Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

5 Ноября 2021 03:11

Количество просмотров: 387

Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз!
Имсол Рӯзи Конститутсия бо 30 солагии истиқлоли давлатӣ рост омад, ҳамаи Шуморо ба муносибати 27 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.

Бисту ҳафт сол муқаддам дар кишвари маҳбуби мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санади тақдирсоз мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам ҷамъ овард. Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул гардидааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад. Зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст. Зимнан, бартарияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад.

Ин талошҳои азалии миллати тоҷикро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои халқаш бахшидааст, бараъло эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст: “Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд”.

Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, мардуми тоҷикро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.

Барои халқи тамаддунофари тоҷик боиси саодатмандист, ки ба бузургтарин неъмат – истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаем ва имкон фароҳам омад, то баъд аз ҳазор сол бо дасти худ ва барои худамон қонуни асосии кишварамонро эҷод кунем. Аз ин ҷост, ки имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад.

Маврид ба зикр аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Аз 100 моддаи Конститутсия 34 модда ва ё аз се як ҳиссаи он ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардид, онро такмил дод ва пурратар сохт.

Имрӯз ҳар яки мо ифтихор мекунем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаю ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осоишта ва давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқбунёд умр ба сар мебарем ва дар боз ҳам ободу зеботар гардонидани Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Бори дигар бистуҳафтумин солгарди “Рӯзи қабули Конститутсия”-ро ба кулли мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву тансиҳатиро хоҳонам.

Бигузор Конститутсия ҳамеша қудбнамо ва чароғи роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак ҳамватанони азиз!