Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

30 сентября 2021 11:09

Количество просмотров: 15599

Устодону омӯзгорони мӯҳтарам!

Иди касбии тарбиятгарони насли ояндасоз Рӯзи омӯзгоронро ба кулли кормандон соҳаи маорифи кишвар самимона табрик мегӯям.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад аз бехирад тира рӯзгор.

Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, меҳру садоқати бепоёни худро бори дигар ба Ватан ифода карданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил таъкид доштанд, ки дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад. Ва омӯзгор бояд ҳамеша толош ба харҷ диҳад, ки то дар тарбияи насли наврас саҳми сазовор гузорад. Давлату ҳукумат асоси пешрафту тарақиёти кишварро маҳз дар талошҳои соҳаи илму маорифи мамлакат медонад.

Солҳои охир бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад.

Омӯзгорон аз баҳои баланди Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар мақоми шукргузорию саодат ҷиҳати иҷрои сарбаландонаи рисолати таърихии худ азму талоши зиёд доранд, дар амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва куллан беҳтар намудани сатҳ ва сифати дониши хонандагон сазоворона саҳм мегиранд. Натиҷаи заҳмати бобаракати омӯзгорон аст, ки дар соҳаи маорифи кишвар пешравиҳои зиёдё ба назар мерасанд. Омӯзгорон дар ҳама давру замонҳо нерӯи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ин масъулияти пуршарафи худро сарбаландона иҷро мекунанд. Омӯзгорони ҷумҳурӣ аз як қатор имтиёзу бартариҳо бархӯрдоранд. Ҳамчунин вобаста ба имконият дар кишвар давра ба давра маоши омӯзгорони соҳаи маориф зиёд карда мешавад. Омӯзгорон ба ҳама гуна арҷгузориҳою қадршиносӣ меарзанд. Пешаи омӯзгорӣ басо сангину заҳматталаб аст, вале ифтихорист. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ва афзудани обрӯи эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста заҳмат мекашанд, меҳнати фидокорона мекунанд. Самараи азму ҷаҳди ҳамарӯзаи онҳост, ки ҳамасола теъдоди зиёди хонандагони таълимгоҳҳои мо дар бонуфузтарин озмуну сабқатҳои ватаниву хориҷӣ ба комёбиҳои шоиста сазовор мегарданд, обрӯи ҷумҳуриамонро бештар баланд мебардоранд.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст. Имрӯз дар ҷомеа омӯзгори ботаҷриба мақоми хоса дорад. Махсусан омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ будан худ боиси ифтихору ҳамзамон масъулиятнок аст. Зеро донишандӯзии хонандагон маҳз аз синфҳои ибтидоӣ сарчашма мегирад. Дар ин давра як нуктаро бояд таъкид кард. Кӯдакон ба даргоҳи дониш қадами нахустини худро мениҳанду навиштанро аз омӯзгори нахустини худ меомӯзанд. Аз ин рӯ, аз омӯзгор заҳмати зиёд, ҷӯстуҷӯйҳои шаабонарӯзӣ, масъулияти баландро талаб мекунад, то онҳо ба дили шогирдони кӯчак роҳ ёбанд.

Дар ин рӯзҳои пурсаодат итминони комил дорам, ки тарбиятгарони насли наврас аз шароитҳои мусоиди барояшон фароҳамомада боз ҳам самараноктар истифода намуда, дастовардҳояшонро афзунтар мегардонанд, дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши арзашда мегузоранд.

Бори дигар кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар ва дар шахси онҳо собиқадорони соха, устодону омӯзгоронро бо иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон бахту саодат, рӯзгори хушу обод ва дар кори таълиму тарбияи насли наврас муваффақият ва комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.

Идатон муборак устодону омӯзгорони арҷманд!