Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ТАҚДИМИ СИПОСНОМА БАРОИ САҲМГУЗОРӢ ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2 ноября 2020 11:11

Количество просмотров: 11759

   Тавре ҳамагон огоҳанд, 30-юми октябри соли ҷорӣ ба як қатор роҳбарони вазорату кумита, идораҳои давлатӣ ва шахсиятҳои ҷудогона, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу одилона баргузор гаштани маъракаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорҳои пурсамар доштанд, аз тарафи раёсати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
   Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм низ дар қатори дигар чеҳраҳои сиёсии кишвар бо Сипосномаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода барои нақши сазовор ва ҳамкории судманд ҷиҳати дар сатҳи баланд ва таъмин намудани шаффофият дар баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар матни он гуфта мешавад: “Ба Шумо ва кормандони соҳаи маориф барои ҳамкориҳои пурсамар дар гузаронидани маъракаи муҳимми сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, аз номи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос менамоем.
   Ҳамкориҳои беғаразона ва холисонаи Шумо ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффофу ошкоро ва ба таври демократӣ ҷараён гирифтани интихобот, ки кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст, хеле назаррас ва арзишманд мебошад.
Ба Шумо ва кормандони соҳаи маориф тансиҳатӣ, хонаободӣ ва барору комёбиҳои ҳамешагӣ таманно дорем.”
   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода таъкид дошт, ки Сипосномаи мазкур қадрдонии ҳар як корманди соҳаи маориф ва илм аст, ки дар баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзанда гузоштанд. Аз ин рӯ, месазад, ки ба тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф, хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони соҳа изҳори сипосу миннатдорӣ кард. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон