Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД». Ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида мешавад

15 апреля 2020 11:04

Количество просмотров: 17465

Имрӯз зодрӯзи сардафтари  адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, нависандаи барҷаста ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин  Айнист. Дар бораи хизматҳои беназири  Устод Айнӣ  барои миллати тоҷик шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир гуфтааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Нависандагон ва донишмандони ғарбӣ номи Айниро бо Ҷек Лондон, Киплинг, Горкий, Кнут Гамсун барин нависандагони шаҳир дар як қатор гузоштаанд. Бахусус, асарҳои устод «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Мактаби кӯҳна» дар Ғарб ба нашр расидаву шӯҳрат ёфтаанд, ки дар ин амал тарҷумаҳои русии осори ӯ нақши муайян доштаанд.

Дар Ҳиндустон ду шахсияти бузурги Тоҷикистон - асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва муаррих, шарқшинос, аллома Бобоҷон Ғафуровро бештар мешиносанд ва қадр мекунанд. Б. Ғафуров бо хидматҳояш дар шинохти таъриху тамаддуни халқи ҳинду ва устод С. Айнӣ бо осори гаронбаҳои адабӣ дар дилу дидаи ҳиндуҳо маъво гирифтаанд. Бавижа, дар тарҷумаву муаррифии устод Айнӣ нақши адиб, олим ва тарҷумони сермаҳсули адабиёти ҳинд дар асри XX Раҳул Санкритяян шоистаи таҳсин аст.

Дар навбати худ эҷодкорону мутарҷимони Ҳиндустон, ки ба асарҳои устод С. Айнӣ дер боз шиносоӣ доштанд, онҳоро бо майлу рағбати зиёд ба халқи ҳинду муаррифӣ намуданд.

- Дар кори ба хонандагони ҳинду шинос намудани нависандаи маъруфи тоҷик, пеш аз ҳама, заҳмати Раҳул Санкритяян бисёр бузург аст. Ў ба Иттиҳоди Шўравӣ сафар карда буд. Дар ҷараёни ҳамин сафарҳо ва кор кардан дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР ба омўзиши адабиёти тоҷик диққати ҷиддӣ додааст. Аз гуфтаҳои худи Санкритяян маълум мешавад, ки ў солҳои дар Ленинград кору фаъолият доштанаш бо устод Айнӣ мукотиба дошт. Пеш аз он, ки бевосита ба тарҷума ва нашри асарҳои устод машғул шавад, аз ў маслиҳатҳо пурсидааст, - мегўяд профессор Ҳабибулло Раҷабов.

-Танҳо дар асари худ таҳти унвони «Маънои калимаи «тоҷик» ва услуби нигориши он», ки  ҳамагӣ 24 саҳифаи дастнавис аст,  устод Айнӣ  208 маротиба калимаи «тоҷик»-ро зикр намуда, барои исботи фикраш санадҳои раднопазир  овардааст.

Устод Айнӣ дар ин асари худ ба ҳеҷ ваҷҳ аз паи дарбар гирифтани ҳамаи манбаъҳои хаттие, ки дар онҳо калимаи «тоҷик» (тозик, тожик) баррасӣ шудааст, нарафтааст ва агар мерафт ҳам, ин кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳатто номумкин буд.  Бояд тазаккур дод, ки қисме аз манбаъҳои хаттии гузашта, ки дар онҳо дар бораи калимаи тоҷик-тозик-тожик сухан рафтааст, дар навиштаҳои ховаршиносон низ зикр шудаанд ва ба ин восита дар адабиёти илмӣ дар ин бобат фикрҳои мухталифе аз тарафи Н. Хаников, В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, Б. Ғ. Ғафуров, А. Н. Бернштам, Е. Э. Бертелс, А. К. Боровков, И. И. Умняков, Н. А. Кисляков, И. Оранский ва чанди дигар  баён гардидаанд.

Садриддин Айнӣ ҳангоми таълифи мақола аз асарҳои мухталиф, ки солҳои гуногун таълиф шудаанд, ба тартиб мисолҳо меорад. Аз «Куллиёт»-и Ҷомӣ як мисол, аз як асари дастнависи Хоҷа Абдулқодири Холиқи Ғиждувонӣ бо номи «Маноқиби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ», ки дар Ҳиндустон китобат карда шудааст, ду мисол, аз маҷмӯаи матнҳое, ки Бартолд ҷамъ карда, соли 1898 дар Петербург чоп кардааст, як мисол, аз асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Хоҷа Рашидаддини табиб се мисол ва аз «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд бисту як мисолро чун намуна барои исботи фикраш овардааст.

Баъд аз овардани мисолҳо ва таҳлили онҳо устод Айнӣ ба хулосае омада, барои хонанда андешаву пешниҳодоти худро ба таври алоҳида нишон медиҳад.

«1. Чунонки дар мисоли аз асари Хоҷа Абдулқодири Холиқи Ғиждувонӣ гирифташуда дидем, калимаи «тоҷик» бо ҳамин шакл аз асри XII боз дар адабиёт навишта будааст… ва дар ҳамин асри XII будани ин калима ҳаминро нишон медиҳад, ки дар асри мазкур ва пештар аз он ин калима дар байни халқ забонзад ва дар байни муаллифон ва нависандагон яке аз истилоҳҳои истифодамешуда будааст…

  1. Калимаи «тоҷик» ба сифати номи як халқи форсизабон сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он дар мавриди ҳамаи форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст.
  2. Халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим боз номи «тоҷик» ба инҳо дода шудааст, албатта, баробари ин ном пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон ҷой наёмадаанд, балки инҳо аҳолии як сарзаминанд, ки баъд аз исломият ба инҳо номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ» дода шудааст… …баъд аз он ҳамаи халқҳои форсизабонро бо ин ном ном бурдан мумкин шуморида шудааст (мисолҳои боло инро равшан исбот карданд) …» (С.Айнӣ. Маънии калимаи «тоҷик» // Тоҷикон дар қаламрави Ориёно / мураттиб М. Шукурзода. – Душанбе: Деваштич, 2009. – Саҳ. 53-54).

Бо ин хулосаи худ устод Айнӣ тавонист бори дигар исбот намояд, ки фарзандони тоҷикро аз қадим, ки худро «тоҷик» номидаву бо ҳамин ном ба дигар мардумон муаррифӣ шудаанд, мешиносанд.

Ҳамчунин устод Айнӣ дар ҷойи дигар зикр менамояд, ки «дар аввал мақому шаклҳои гуногуни калимаи «тоҷик»-ро нишон дода гуфта будем, ки шакли аслии ин калима «тоҷик» буда, муғулҳо ва туркҳои қадимӣ ин калимаро гуфта натавониста, бо табдил кардани ҳарфи «ҷ» бо «з» «тозик» гуфтанд ва ин қавли худро бо мисолҳои гуногун, ки аз таълифоти асарҳои гуногун гирифта шудаанд, исбот ва таъкид ҳам шуд ва инчунин маънии калимаи «тоҷик» ба сифати як халқи форсизабон будан низ дар боло бо далелҳо ва мисолҳои аз муаллифони гуногун гирифташуда исбот карда шуд.

Аммо чӣ будани маънии аслии калимаи «тоҷик» ва қатъи назар аз номи як халқи форсизабон будан, чӣ маънӣ доштани он ва баромадгоҳи он ва инчунин ба чӣ сабаб ба як халқи форсизабон ном шудани ин калима то ҳол равшан карда нашудааст.

Калимаи «тоҷик» аз тарафи ягон муаллифи мӯътабар бо роҳи забоншиносӣ (лингвистӣ) то ҳол таҳлил карда нашудааст ва агар ягон таҳлили маъқуле шуда бошад ҳам, то ҳол ба воситаи адабиёти навишта ба мо нарасидааст…» (С.Айнӣ. Асари номбурда. – Саҳ. 54).

Ба гуфтаҳои устод Айнӣ, калимаи «тоҷик» аз се ҷузъ иборат аст: «тоҷ-и-к». Якум тоҷ аст, ки зиннати сари подшоҳон ва нишонаи подшоҳии онон буда, номи дигари вай дар форсӣ «афсар» ва дар арабӣ «иклил» аст; дуввум ҳарфи «ӣ»-и нисбат аст, масалан, мо «бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ» гӯем ҳамин «ӣ» ҳамроҳ мешавад ва чизҳо, ё шахсҳои ба ин шаҳрҳо мансубро мефаҳмонад; ҷузъи савум ҳарфи «к»-и исмӣ аст.

Аз мутолиаи мақолаи зикршудаи устод Айнӣ бармеояд, ки дар ҳамон солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани рӯҳи миллии тоҷикон, ҳисси ватандӯстии ҳамқавмон, ҷалби онҳо ба мубориза алайҳи душманон, муттаҳидии тоҷикони тамоми ҷаҳон устод Айнӣ бо ин мақолаи муҳими худ саҳми сазовор гузоштааст. Ба қавли худи Устод Айнӣ, “қалам шамшери ӯ” гашта буд.


Дар бораи устоди фарзона Садриддин Айнӣ дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили мутолиа аст:

Саду чиҳил соли Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад

70 – соли чопи як китоби устод Садриддин Айнӣ

Сарсухани устод Садриддин Айнӣ ба шоҳасари мардумии “Чор дарвеш”

Лаҳзаҳое бо ёди устод Айнӣ

«Ҷойгоҳи устод Садрддин Айнӣ дар фарҳанги тоҷикии давраи Истиқлол»

Олими маъруф ва пажуҳишгари нотакрор

ИБРОҲИМ УСМОНОВ: "Ёддоштҳо" - ро дуруст наомӯхтаем