аст.

Бо ибрози ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо, модарону бонувони арҷманд, ҳамкасбон ва хоҳарону шогирдони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва шогирдони азиз!