Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Вақте рисолат бо масъулият тавъам аст...

17 августа 2020 12:08

Количество просмотров: 10959

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Рӯйдоди мазкур пураҳамият ва идомаи мантиқии дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ба ин соҳаи муҳим маҳсуб шуда, масъулияти роҳбарият ва кормандони ин боргоҳи маърифатро фузун намуд.
Хурсандиовар аст, ки зимни суханрониашон бахшида ба рӯзи дониш Пешвои миллат ба раванди дохилшавии дастпарварони литсейи мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баҳои баланд доданд.
Дар робита ба ин, пешниҳоди хонандагони закӣ намудани чанд далелу арқмро, ки аз ҷамъи дастовардҳои роҳбарият ва кормандони ин муассисати таҳсилоти миёнаи умумӣ “муште аз хирвор аст”, муҳим ва муфид медонам.
Тибқи иттилои дастрасшуда, теъдоди онҳое, ки аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар гардидаанд, мунтазам рӯ ба афзоиш аст.
Барои мисол, соли равон аз шумори хатмкунандагони литсей 38 нафар ба Донишгоҳи миллӣ, 9 кас ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 8 нафар ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷ.Т, 7 нафар ба Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, 4 кас ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, 5 нафар ба Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ва ба ин монанд аз 3 -4 нафарӣ ба факултаҳои беҳтарини дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд.
Далели бебаҳс аст, ки маҳз дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсей-интернати Президентӣ барои кўдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи пешрафтаву бонуфузи таълимӣ ва макони тарбияи ҷавонони худогоҳу ватандӯст ва донишманд табдил ёфт. Ба шарофати комёбиҳои камназири устодон ва хонандагонаш литсей дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат мақоми хосро соҳиб буда, нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳои фаъолият тамоюли афзоишро касб намудаанд.
Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки сатҳи дониши хонандагони литсей аз беҳтаринҳо буда, ҳамасола ғолибони мутлақи олимпиадаҳои байналмиливу ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ гардиданашон шаҳодати гуфтаи боло мебошад.
Масалан, дар соли таҳсили 2018-2019 хонандагони литсей дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ 56 ҷой ва олимпиадаи шаҳрӣ 39 ҷойи ифтихориро соҳиб шуда, дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе мақоми 1-умро сазовор гардиданд.
Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ дастовардҳои хонандагони ин муассисаи таълимӣ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда, мутаносибан 33 ва 103 нафар бо гирифтани мақоми ифтихорӣ ғолиб эътироф шуданд.
Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2019-2020 тамоюли афзоишро касб карда, ғолибони олимпиадаи ноҳиявӣ 55 нафар , олимпиадаҳои шаҳрӣ 46 нафар ва ҷумҳуриявӣ 11 нафарро ташкил дод.
Теъдоди омӯзгорон дар ин кохи маърифат 92 нафарро ташкил дода, онҳо мутахассиссони арзанди соҳаи худ ҳастанд. Дар байни омўзгорон 46 нафар дорои дараҷаи тахассуси олӣ, 23 нафар дорои тахассуси якум мебошанд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки 13 омӯзгори рус, 4 нафар аз бародарони ӯзбек, 1 қазоқ, 1 армани, 2 нафар башқир ва 1 озорбойҷонӣ якҷо бо ҳамтоёни тоҷику худ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Дар баробари дигар дастовардҳо бамаврид аст аз он ёдовар шавам, ки соли таҳсили 2019-2020 бори аввал хонандагони синфи 11, ки таълим дар он пурра бо забони англисӣ роҳандозӣ шуда буд, литсейро хатм карданд. Дар синфҳои таълимашон бо забони англисӣ 5 фанни дақиқ -математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотиро 6 омўзгор бо забони англисӣ таълим медиҳанд.
Бамаврид аст зикр кунам, ки ба шарофати гавҳаршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонҳои донишманд, меҳандӯст ва некманиш ба ҳеҷ ваҷҳ аз мадди назар дур намемонад ва ҳатман мақоми шоистаи худро соҳиб мегарданд.
Директори Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода аз ҳамон зумра аст, ки ба шарофати тавъам намудани рисолат ва масъулият, якҷо бо аҳли литсей ба дастовардҳои зикршуда ноил гардиданд.

Муборак ва муттасил бод!