Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ.

26 июня 2020 01:06

Количество просмотров: 24498

 Ҳамватанони азиз! Бо боварии том метавон баён намуд, ки тули солҳои соҳибдавлатӣ зери сиёсати ваҳдатсолорӣ ва хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик  ваҳдатро неъмати бебаҳо ва муқаддас дониста, барои бақодориаш чораҳои муассири созанда рӯйи кор омаданд. Ин фурсати муносибро истифода намуда, шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати 23-юмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки оғози баҳамоӣ ва иттиҳоди ду ҷониби даргир буд самимона бо дарки масъулияти ватанпарастӣ муборакбод мегӯям.

   Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола мо бо шукуҳу шоҳомати хоса, дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсоси ифтихори баланд таҷлил менамоем. Мо тӯли ҳазорсоли баъди шикасти давлати Сомониён Истиқлолият ва давлат надоштем. Давлат, ки надоштем сиёсати давлатии ҳимоя аз тамомияти марзӣ ва сиёсати Ваҳдати миллиро низ аз даст дода будем. Ана ҳамин омил баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ миллати моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии ҳамватанӣ кашид. Миллат пароканда шуд, боварӣ ва этиқод аз байн рафт. Аввалин маротиба ибораи  талхи «гуреза» ва «гурезаҳо» ба сари миллат рехт. Хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нестшавии як миллати дорои  забон, фарҳанг, расму оин, анъана, абармардони оламшумул ва  нобиғаҳои нотакрор таҳдид мекард. Албата барои замондории чунин як давлат бо миллати сохти тафакураш мураккаб, сарваре лозим буд, ки рафтору гуфтор, забону кирдор, маърифату тинаташ миллӣ бошад ва барои барқарории сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. 

  Чунин шахси сарсупурдаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуд ва масъулияти идоракуниро бо қарори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши хеш гирифта, дар замони фоҷиабори миллату давлат бо эҳсоси баланди масъулият изҳор намуд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам». Даъват намуд, ки: «Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки  вазъиятро ором намоем». Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хизматҳояш дар назди халқу Ватан Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии «Қаҳрамони миллат» ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллатро муносибу сазовор ва лоиқ медонанд. Ҳақиқати комил он аст, ки дар дунё неъмате волотар аз сулҳ нест ва касе шубҳа надорад, ки роҳи наҷот аз ҳама хатару мусибат Ваҳдати миллӣ аст. Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодату бедорӣ ва худшиносии миллат мебошад. Бинобар ин вазифаи ҷонии ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос ва иродаи қавию хиради азалӣ дошта ва соҳибмаърифат аз он иборат аст, ки Ватанамон Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя намуда, онро азизу муқаддас шуморад. Боиси ифтихор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро бо пешниҳодҳои ҳадафноки ояндабинии Сарвари дурандеш ва хиради азалидошта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Яке аз чунин пешниҳодҳои арзишманд, ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид нодиртарин падида барои сайёра пазируфта шуд, Барномаи амал «Об - барои рушди устувор» солҳои 2018-2020» мебошад. 

  Зеро бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу субот расем, дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ҳиссаи сазовору муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу Ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Барои ин танҳо меҳнати аҳлона, садоқатмандона, бунёдкорию созандагиҳо, муттаҳидию якдигарфаҳмӣ моро ба  мақсадҳоямон мерасонад. Акнун бо ифтихор метавон гуфт, ки тифоқию ҳамдилии мардуми шарифи Тоҷикистон меваҳои шаҳдбору ширинро ба бор оварда истодааст. Ва мову шумо  ҳамдиёрони азиз, панде аз гузаштаи дури хешро дар мавриди баракати тифоқию ҳамдилӣ, арҷгузорӣ ва қадр намудани гузаштагон, эҳтирому самимиятро ба имрӯзиён дорем. Таърих ибратомӯз аст  ва Рӯзи Ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатогиҳои гузашта хулоса барорем ва имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем.

   Бори дигар дар ин лаҳзаҳои хотирмон ҳамаи шумо ҳамдиёрони азизро  ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни пуршукуҳамон Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, бароятон хушбахтию саломатӣ, руҳи болида, хотири ҷамъ, нияту мақсади нек баҳри ободии Ватани азизамон  таманно менамоям.