Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Сомонаи адиби баноми тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ фаъол шуд

31 января 2020 08:01

Количество просмотров: 26102

Муддатест сомонаи адиби маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ гардон аст. Тӯли ин муддат садҳо тан аз ҷумла ҳаводорони эҷодиёти адиб аз он дидан карданд ва китбҳояшро мутолиаву аз шарҳи ҳолат бохабар шуданд. Ин як сомонаи пурмуҳтавоест, ки ба муносибати ҷашни 80-солагии адиб бастагонаш фаъол намуданнд. Гуфта мешавад, ки сомона қаблан ҳам буд, вале онро дигарбора сохтанд, нав карданд, матолиби ҷолибу ҷадид ворид сохтанд. Акнун ин сомонаро шумо аз тариқи сомонаи Китобхонаи миллӣ низ бо ишора рӯйи БАҲРОМ ФИРӮЗ пайдо ва матолиби онро бихонед. 

  Боздидкунандагон дар ин саҳифа метавонанд бо шеъру сурудаҳо,ҳикояву достонҳо, очерку мақолаҳо ва пахши куллии маҷмўаи осори адиб, ки дар бедории рўҳӣ  ва маънавиёти иҷтимоии мардуми тоҷик аз масири омўзиш ва тарбияи насли китобхону фарҳангдўст саҳмгузор буд ва ҳаст, бо шунидани наворҳо аз мусоҳибаҳо, нишастҳои адабӣ , конфроннсҳои илмӣ -таҳқиқотӣ , бо шиносоии адабиёту фарҳанги муосир дар шакли Woқd, PDF ва AUDIO (савтӣ ) ва видео шиносо гарданд ва маводҳои дилхоҳашонро барои худ кашида гиранд.

  Дар ҳоли ҳозир бештари таълифоти нависанда, ки то имрўз дар рўзномаву маҷалла ва китобҳо нашр шудааст, дар шакли электронӣ  дар сомона ҷой дода шудаанд ва ё дар ҳоли омодаи нашранд. Вале баъзе навиштаҳо ва мақолоте, ки дар бойгонии нависанда маҳфуз буданд, онҳо низ дар ояндаи наздик дар ин сомона интишор хоҳанд гашт.       

  Ин саҳифа тавре бунёд гаштааст, ки хонандагон метавонанд ба куллӣ  аз ҳамаи маводҳои бахшҳои мавҷуда аз қабили «Асосӣ », «Зиндагинома», «Китобҳо», «Интишорот», аксҳо, назарҳо, филмҳо, мусиқӣ  истифода намоянд.

 Бахши «Китобҳо» – бахши хеле муҳим аст, ҳудуди беш аз сӣ  китобро доро буда, хонандагон барои дастраси васеътар бештари онҳоро метавонанд аз сомона кашида бигиранд ва дар дастгоҳҳои худ нигаҳ дошта баъдан бидуни интернет мутолиа намоянд.

  Саҳифаи тахассусии нависанда дар:

facebook   

youtube

Таҳияи Нигина Маҳмудова,

Шуъбаи адабиёт доир ба

фарҳанг ва ҳунар.

Маълумоти пурраи адиби маъруфи тоҷик дар сомонаи https://firuz.tj/tj/