Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

15 ноября 2021 01:11

Количество просмотров: 5708

Ҳамкасбон азиз, шогирдони мӯҳтарам.

Ҳамаи Шумо ва кулли мардуми азизро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон” ва 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта , ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат , файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азиз сулҳу сафо ва шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд , руйдоди муҳими таърихи мебошад , ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳилаи сифатан навро бунёд гузошта , хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хурдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгири кард.

Бо боварии комил изҳор менамоям, ки ба туфайли иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯҳои созандаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии Шумо фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ба сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рӯ ба беҳбуд овард.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид.     
       Ба пазируфта шуданатон ба мансаби олӣ Президенти Тоҷикистон  миллати тоҷик соҳиби такягоҳ, пушту паноҳ ва қутбнамо гардид.  Дар ҳаёти он марҳилаи нав ва пурбаракату созанда ифтитоҳ ёфт. Шумо дар симои Президенти Тоҷикистон тавонистед истиқлолияти тоҷиконро тақвият бахшед, ифодагари воқеии манфиатҳои мардум бошед, орзую омоли халқро инъикос намоед, тоҷиконро сарҷамъу ҳаммаром созед ва ононро ба оламиён муаррифӣ бисозед.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Имрӯз бо тамоми ифтихор ва боварии комил метавон гуфт, ки Шумо ҳамчун Президенти Тоҷикистон рисолати худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин менамоед.
      Ба Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар ин рӯзи фархунда беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу намуда, дар фаъолияти содиқона ва босамаратон баҳри эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дастовардҳои бузургро таманно дорам.         

Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 29-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод ҳамватанони азиз!