Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Таълимоти Ибни Сино дар бораи модда ва атрибутҳои он дар партави фалсафаи давраи нав

11 марта 2020 10:03

Количество просмотров: 21059

Аз замони зиндагии Ибни Сино бештар аз ҳазор сол гузаштааст. Дар тӯли ин муддат таълимоти фалсафии вай аз тарафи ҷонибдоронаш рушду такомул ёфта, аз ҷониби рақибонаш мавриди нақду инкор қарор гирифтааст. Ба интиқоди шадиди рақибон нигоҳ накарда, таъсири ақидаҳои Ибни Сино ба аксари мутафаккирони асримиёнагии Шарқу Ғарб барало ба мушоҳида мерасад. Асарҳои Ибни Сино ҳамчунин дар маркази диққати мутафаккирони давраи Эҳёи Аврупо қарор доштанд. Доир ба таъсири Ибни Сино ба мутафаккирони ин давра осори зиёди донишмандони давраи нав шаҳодат медиҳад. Вале аз тарафи дигар, Ибни Сино он эътибору шукӯҳеро, ки дар асрҳои миёнаи Аврупо дошт, дар давраи Эҳё то андозае аз даст медиҳад. Бо вуҷуди ин, таълимоти вай дар маркази таваҷҷуҳи донишмандони давраи нав, авраи маорифпарварӣ ва фалсафаи муосир қарор мегирад. Оид ба таъсири мутафаккир ба донишмандони давраи маорифпарварӣ як қатор олимон, аз ҷумла олими олмонӣ Эрнст Блох, маълумот додаанд.

  Ҳангоми омӯзиши паҳлуҳои мухталифи таълимоти Ибни Сино оид ба модда маълум мегардад, ки дар таърихи фалсафа назар ба таълимотҳои фалсафии дигар файласуфони олами Ислом, аз ҳама бештар доир ба фалсафаи Ибни Сино таҳқиқот сурат гирифтааст. Танҳо таҳқиқот роҷеъ ба таълимоти Ибни Рушдро метавон дар баробари таҳқиқот оид ба таълимоти Ибни Сино дар як саф гузошт. Гузашта аз ин, чунин таҳқиқоти фаровону густурда аз аҳамияти таълимоти Ибни Сино ва ҷойгоҳи он дар фалсафаи муосир шаҳодат медиҳад. Маълум аст, ки илми фалсафа дар ҳамбастагӣ бо дигар илмҳо рушду камол меёбад. Ба хусус, тайи чанд қарни охир илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ рӯ ба тараққии бесобиқа оварданд. Ҳамин тавр онҳо дар навбати худ барои рушду тараққии илмҳои фалсафӣ замина муҳайё карданд ва дар тафаккур тағйироти зиёд падид омад, аз ҷумла дар фаҳмиши муосири модда ва атрибутҳои он ва фаҳмиши асримиёнагии ин масъала фарқият пайдо шуд.

  Тавре ишора намудем, ба назари Эрнст Блох суннатҳои табиатшиносии Арасту аз ҷониби Ибни Сино такмил ёфта, ба воситаи ӯ ба Ҷордано Бруно интиқол ёфтанд. Аврупои асримиёнагӣ аз ин суннатҳо бехабар буд. Аммо бояд гуфт, ки Ҷордано Бруно дар қиёс бо Ибни Сино пантеист буда, ақидаи беохирии олам ва назарияи гелиосентризмро инкишоф медод. Як қатор олимони имрӯза иддао доранд, ки сухани маъруфи Рене Декарт «Когито ерго сум» («Ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам») аз инсони парандаи Ибни Сино маншаъ мегирад. Хусусан олимони аврупоӣ Ж.Фурланӣ, А.М. Гуашон, А. Корбен ва боз чандин нафарони дигар дар тадқиқоти худ ба ин нукта ишораҳо доранд. Бояд гуфт, ки воқеан ҳам дар бисёр мавридҳо таълимоти табиатшиносии Декарт бо таълимоти Ибни Сино мувофиқат мекунад. Вале ин маънои онро надорад, ки Декарт зери таъсири бевоситаи таълимоти Ибни Сино қарор гирифта буд. Дар фаҳмиши модда ва олам дар таълимоти Декарт чанд фарқият дида мешавад. Якум, Декарт модда ва маконро айни якдигар медонад, дар ҳоле ки макон барои Ибни Сино ҳамагӣ яке аз атрибутҳои модда аст, на худи модда. Дуввум, Декарт ҷисмро аз назари ҳисоб баҳо дода, математикаро илм дар бораи олами моддӣ мешуморид. Чунин ҳолат хоси аҳди қадим ва асрҳои миёна намебошад. Аз ҷониби дигар, Декарт ба мисли Ибни Сино ақидаи тақсимнопазирии атомро дастгирӣ намекард [9, 143]. Сеюм, таълимоти Декарт таҳти таъсири физикаи механикӣ ба вуҷуд омада буд. Ба ақидаи вай, олам ин бузургтарин низом ва мошини бисёр дақиқ сохташуда мебошад. Декарт бар хилофи Ибни Сино Худоро ҷавҳар медонад ва вуҷуди алоҳидаи ҷавҳари рӯҳиро аз моддӣ қоил аст. Ба ақидаи Декарт, хусусияти асосии модда дар тӯл (дарозӣ)-и он нуҳуфтааст [5, 111].

  Ба гуфтаи В.В. Соколов ҷанбаи муҳими механитсизми Декарт дар фаҳмиши ҳаракат зоҳир мегардад, ки хоси зарраҳои модда мебошад [6: 3-76].Зери истилоҳи ҳаракат Декарт амалеро мефаҳмад, ки ба воситаи он ҷисми мушаххас аз ҷое ба ҷое интиқол меёбад. Декарт андешаашро ин тавр идома медиҳад: «Ҷой иваз кардани як моддаи мушаххас ё як ҷисм, аз ҳамҳудудӣ бо он ҷисмҳое, ки бо вай ҳамсарҳад буда, нисбат ба ҷисми ҳаракаткунанда дар ҳоли оромӣ қарор доранд, ҳаракат номида мешавад» [1, 360]. Ба ақидаи В.В. Соколов чунин тарзи фаҳмиши ҳаракат ҳамчун ҷойивазкунӣ дар макон бар хилофи таълимоти Арасту ва схоластикӣ буда, тибқи он чанд намуди ҳаракат мавҷуд аст. Ба назари Арасту ҳаракат дар макон вайрон кардани ҳолати оромӣ аст, гӯё хоси табиати ҳар як ҷисм аст. Декарт дар пайравӣ ба Галилей ба таҳқиқи масъалаи инертсия шурӯъ намуд, ки ин таҳқиқот дар асри минбаъда файласуфони моддигароро ба ақидае овард, ки ҳаракат аз модда ҷудонопазир аст [6, 3-76]. Ақлгароии Декарт дар таълимоти Спиноза дар шакли пантеизм ривоҷу равнақ ёфт.

  Мутафаккири ҳолландӣ Б. Спиноза дӯстдори фалсафаи Ибни Сино буд ва В.В. Соколов барҳақ менависад, ки Спиноза суннатҳои асримиёнагии озодандеширо идома медод. Хусусан суннатҳои озодандешии мутафаккироне чун Ибни Сино, Ибни Рушд ва Маймонид, ки дар мубориза бар хилофи креатсионизми мусулмонӣ ва яҳудия на иродати Худо, балки ақлонияти амалиёти илоҳиро ҷонибдорӣ мекарданд. Ин ҳолатро ба воситаи айният додани Худо бо ҷавҳар қувват бахшида, Спиноза ақлониятро дар рӯҳияи методологияи математикии худ талқин менамуд [7, 75]. Ҳарчанд таълимоти Спиноза дар зери таъсири файласуфони асримиёнагӣ, ба монанди Ибни Сино, Ибни Рушд, Ибни Маймун, Ибни Эзро ва дигарон ташаккул ёфтааст, вале усули андешаронӣва низоми фалсафаи ӯ аз онҳо фарқи назаррас дорад. Якум, бар хилофи мутафаккирони асримиёнагӣ вай пантеист буд, дар ҳоле ки мутафаккирони зикршуда асосан монотеист буданд. Дуввум, Спиноза Худоро бо олам айният дода, онҳоро як ҷавҳар мешуморид, дар ҳоле ки Ибни Сино Худоро ҷавҳар намеҳисобид. Сеюм, таълимоти Спиноза дар қиёс бо таълимоти мутафаккирони асримиёнагӣ хусусияти глозоистӣ, яъне моддазиндагароӣ дорад. Ба таълимоти Спиноза бар хилофи таълимоти Ибни Сино, хусусияти статикии дарки ҷавҳар хос аст, ки ҳаракат ба шумори беохири атрибутҳои ин ҷавҳар шомил нагардидааст [2, 68].

  Модда ва олам пас аз Спиноза дар таълимоти файласуфи олмонӣ, математик, дипломат, ҳуқуқшинос Готфрид Вилҳелм Лейбнитс ба диққати хос омӯхта шудаанд. Аз нигоҳи Лейбнитс, нахустмоддаи Арасту ва Декарт айни якдигаранд. Онҳо худ ба худ аз сурат ва ҳаракат орӣ мебошанд ва онҳо суратро ба воситаи ҳаракат соҳиб гардида, ҳаракатро бошад, аз нафс ба даст меоваранд [3, 115]. Вале аз назари Лейбнитс нахустмоддаи онҳо ночиз аст: «Ба ин илова менамоям, ки нахустмодда, агар дар ҳоли оромӣ қарор дошта бошад, ночиз аст. Ин ба он маъност, ки баъзе аз схоластҳо ба таври мубҳам чунин баён намудаанд: «нахустмодда аз сурат вуҷуд мегирад…» Он чи ки эҳсос намешавад, ночиз аст» [3, 115]. Ҳамин тавр, Лейбнитс менависад, ки модда ба қисматҳои беохир тақсим мешавад. Дар ҳар ҷисми мушаххас эҷоди бешумор ҷой дорад. Кулли аҷсом байни ҳамдигар робита доранд. Ягон атом, яъне ягон ҷисме нест, ки тақсим нашавад. Аз ин маълум мегардад, ки Лейбнитс моддаи худ ба худ ғайрифаъоли Арастуро, ки ба сурат ва Нахустмуҳаррик ниёзманд аст, ҷонибдор нест. Азбаски моддаи Ибни Сино моҳиятан арастуӣ аст, маълум мешавад, ки Лейбнитс онро дастгирӣ намекунад. Вале дар хусуси тақсимоти атом ва аҷсом Лейбнитс бо Ибни Сино ҳамфикр аст.

  Моддаи Лейбнитс аз моддаи Арасту, Ибни Сино, Декарт ва дигарон бо он фарқ мекунад, ки агар модда ба назари мутафаккирони зикршуда барои фаъол гардиданаш ба сурат ва Суратдиҳанда ниёзманд бошад, пас моддаи Лейбнитс тавассути ҷавҳари метафизикие бо номи «монада» фаъол мегардад. Ба ибораи дигар, ба назари Лейбнитс моддаи ғайрифаъол вуҷуд надорад, модда дар ҳама ҷо ва ҳамеша фаъол аст. Монадаҳои Лейбнитс ҷавҳарҳои фаъоли метафизикие мебошанд, ки на танҳо ҷои Худо, балки ҷойи атомҳои Демокритро низ мегиранд, зеро онҳо мавҷудоти тақисмнопазиранд. В.В. Соколов дар мақолаи муқаддимотии худ ба ҷилди якуми тарҷумаи русии осори Лейбнитс менависад, ки дар қиёс бо Декарт ва Спиноза, ки ҷавҳари куллиро бо идеяи ғайрифаъоли олами ҷисмонӣ тавъам мешумориданд, Лейбнитс ба исрор фаъолмандии ҷавҳари монадаро ба ҳайси мабдаи қувватдиҳанда таъкид менамояд [8, 3-77]. Ба ин нигоҳ накарда, монадаҳои Лейбнитс ба мисли моддаи Арастую Ибни Сино азалию абадӣ нестанд, онҳоро Худо меофарад. Мутафаккир дар «Монадология»-и худ менависад, ки танҳо Худо яккаву ягона ва ё ҷавҳарии оддии азалӣ ҳаст. Тамоми монадаҳо хоҳ офаридашуда ва хоҳ бавуҷудовардашуда бошанд ҳам, амали офариниши Худо буда, тавлид меёбанд, яъне мунтазам, лаҳза ба лаҳза аз ҷониби Худо вуҷуд пайдо мекунанд [4, 413-429].

  Гуфтем, ки Декарт ва Лейбнитс бар хилофи Ибни Сино Худоро ҷавҳар мешумориданд. Ба ин масъала М. Диноршоев таваҷҷуҳ намуда менависад, ки дар қиёс бо мутафаккирони Аврупои Ғарбӣ, аз ҷумла Ф. Аквинӣ, Декарт ва Лейбнитс, ки Худоро сурати олии ҷавҳар медонистанд, Ибни Сино Худоро ҳамчун ҷавҳар тасвир намекунад. Сарфи назар аз чунин маҳдудият ва аз нуқтаи назари илми муосир ақидаи носаҳеҳ доир ба шарҳи ҷавҳар, дар таълимоти Ибни Сино оид ба ҷавҳар андешаҳои дуруст низ кам нестанд [2 : 68]. Олими тоҷик М. Диноршоев ҳамчунин масъалаи маконро дар таълимоти Ибни Сино ва Нютон мавриди таҳлили мухтасари муқоисавӣ қарор дода, таъкид менамояд, ки мавқеи мутафаккирони номбурда дар нуқтаи ибтидоӣ ба ҳамдигар мувофиқ бошанд ҳам, вале аз ҳам фарқи назаррас доранд. Ибни Сино бар хилофи Нютон маконро аз модда ва ҳаракат ҷудо намекунад. Ба ақидаи Нютон макони мутлақ «зарфи холӣ» аст [2, 117]. Ибни Сино низ маконро зарфи аҷсом медонад, вале ҷонибдори андешаи макони мутлақи холӣ намебошад.

  Хулоса, метавон гуфт, ки таълимоти Ибни Сино дар бораи модда ва аърози он: ҳаракат, замон ва макон дар пайравии таълимоти Арасту ташаккул ёфта, то андозае бо таълимоти олимони Давраи нави аврупоӣ мувофиқат менамояд. Вале тавре дидем, олимони Давраи нав, ба хусус Декарт, Спиноза ва Лейбнитс Худоро ҷавҳар мешуморанд ва ҳар кадоме ба таври худ вуҷуди алоҳидаи ҳаракату замону маконро аз модда ҷудо эътироф менамоянд, илова бар ин Худоро ҷавҳари мутлақ меҳисобанд, ки Ибни Сино муқобили чунин ақидаҳо мебошад. Ибни Сино замону макону ҳаракатро аърози модда шуморида, вуҷуди онҳоро бидуни модда номумкин меҳисобад, ки ба илму фалсафаи муосир мувофиқтар аст.

 Султонзода Соки Аслон

Ахбори Академияи  илмҳои  Ҷумҷурии  Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №2 (256)

АДАБИЁТ:

  1. Декарт Р. Сочинения в 2 томах. – Т. 1. - М.: Мысль, 1989. – 656 с.
  2. Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сино. - Душанбе: Дониш, 1985. - 256 с.
  3. Лейбниц Г.В. Сочинения в 4 томах. - Том 1. – М.: Мысль, 1982. - 637 с.
  4. Лейбниц Г.В. Монадология // Лейбниц. Сочинения в 4 томах. - Том 1. – М.: Мысль, 1982. - 413-429
  5. Очеркҳои таърихи фалсафа. – Душанбе: Дониш, 1982. - 288 с.
  6. Соколов В.В. Философия духа и материи Рене Декарта // Декарт Р. – Сочинения в 2 томах. – Т. 1. М.: Мысль, 1989. – с. 3-76
  7. Соколов В.В. Спиноза. - М.: Мысль, 1973. - 224 с.
  8. Соколов В.В. Философский синтез Готфрида Лейбница // Лейбниц. Сочинения в 4 томах. - Том 1. – М.: Мысль, 1982. – с. 3-77.
  9. Философский энциклопедический словарь. – М.: Советская энциклопедия, 1983. – 840 с.