Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ВОХӮРИИ СУДМАНД

28 января 2020 08:01

Количество просмотров: 28460

24-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Саломиён Муҳаммаддовуд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк Василий Николаевич доир гашт.
Дар оғози вохӯрӣ Саломиён Муҳаммаддовуд қайд кард, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Украина дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 9 апрели соли 2003 ва протоколҳои ҷаласаи ҳамасолаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст. 
Дар идомаи вохӯрӣ сафир доир ба ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ, таҳияи рисолаҳои илмӣ ва омода кардани номзадони илм, табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва чанде дигар ибрози назар намуд. 
Зимни мулоқот, инчунин, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украинаро дар соҳаи маориф ва илм мавриди муҳокима қарор доданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар доираи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҷонибҳо 20 бурсия барои таҳсили шаҳрвандони якдигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷудо  менамоянд.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Украина дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисахои таҳсилоти олии ин кишвар дар зинаҳои бакалавр ва магистратура 20 бурсия (15 бакалавр, 5 магистратура) ҷудо намудааст.