Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 70 - умин солгарди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5 октября 2022 08:10

Количество просмотров: 2609

Имрӯз, 5 -уми октябр, Асосгузори сулҳу ваҳди миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 70 қадам ниҳоданд. Шуморо ба ин муносибат табрику таҳният гуфта ба Шумо Ҷаноби Олӣ тансиҳати ва рӯзгори осоиштаро таманно дорам.
Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи мардуми тоҷик ва тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Маҳз имрӯз зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар қаламрави кишвар дар марҳилаи нави инкишоф буда, хонандагони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тавонистаанд, ки борҳо ливои меҳанро болои сар бардоранд ва тоҷику Тоҷикистониро муаррифӣ намоянд. Пешвои миллат дар рӯзҳои аввали роҳбарияшон гуфта буданд: “Ман дар сиёсати худ соҳаи маорифи кишварро дар мадди аввал мегузорам”.

Баробари ба даст овардани истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некашон тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз самими қалб ба Шумо Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавоми саршор аз ҳаёт ва нерӯ, комёбию тамоми хушиҳои зиндагӣ, инчунин дар ҳама корҳоятон муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорад. Гуфтанием, ки аз доштани чунин як Пешвои маорифпарвар ва инсондӯст ифтихор менамоем.

Милоди накӯи умратон хуҷаста бод, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон