2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
13 марта 2020 01:03
Количество просмотров: 16507
13-уми марти соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо котиби якуми намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Стефано Элеро доир гашт.
Дар оғози вохӯрӣ М. Имомзода аз ҳамкориҳои судманди намояндагии Иттиҳоди Авурпо дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба имзорасида ба роҳ монда шудааст. Инчунин, зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм буда, аз ҷониби он якчанд лоиҳаҳои грантӣ дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ татбиқ шуда истодаанд.
Дар идома ҷаноби Стефано Элеро миннатдории худро ҷиҳати пазироии олӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба баён дошта, қайд намуд, ки дар доираи барномаи дастгирии таҳсилоти босифат дар вазорат бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти курси такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбӣ ва банақшагирии таълим, маблағгузорӣ ва мониторинг татбиқ гашта истодааст.